Олимон бори аввал сигнали радиоии сайёраеро дар масофаи 63 соли рӯшноӣ сабт карданд

Олимон бори аввал тавонистанд сигнали радиоиро, ки аз сайёраи беруни Системаи Офтоб меояд, мустақиман сабт кунанд.

Сухан дар бораи сайёраи газии азим — Beta Pictoris b меравад, ки дар масофаи 63 соли рӯшноӣ аз Замин ҷойгир буда, массааш қариб 10 баробар аз массаи Муштарӣ бештар аст.
Сигналро муҳаққиқони донишгоҳҳои Ҳарвард ва Орегон бо истифода аз шабакаи радиотелескопҳо дар Африқои Ҷанубӣ ошкор карданд. Онҳо муайян намуданд, ки манбаи сигнал худи сайёра аст, на ситораи он.
Муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки ин сигнал паёме аз мавҷудоти берун аз Замин нест. Beta Pictoris b сайёраи газӣ буда, сатҳи сахт надорад ва шароити он барои ҳаёт дар шакле, ки мо мешиносем, мувофиқ нест.
Аҳамияти асосии ин кашфиёт дар он аст, ки олимон тавонистанд манбаи радионурфишониро дақиқ муайян карда, онро мустақиман ба худи экзосайёра нисбат диҳанд. Барои ин муҳаққиқон аз квазарҳои дурдаст ҳамчун «нуқтаҳои такягоҳ» истифода кардаанд.
Бо таҳлили хусусиятҳои сигнал онҳо инчунин тавонистанд қувваи майдони магнитии сайёраро мустақиман муайян кунанд. Ин аввалин чунин ченкунӣ барои як экзосайёра ба ҳисоб меравад.
Beta Pictoris b дар атрофи меҳвари худ хеле босуръат давр мезанад. Як шабонарӯзи он ҳамагӣ 8–9 соат давом мекунад. Ба гуфтаи муҳаққиқон, гардиши босуръати сайёра метавонад бо ташаккули майдони магнитии пурқуввати он алоқаманд бошад.
Олимон ният доранд, ки ин усулро барои омӯзиши ҳафт сайёраи азими дигар дар низомҳои ситорагии наздик низ истифода баранд. Ба гуфтаи онҳо, ин метавонад барои омӯзиши майдонҳои магнитии экзосайёраҳо ва хусусиятҳои онҳо имкониятҳои нав фароҳам оварад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: