Кӯчонидани идораҳои давлатӣ ба Тошканди нав оғоз шуд

Тибқи қарори Ҳукумат, идораҳои давлатӣ ва вазоратҳои пойтахт ба Тошканди нав кӯчонида мешаванд.

Биноҳое, ки дар маркази шаҳри кӯҳна холӣ мешаванд, тавассути музоядаҳои кушод ба фурӯш гузошта шудаанд.
То имрӯз 7 бинои калони маъмурӣ дар пойтахт ба маблағи умумии 868,8 миллиард сӯм фурӯхта шуда, ба ихтиёри соҳибони нав гузаштанд.
Кадом идораҳо суроғаи пешинаи худро тарк карданд?
Рӯйхати вазорату идораҳое, ки биноҳояшон ба фурӯш рафтааст:

1. Вазорати нақлиёт;
2. Вазорати варзиш;
3. Вазорати сохтмон ва хоҷагии коммуналии манзил;
4. Кумитаи роҳҳои автомобилгард;
5. Кумитаи рушди саноати абрешим ва пашм;
6. Агентии хизматрасониҳои давлатӣ;
7. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази хизматрасонӣ ба сайёҳон»-и назди Кумитаи сайёҳӣ.


Ҳоло боз 11 объект бо нархи ибтидоии умумии 1 095,8 миллиард сӯм ба савдо гузошта шудааст. Барои 20 объект бошад, корҳои омодагӣ пеш аз музояда босуръат идома доранд.
Тибқи нақша, дар маҷмӯъ 83 объекти ғайриманқул тавассути савдои кушод ба фурӯш бароварда мешаванд.
Дар маҷмӯъ, интизор меравад, ки дар Тошканди нав 150 мақомоти давлатӣ ва ташкилот ҷойгир карда шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: