Мо – калонсолон барои умри тайкардаамон, аввалан шукрона бояд гӯем, то ки парвардигор баракоти ҳаёти моро афзун созад. Даврони куҳансолӣ ронда, ҳаёти тайкардаамро ба шумо – ҳаводорони рӯзнома нақл карданиам.
Мақсад аз ин тарғиби донишомӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳамқадами мардум будан аст. Ҳафтод сол муқаддам дар оилаи деҳқони пахтакор баъди вафоти пай дар паи чор писар дар бадали 15 сол ман ба дунё омадаам. Акаҳои ман дар синни 2, 4, 5, 7 солагӣ вафот кардаанд. Бинобар ин падару модарам сари маро ба якчанд мазору қадамҷой ниёз карда, парвариш намудаанд.
Камина бачаи бениҳоят шӯх, якрав калон шудаам. Ба рафторҳои ман падару модарам танбеҳ намедодаанд. Барояшон сиҳату саломат ба воя расиданам муҳим буд.
Қиблагоҳам доим мегуфтанд, ки як вақтҳо ман дар мадраса каме хонда онро партофта, бесавод мондаам, ту бошӣ хон, духтур ё ки муаллим шав. Ман дар мактаб хубу аъло хонам ҳам, барои рафтору кирдорҳоям ҳамеша аз муаллимон танбеҳ мегирифтам. Дар маҷлисҳо маро танқид мекарданд.
Баъди дарс мо – бачаҳои деҳа гӯсфандбонӣ мекардем, аз пахтазор алаф канда ба хона меовардем. Ана ҳамин хел ман синфи ҳаштумро тамом кардаму соҳиби гувоҳномаи маълумоти миёнаи нопурра гаштам. Ҳангоми супоридани гувоҳнома директори мактаб маслиҳат дод, ки ба ягон ПТУ (омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ) дохил шуда ҳунареро аз худ кунам. Он солҳо ба ПТУ асосан хонандагони донишашон паст фиристонда мешуд. Ҳол он ки дар гувоҳномаи ман баҳои «се» набуд, ҳам ғайричашмдошт ахлоқам «қаноатбахш» навишта шуда буд.
Ман ба хона омада ҳуҷҷатҳоямро соз карда, ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳр, ки аз хонаи мо дувоздаҳ километр дур буд, супурдам. Аз фанҳои алгебра ва забони модарӣ имтиҳонҳои дохилшавиро бо баҳои хубу аъло супорида ба омӯзишгоҳ дохил шудам. Мо талабагони омӯзишгоҳ аз ноҳияҳои гуногун омада будем, ин ҷо рафиқу дӯстони нав пайдо кардем, рафтору кирдорам тамоман тағйир ёфт. Дар муддати кӯтоҳ ба донишҷӯйи пешқадам табдил ёфтам ва чор сол сардори гурӯҳ интихоб шудам. Аз бист нафари гурӯҳ ба 17-18 нафар стипендия медоданд, ман аз стипендияи донишҷӯён дусӯмӣ ҷамъ карда, ба он ду-се нафар донишҷӯйи стипендия намегирифтагӣ тақсим карда медодам. Ин боиси меҳру рафоқати байни донишҷӯёни гурӯҳ гардида буд.
Азбаски хубу аъло мехондам, ду-се бор муаллими фанни алгебра маро ба синфи донишҷӯёни соли сеюм бурда, ҳалли масъалаҳое, ки онҳо иҷро карда натавонистаанд, ба ман фармуда буд.
Боре рост омад, ки ба донишҷӯёни соли дуюми гурӯҳи русӣ дарси физикаро гузарам, зеро муаллими физика кори таъҷилӣ дошта, бо розигии мудири қисми илмӣ ин корро бо ман фармуда буд.
