Дар метрои Тошканд бори аввал дар як рӯз ба беш аз 1,2 миллион мусофир хизмат расонида шуд. Дар ин бора хадамоти иттилоотии метрополитен хабар дод.
Гуфта мешавад, 28 сентябр аз хизматрасонии метро дар маҷмӯъ 1 миллиону 200 ҳазору 124 нафар истифода кардаанд. Ин баландтарин нишондиҳандаи рӯзона дар таърихи метрои пойтахт ба ҳисоб меравад.
Ба муносибати ин натиҷа бо иштироки масъулони метрополитен барои муайян кардани мусофири 1 миллиону 200-ҳазорум чорабинии махсус баргузор шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ мусофири 1 миллиону 200-ҳазорум муайян гардида, ба ӯ аз номи кормандони метрополитен туҳфаи хотиравӣ ва корти махсуси нақлиётӣ тақдим шуд. Ин корт ба ӯ имкон медиҳад, ки дар давоми як сол аз нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон истифода барад.
Ба гуфтаи хадамоти иттилоотии метрополитен, ин нишондиҳанда аз афзоиши талаботи сокинон ва меҳмонони пойтахт ба хизматрасонии метро шаҳодат медиҳад.