Дар Ҷиззах маконҳои нави давраи санг ва петроглифҳо кашф шуданд

Дар як қатор ҳудудҳои ноҳияи Зомин ёдгориҳои нави бостоншиносии марбут ба давраи санг ва маҷмуаи нави нақшҳои рӯисангӣ — петроглифҳо кашф шуданд.

Хадамоти иттилоотии Агентии мероси фарҳангии Ӯзбекистон  хабар медиҳад, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ кормандони Агентии мероси фарҳангӣ ва Институти бостоншиносии Самарқанд ба номи Я. Ғуломов дар ҳудуди ноҳияҳои Зомин ва Шароф Рашидов корҳои ҷустуҷӯиву таҳқиқоти бостоншиносӣ анҷом доданд.
Дар рафти таҳқиқот дар як қатор ҳудудҳои ноҳияи Зомин ёдгориҳои нави марбут ба давраи санг муайян карда шуданд. Тибқи маълумоти ибтидоӣ, дар қисми шарқии деҳаи Аччӣ маконҳои давраи палеолит, дар деҳаи Пешагор бошад, маконҳои давраи неолит ба қайд гирифта шуданд.
Ҳамчунин, дар қисми ғарбии деҳаи Аччӣ ва ҳудуди деҳаи Арҷа бозёфтгоҳҳои марбут ба давраи неолит муайян гардиданд.
Ба арзёбии ибтидоии мутахассисон, дар як ҳудуд муайян шудани ёдгориҳои марбут ба давраҳои палеолит ва неолит аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷамоаҳои қадим дар воҳаи Зомин ва ин қисми қаторкӯҳи Туркистон дар давраҳои гуногуни таърихӣ муддати тӯлонӣ сукунат доштаанд.
Бозёфтҳои нав метавонанд ҳамчун манбаи муҳими илмӣ барои омӯзиши паҳншавии ҷамоаҳои давраи санг, муҳити зист ва фаъолияти хоҷагидории онҳо хидмат кунанд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи Равоти ноҳияи Шароф Рашидов, дар соҳили чапи Равотсой, маҷмуаи нави нақшҳои рӯисангӣ низ кашф гардид.
Дар рӯйи ҳафт санги сланец дар маҷмӯъ тақрибан 30 петроглиф ба қайд гирифта шуд. Дар байни онҳо тасвирҳои шикорчӣ, бузи кӯҳӣ, чорво, саг, аломати офтобмонанд ва шикорчие, ки аз камон тир меандозад, мавҷуданд.
Тибқи таҳлилҳои ибтидоӣ, ин петроглифҳо ба давраҳои аз асри биринҷӣ то ибтидои асрҳои миёна тааллуқ доранд.
Ёдгориҳои нави бостоншиносӣ ва петроглифҳои кашфшуда барои омӯзиши таърихи қадими воҳаи Ҷиззах ва қаторкӯҳи Туркистон, аз ҷумла тарзи зиндагӣ, паҳншавӣ ва равандҳои фарҳангии ҷамоаҳои қадимии ин минтақа, аҳамияти муҳим доранд.
Дар оянда дар ин ёдгориҳо гузаронидани таҳқиқоти васеи бостоншиносӣ, муайян кардани давраи пайдоиши бозёфтҳо, ҳуҷҷатгузории илмӣ ва омӯзиши амиқи аҳамияти таърихию фарҳангии онҳо ба нақша гирифта шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: