Муътадил нигоҳ доштани фишори артериявӣ метавонад раванди осеб дидани рагҳои майдаи мағзи сарро суст кунад.
Олимони Маркази илмии тандурустии Донишгоҳи Техаси Сан-Антонио пас аз таҳлили дубораи маълумоти таҳқиқоти SPRINT, ки дар ИМА гузаронида шудааст, ба чунин хулоса омадаанд. Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи eClinicalMedicine нашр шудааст.
Бемории рагҳои майдаи мағзи сар ба хурдтарин рагҳои хунгард ва бофтаҳои атрофи онҳо таъсир мерасонад. Бо гузашти вақт ин тағйирот метавонад ба сактаи мағзӣ, коҳиши қобилияти маърифатӣ ва деменсия иртибот дошта бошад. Чунин равандҳо одатан тадриҷан инкишоф ёфта, дар марҳилаҳои аввал метавонанд бе нишона бошанд.
Олимон натиҷаҳои ташхиси томографияи магнитӣ-резонансии иштирокчиёни таҳқиқоти SPRINT-ро, ки бо фосилаи тақрибан чор сол гузаронида шудаанд, муқоиса карданд. Дар ҷараёни таҳлил як қатор нишондиҳандаҳо, аз ҷумла осеби моддаи сафеди мағзи сар ва тағйироти бофтаҳои атрофи рагҳои майда, арзёбӣ шуданд.
Дар таҳқиқот шахсони аз 50-сола боло, ки фишори баланди артериявӣ ва хатари бемориҳои дилу рагҳо доштанд, иштирок карданд. Онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Дар гурӯҳи аввал ҳадаф нигоҳ доштани фишори систоликӣ дар сатҳи камтар аз 120 миллиметри сутуни симоб ва дар гурӯҳи дуюм — камтар аз 140 миллиметри сутуни симоб буд.
Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар иштирокчиёне, ки фишори хунашон ба сатҳи пасттар равона карда шуда буд, нишонаҳои осеби рагҳои майдаи мағзи сар 16,9 дарсад сусттар инкишоф ёфтаанд.
Таҳлилҳои иловагӣ низ нишон доданд, ки байни коҳиши воқеии фишори хун ва сусттар ҷамъ шудани тағйироти мағзи сар робита вуҷуд дорад. Дар муқоиса бо иштирокчиёне, ки фишори хунашон баландтар буд, коҳиши фишори систоликӣ ба андозаи 10 миллиметри сутуни симоб бо 21,2 дарсад кам шудани суръати инкишофи чунин тағйирот алоқаманд будааст. Ҳангоми коҳиши фишор ба андозаи 10–20 миллиметр ин нишондиҳанда 26,3 дарсад ва ҳангоми коҳиши ҳадди ақал 20 миллиметр — 39,4 дарсадро ташкил додааст.
Ҳамзамон, муаллифони таҳқиқот таъкид мекунанд, ки ин рақамҳо маънои аз байн рафтани осебҳои қаблан дар мағзи сар мавҷудбударо надоранд. Сухан дар бораи он меравад, ки тағйироти нави дар ташхиси МРТ ошкоршаванда минбаъд сусттар ҷамъ мешаванд.
Ба гуфтаи олимон, натиҷаҳои таҳқиқот робитаи назорати фишори артериявӣ бо ҳолати рагҳои майдаи мағзи сарро тақвият медиҳанд. Аммо дар таҳқиқот ҳамаи гурӯҳҳои беморони гирифтори гипертония фаро гирифта нашудаанд. Аз ин рӯ, натиҷаҳои бадастомадаро наметавон бидуни маҳдудият ба ҳамаи беморони дорои дигар бемориҳо татбиқ кард.