Имрӯз, 30 сентябр, қабули аризаҳо барои иштирок дар аттестатсияи навбатии ҳатмӣ ва ғайринавбатии омӯзгорон ба анҷом мерасад.
Аризаҳоро бо роҳҳои зерин пешниҳод кардан мумкин аст:
- Тавассути платформа: аз тариқи сомонаи Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон — pedagog.uzedu.uz. Барои ин ба кабинети шахсӣ тавассути низоми One ID ворид шудан зарур аст.
- Тавассути портал: аз тариқи Портали ягонаи интерактивии хизматрасониҳои давлатӣ — my.gov.uz.
- Шахсан: бо муроҷиат ба марказҳои хизматрасонии давлатӣ.
Марҳилаҳои аттестатсия:
- Август–сентябр — қабули муроҷиатҳо (аризаҳо);
- Октябр–ноябр — гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ (тестӣ);
- Декабр — супоридани сертификатҳо.
Омӯзгороне, ки дар аттестатсия иштирок мекунанд, метавонанд дар сомонаи www.sinovtest.uz бо намунаҳои тестҳо шинос шаванд.
Саволҳои иловагиро метавон ба боти Telegram — @uztdibot ирсол кард.