Дар корхонаҳои ҷаҳон 5 миллион робот фаъолият дорад

Соли 2025 шумораи роботҳои саноатие, ки дар корхонаҳои ҷаҳон фаъолият мекунанд, ба сатҳи рекордӣ — 5 миллион адад расид.

Танҳо дар як сол беш аз 600 ҳазор роботи нав дар корхонаҳо насб шудааст, ки нисбат ба соли 2024 11 фоиз зиёд мебошад.
Аз шумораи роботҳои нави насбшуда 59 фоиз ба Чин рост меояд. Дар корхонаҳои ин кишвар 354 ҳазор робот ба кор дароварда шуд. Бори аввал дар Чин ҳиссаи истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар бозори дохилӣ аз ширкатҳои хориҷӣ бештар шуда, ба 55 фоиз расид.
ИМА соли 2025 аз Ҷопон пеш гузашта, аз рӯи шумораи роботҳои саноатӣ ба дуюмин бозори бузурги ҷаҳон табдил ёфт. Дар Ҳиндустон бошад, шумораи роботҳои насбшуда дар як сол 15 фоиз афзоиш ёфт.
Тибқи пешгӯии Федератсияи байналмилалии робототехника, соли 2026 дар ҷаҳон боз 655 ҳазор роботи нави саноатӣ насб карда мешавад. Ин нишондиҳанда то соли 2029 метавонад ба 806 ҳазор адад дар як сол расад.
Ба гуфтаи мутахассисон, норасоии қувваи корӣ, наздик кардани истеҳсолот ба бозорҳои истеъмолӣ ва рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ, биниши мошинӣ ва сенсорҳо аз омилҳои асосии густариши роботсозӣ ба шумор мераванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: