Рӯзи якшанбеи гузашта дар маҷмааи таърихию этнографии «Шаҳри Абадