Ҳангоми шунидани суханронии Президент Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавӣ бахшида ба 35-солагии истиқлоли кишварамон, пеш аз ҳама, ҳамчун таърихшинос як ҳақиқатро дубора ба таври амиқ дарк кардам: барои имрӯзи миллатро идрок намудан, бояд гузаштаи онро бидонем ва барои бунёд намудани оянда, аз имкониятҳои имрӯза дуруст истифода намоем.
Дар суханронӣ таърихи сеҳазорсолаи давлатдорӣ ва тамаддуни Ӯзбекистон, давраҳои Ренессанси якум ва дуюм, орзуву ҳадафҳои алломаҳои бузург ва ниёи ҷадиди мо дар бораи озодӣ ва маърифат махсус таъкид гардид. Ин масъалаҳо ба зиммаи илми таърих ва олимони таърихшинос масъулияти бузург мегузоранд. Зеро омӯзиши таърих танҳо нақли воқеаҳои таърихӣ нест, балки бо сабақ гирифтан аз таҷрибаи ниёгон, ташаккул додани тафаккури миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ мебошад.
Барои камина боз як ҷанбаи муҳими суханронӣ зикри он буд, ки дар Тошканди Нав бинои нави бошукӯҳи Донишгоҳи миллии педагогии Ӯзбекистон ба номи Низомӣ ба истифода дода шуд. Фикр мекунам, ки ин танҳо як навсозии одӣ нест. Ин ифодаи амалии эътибори хос ба таълиму илм дар мамлакат ва арзёбии шоистаи низоми омодасозии кадрҳои педагогӣ мебошад.
Бахусус, ба сифати профессори таърих, ғояи дар оянда ба маркази илм, таълим ва фарҳанг табдил ёфтани Тошканди Навро муҳим арзёбӣ менамоям. Зеро биноҳои нав, кампусҳои муосир ва технология худ аз худ рушди кишварро таъмин намекунанд. Неруе, ки ба онҳо мазмун мебахшад, инсони заковатманд, устоди соҳибтаҷриба, донишҷӯи ҷӯё ва муҳити баланди илмӣ мебошад.
Имрӯз дар донишгоҳи мо низ доираи корҳое, ки ба ташаккули чунин муҳити наву шоён равона шудаанд, густариш меёбанд. Инфрасохтори муосири таълимӣ, самтҳои нави таҳсил, ҳамкориҳои байналмилалӣ, таваҷҷуҳ ба илму навоварӣ – ин ҳама ифодаи амалии дигаргуниҳои фарогирест, ки дар кишварамон ба амал меоянд.
Беҳуда нест, ки Президент зимни суханронӣ ба сармояи асосии рушди минбаъда табдил додани дониш ва сабақро чун Нахустин барномаи миллӣ муайян намуд. Ин вазифа, махсусан барои муассисаҳои таҳсилоти олии педагогӣ, бисёр муҳим аст. Зеро мо на танҳо донишҷӯи имрӯзаро таълим медиҳем, балки мутахассисонеро омода месозем, ки ба насли оянда таълиму тарбия хоҳанд дод.
Дар суханронӣ ба илму фан, технологияи муосир, зеҳни сунъӣ, индустрияи рақамӣ ва касбҳои оянда низ диққати махсус зоҳир гардид, ки ин худ низ тақозои замонро дар нисбати мо нишон медиҳад. Аммо новобаста аз рушди босуръати технология, хотираи таърихӣ, худшиносии миллӣ ва масунияти маънавии инсон ҳамеша аҳаммияти худро нигоҳ хоҳанд дошт. Ба ин маъно, илми таърих на мухолифи рушди муосир аст, балки яке аз пояҳои маънавии он ба шумор меравад.
Имрӯз дар мамлакати мо дар тамоми соҳаҳо – аз иқтисодиёт то таълим, тандурустӣ, шаҳрсозӣ, илму фан, рақамикунонӣ ва экология дигаргуниҳои бузург ба амал меоянд. Бунёди Тошканди Нав, мавриди истифода қарор гирифтани муассисаҳои муосири таълимӣ, васеъ гардидани имкониятҳо барои ҷавонон – ин ҳама марҳилаи нави раванди рушдеро, ки дар солҳои истиқлол ташаккул ёфтааст, таҷассум менамояд.
Ташаббуси «замони тараққиёти миллӣ», ки аз ҷониби Президент пешбарӣ гардид, фикр мекунам пеш аз ҳама, аз баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ ва маънавии инсон оғоз меёбад. Аз ин рӯ, вазифаи мо, профессорону омӯзгорон низ хеле мушаххас аст. Яъне мо набояд танҳо бо таълим ба ҷавонон кифоят кунем. Моро зарур аст, ки дар онҳо тафаккури таърихӣ, фикрронии мустақилона, эҳсоси масъулият дар назди тақдири Ватан ва барои ояндаро ташаккул диҳем.
Аз таърих медонем, ки дигаргуниҳои бузург дар як рӯз рух намедиҳанд. Онҳо бо меҳнат, дониш ва боварии наслҳо бунёд мешаванд. Имрӯз мо иштирокдорони бевоситаи чунин раванди таърихӣ ҳастем.
Аз ин лиҳоз, 35-умин солгарди иди Истиқлол на танҳо фурсати назар афкандан ба роҳи тайкарда, балки муддати муҳиме барои дарки масъулият дар назди наслҳои оянда мебошад. Имрӯз мо бо ҳар як қадаме, ки дар соҳаи таълим ва илму фан мегузорем, таърихи нави Ӯзбекистонро меофарем.
Ман ҳамчун профессор ва муаррих вазифаи масъулиятноктар аз инро тасаввур карда наметавонам: таърихи бузурги аз аҷдодон меросмондаро амиқ омӯхтан, онро ба ҷавонон холисона ва дар пояи илмӣ расонидан ва тавассути тарбияи насли донишманд дар рушди Ватан саҳм гузоштан.
Зеро чунон ки Президент таъкид кард, агар халқ ва давлат дар роҳи мақсади ягона муттаҳид шуда, аз таҳти дил ҳаракат кунанд, маррае нест, ки фатҳнашаванда бошад.
Ӯктам МАНСУРОВ,
профессори кафедраи таърихи Донишгоҳи миллии педагогии Ӯзбекистон ба номи Низомӣ, номзади илмҳои таърих.