Иқомати миллату қавмҳои зиёд дар Ӯзбекистон аз сармояҳои беҳтарини мамлакат ба шумор меравад ва ин масъала бахусус, дар даврони Ӯзбекистони Нав мазмуну муҳтавои тоза касб намуда, дар маркази диққати сиёсати дохилии ҷумҳурӣ қарор дорад.
Маҳз дар доираи ташаббусҳои созанда дар ин самт, дирӯз дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон зери шиори «Ӯзбекистон – Ватани ягона» анҷумани байналхалқӣ оғоз ёфт.
Анҷуман аз пойтахт, аниқтараш аз Вокзали ҷанубии роҳи оҳан шурӯъ гардид, ки зери ҳавои суруду рақс ва таронаҳои халқҳои гуногун «Корвони дӯстӣ» дар «Поезди дӯстӣ» ба самти Нуқус роҳ пеш гирифт. Қатор субҳи сешанбе ба маркази Қароқалпоқистон расид ва дар ин ҷо роҳбарони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва дигар ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ, марказҳои милливу фарҳангӣ онро пешвоз гирифтанд.
Аз Тошканд намояндагони марказҳои милливу фарҳангии сатҳи ҷумҳурӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ сафарбар шуда, дар роҳ аз дигар вилоятҳо ба онҳо ҳамкасбон пайвастанд ва дар натиҷа вакилони бештар аз 150 маркази фарҳангии қавмҳои мухталиф ба Нуқус расиданд.
Маҳз дар Нуқус барпо шудани чунин анҷуман аз сафари Президенти кишвар ба минтақа, ки чанде пеш анҷом ёфт, маншаъ мегирад. Маҳз зимни ташриф, дар ин ҷо баргузор намудани ҳамчунин ҳамоиш зикр шуда буд. Гузашта аз ин, дар Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» низ мусолиҳаи миллӣ, баробарии бархурдории қавмҳо аз қонунҳои ҷорӣ дар мамлакат аз муҳимтарин нуктаҳо зикр гаштааст.
Пас аз истиқболи тантанавори меҳмонон дар вокзали марказии роҳи оҳани Нуқус, дар маҷмааи «Оқ қуш» нишасти асосии анҷуман оғоз ёфт. Меҳмонон аввал аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии миллатҳои маскуни диёр дидан намуданд.
Раиси Ҷоқорғи Кенгеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Аманбай Оринбаев изҳор намуд, ки ҳоло дар Қароқалпоқистон намояндагони миллат ва динҳои гуногун ба сар мебаранд ва барои онҳо шароити ногузири маданӣ ва таълимӣ фароҳам оварда шудааст.
Маълум мегардад, ки дар ҷумҳурӣ ба панҷ забон – қароқалпоқӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, туркманӣ ва русӣ таълими зинаи миёна роҳандозӣ шудааст.
– 30 сол аст, ки дар мактаби рақами 23-юми ноҳияи Хуҷайлии Қароқалпоқистон, ки таълим қазоқӣ аст, кор мекунам ва ҳоло директори ин даргоҳи таълим ҳастам, – мегӯяд Клара Қазоқбоева. – Алҳол дар мактаб 194 нафар таҳсил мекунад. Чанд чанд сол аст, ки ба қароқалпоқӣ низ таълим роҳандозӣ шуд ва ин барои аҳли маҳал имконияти иловагӣ фароҳам овард.
Раиси Кумитаи масъалаҳои ҳамватанони хориҷӣ ва муносибатҳои байнимиллӣ Қаҳрамон Сариев меҳмонони хориҷиро аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбойҷон хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки ҳоло на танҳо фазои байнимиллӣ дар дохил, балки робита бо кишварҳои ҳамсоя низ ранги дигар гирифта, ба некҳамсоягӣ ва равобити дӯстонаву хайрхоҳона бартарият дода мешавад.
Анҷуман дар кори шуъбавии худ бо масъалаҳои таъмини сиёсати давлат дар ҷиҳати ҳамбастагии халқҳо, натиҷаҳои амалӣ ва нақшаҳои он идома дод.
Дар зимн видеофилм бахшида ба муносибатҳои байни миллатҳо дар ҷумҳурӣ намоиш дода шуд, ки дар он вазъи масъалаи мазкур дар Ӯзбекистони Нав ва боз ҳам рушду равнақ ёфтани ҳаёти фарҳангӣ ва таҳсиливу таълимӣ, ҳаёти иҷтимоии қавмҳои мухталифи маскуни ҷумҳурӣ талқин гардид.
Дар баромади меҳмонони хориҷӣ Иброҳим Абдуллозода, муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити маданӣ бо кишварҳои хориҷӣ, гуфт, ки ҳоло на танҳо ташкилоту созмонҳои давлатӣ, балки байни ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳои доманадор роҳандозӣ гаштаанд, ки ин ба дипломатияи фарҳангӣ ва қарин гардидани мардумон мусоидат менамояд ва аз ин боис дар ин замина корҳои байни шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ бояд вусъат пайдо намояд.
Дар поёни барномаи рӯзи аввал раисони марказҳои милливу фарҳангии минтақаҳои гуногуни кишвар дар бораи таҷрибаву ҳамкориҳои худ гузориш доданд, ки омӯхтаниву ибратпазир буданд.
Имрӯз, рӯзи чоршанбе чорабиниҳои анҷуман тибқи барнома идома ёфт, ки дар ин бобат дар шумораи ояндаи «Овози тоҷик» хабар хоҳем дод.
Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Нуқус, ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН.
Аксбардор: муаллиф.