Бо ташаббуси Раёсати таълими касбии вилояти Фарғона ҳамасола ба муносибати 1 октябр — Рӯзи омӯзгор ва мураббиён баргузории ҳафтаи «Эъзози устодон» ба як анъанаи нек табдил ёфтааст.
Ҳамчунин, ба муносибати ин санаи муборак дар ҳамаи муассисаҳои таълимии вилоят «Вохӯрии се насл» баргузор шуда, миёни собиқадорони соҳа, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва устоҳои таълими истеҳсолӣ бо ҷавонон суҳбату мулоқотҳои рӯ ба рӯ доир мешаванд.
Дар доираи чорабиниҳои имсола низ собиқадорони соҳа, ки солҳои зиёд дар ин самт меҳнат кардаанд, бевосита аёдат карда мешаванд. Ҳамзамон, дар муассисаҳои таълимӣ мулоқотҳои рӯ ба рӯ баргузор мегарданд.
Аз ҷумла, дар доираи Ҳафта роҳбари Раёсати таълими касбии вилояти Фарғона Тӯйчибой Бойматов ба хонаҳои устодони собиқадор дар ноҳияҳои Ӯзбекистон ва Бешариқ рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо хабар гирифт.
— Зиёда аз 40 сол дар соҳаи маориф фаъолият кардам ва касби омӯзгорӣ ба мазмуни ҳаёти ман табдил ёфта буд, — мегӯяд Муҳаббатхон Салимова, сокини ноҳияи Ӯзбекистон. — Аз ин рӯ, имрӯз ҳам ба чорабиниҳои идона ва мулоқотҳое, ки дар даргоҳи азиз баргузор мешаванд, зуд-зуд меравам. Аз фароҳам овардани шароити муосир барои насли наврас ҷиҳати донишомӯзӣ ва касбомӯзӣ хурсанд мешавам.
Имрӯз дар иҳотаи фарзандону наберагон ва шогирдон рӯзгори худро сипарӣ карда истодаем. Чунин таваҷҷуҳ ва қадрдонӣ ҳамеша қалби мо — калонсолонро саршор аз шодӣ мегардонад. Чунин ташаббусҳои нек, ки ба қадршиносӣ ва эҳтироми устодон равона шудаанд, барои таҳкими меҳру муҳаббат миёни наслҳо ва анъанаи устодию шогирдӣ саҳми муҳим мегузоранд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар 67 техникуми вилояти Фарғона қариб 60 ҳазор нафар ҷавон дар беш аз 160 касбу ихтисос таҳсил мекунанд.
Ҳамзамон, дар 53 техникуми вилоят бар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ низоми таҳсили дуалӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба ҷавонон имкон медиҳад ҳамзамон таҳсил кунанд ва кор намоянд.
Дар ин муассисаҳои таълимӣ 11,5 ҳазор нафар писарону духтарон аз рӯйи 38 касбу ихтисосе, ки дар бозори меҳнат талабот доранд, таҳсил мекунанд. Ҳамчунин, дар 6 техникум аз рӯйи 11 касбу ихтисос 530 нафар хонанда бар асоси барномаҳои байналмилалии таълимӣ таҳсил менамояд.
Ботир МАДИЁРОВ, «Халқ сўзи»