Хазонрезҳо, шохаҳои хушк ва дигар боқимондаҳои растаниро набояд ба партов табдил дод. Тавассути коркарди дурусти онҳо метавон нурии гаронбаҳои органикӣ – компост (пору) ба даст овард, ки ҳосилхезии хокро беҳтар мекунад, барои нигоҳ доштани намӣ мусоидат менамояд ва нашъунамои хуби растаниҳоро таъмин месозад.
Компостсозӣ дар як вақт метавонад ду мушкилро бартараф намояд: кам кардани миқдори партовҳои органикӣ ва бозгардондани моддаҳои ғизоӣ ба хок.
Корро чӣ тавр бояд оғоз кард?
Дар марҳилаи аввал боқимондаҳои органикиро ҷамъоварӣ менамоем.
Барои компостсозӣ хазонбаргҳо, шохаҳои майда, алафу гиёҳ ва боқимондаҳои дигар растаниҳо мувофиқанд. Сипас, маводи ҷамъоваришударо аз назар гузаронида, санг, пораҳои хок, пластмасса, металл, шиша ва дигар ашёи сахтро ҷудо бояд кард. Инчунин, пора кардани шохаҳои калон ва ғафс тавсия мешавад. Маводи органикӣ чӣ қадар хурд бошад, ҳамон қадар зудтар таҷзия шуда, раванди компостсозӣ бо як маром сурат мегирад.
Барои компост чуқур чӣ хел омода карда мешавад?
Барои боғҳои мевадор метавон аз системаи иборат аз се чуқури компост истифода бурд, ки андозаи ҳар кадомаш тақрибан 12Ч4 метр бошад. Дар байни чуқурҳо гузоштани роҳрави паҳноияш тақрибан 1 метр тавсия мешавад. Ин ҷараёни кӯчонидан, омехтан ва нигоҳубини компостро осонтар менамояд.
Баргу шохаҳои майдашударо дар чуқурҳо қабат-қабат бояд ҷойгир кард. Дар ин раванд ба ҳам омехта кардани маводи сабзи сернам бо баргҳои хушк ва шохаҳои майдашуда муфид аст. Чунин омехтасозӣ ба дуруст гузаштани раванди таҷзия мусоидат мекунад.
Намӣ, ҳаво ва ҳарорат муҳиманд
Барои раванди компостсозӣ нигоҳ доштани намии кофӣ зарур аст. Компост набояд хушк шавад, вале аз ҳад зиёд намнок шудани он низ хуб нест. Гоҳ-гоҳ омехта ё чаппа кардани компост воридшавии ҳаворо таъмин намуда, ба таҷзияи якмароми моддаҳои органикӣ мусоидат мекунад.
Дар раванди фаъоли компостсозӣ ҳарорати дохили он метавонад то 50–65 дараҷа боло равад. Назорати ҳарорат барои арзёбии раванди компостсозӣ ва ҳолати компост имкон медиҳад.
Дар сурати нигоҳубини дуруст, компост вобаста ба таркиби мавод, намӣ, ҳарорат ва дигар шароит, одатан дар муҳлати 2–4 моҳ омода мешавад.
Чиро набояд илова кард?
Барои ба даст овардани нурии босифату бехатар, эътибор ба таркиби компост муҳим аст.
Илова кардани инҳо тавсия намешавад:
– пластмасса, металл ва шиша;
– моддаҳои кимиёвӣ ва партови маишӣ;
– боқимондаҳои растаниҳои бемор ё аз ҳашарот осебдида;
– маводи оташгиранда ва хокистар;
– дигар омехтаҳои бегона.
Роҳҳои истифода аз компост
Компости тайёр одатан ба худ ранги қаҳваранги тира гирифта, мулоим ва реза-реза мешавад ва ба машом бӯи хокро медиҳад. Аз он метавон барои ғизо додани дарахтон истифода бурд, бо хок омехта кард ё дар атрофи растанӣ пошид.
Нурии органикӣ сохтор ва ҳосилхезии хокро беҳтар намуда, қобилияти наминигоҳдории онро зиёд мекунад ва барои рушди микроорганизмҳои фоиданок шароити мусоид фароҳам меорад. Корбурди компост инчунин, эҳтиёҷро ба нуриҳои кимиёвӣ камтар намуда, барои истифодаи оқилонаи захираҳои органикии боғ мусоидат менамояд.
Қадами оддӣ ба сӯйи боғи экологӣ
Хазонбарг ва шохаҳои шикастаро насӯхта, онҳоро метавон дубора чун маводи фоидаовар ба табиат баргардонд. Компостсозӣ боқимондаҳои органикиро ба манбаи фоиданок табдил медиҳад, ки барои нигоҳ доштани ҳосилхезии хок ва кам кардани ҳаҷми партов хидмат менамояд.
Бо коркарди партови органикӣ мо ба хок, растанӣ ва муҳити зист ғамхорӣ мекунем, инчунин, барои боғи солиму устувор заминаи мустаҳкам фароҳам менамоем.
Хидмати матбуоти Кумитаи экология.