Баъди чор соли хониш дар омӯзишгоҳ ва гирифтани дипломи муаллими синфҳои ибтидоӣ, бояд ман бо роҳхат ба ягон мактаб ба кор мерафтам, аммо ман худро ба сохтмони зарбдори комсомолӣ задам. Он солҳо ин гуна сохтмонҳо обруманд буданд. Дар ин сохтмон як сол сардори бригадаи бетончиён будам.
Пайваста ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи ғоибонаи факултети таърихи донишкадаи педагогӣ супурдам. Баъди кори сохтмон ба хидмати ҳарбӣ даъват шудам.
Сохтмони зарбдор ва ду соли хидмати ҳарбӣ барои ман мактаби калони ҳаётӣ гардид, зеро ман бо одамон кор кардан, ба дили онҳо роҳ ёфтанро омӯхтам, бо ҷавонони миллатҳои гунонгун дӯстӣ ва ҳамкорӣ кардам. Дар хидмати ҳарбӣ аз он ки забони русиро хуб медонистам, дар машғулотҳои сиёсӣ пешқадам будам, ин маро барои хидмат кардан ба шуъбаи сиёсии қисмҳои ҳарбии инженерӣ овард. Аз сабаби он ки пеш аз хидмати ҳарбӣ оиладор шуда будам, командиру афсарон ба ман ҳамчун бо одами ҳаётдида муносибат мекарданд.
Баъди хидмати ҳарбӣ ба мактабе, ки хондааму тарбия гирифта будам, муаллими синфҳои ибтидоӣ ва география (муаллим намерасид) шуда ба кор омадам. Акнун ман бо он устодоне, ки «азобашон дода будам», якҷоя кор мекардам. Онҳо аз тағйир ёфтани ман хурсанд буданд.
Баъди як солу се моҳи кор дар мактаб манро ба кори комсомол таклиф карданд. Се сол дар ташкилотҳои хоҷагии қишлоқ котиб шудам.
Ҷавононро бо роҳхати комсомол ба омӯзишгоҳҳои шаҳрҳои Русия барои соҳиби касбу ҳунар шудан ба хондан мебурдам. Сипас даҳ сол дар идораҳои ҳизбии ноҳия дар вазифаҳои масъул кор кардам. Аз соли 1992 то ба нафақа баромадан (соли 2016) дар мактабҳо бо касби омӯзгорӣ машғул шудам. Шогирдонам доктори фан, профессор, ходими давлатию ҳукуматӣ, хидматчии ҳарбӣ, роҳбари ноҳия шуда кор мекунанд, ки бо онҳо мефахрам. Солҳои ҳаштодуми асри гузашта китоби адиби тоҷик Баҳром Сирусро хондам, маълум шуд, ки ин адиб аслан зодаи Эрон будаасту дар Душанбе зиндагӣ доштааст ва баъди синни аз панҷоҳ гузаштан ба эҷоди адабӣ даст зада будааст, ба ин шахси мӯътабар ҳавасам омада буд.
Тасодуфро бинед, ки баъди ба нафақа баромаданам дар ман ҳам фикри эҷод кардан пайдо шуду рисолаҳои хурдҳаҷмро бо номҳои «Се адиби як деҳа», «Андешаҳои ҳаётӣ», «Роҳи ҳаёт», «Воқеаҳои ҳаёт», «Ҷовидон», «Панди бузургон», «Нури ҳаёт»-ро офарида, пешкаши китобхонон кардам ва ният дорам ин корро давом диҳам.
Муштарии арҷманд, ин сатрҳоро ташаккули маънавии як навраси замоне шӯху сабук бипазиред. Дар ин рӯзҳо аз ба забон овардани шоири ширинкалом Лоиқ хушам меояд:
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама
ширину талх,
Шукр гӯям зиндагиро бо ҳама
неку бадаш.
Шукр гӯям қисматамро бо ҳар
он чӣ ҳасту нест,
Шукр гӯям бахтро бо омаду
ноомадаш.
Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Чусти
вилояти Намангон.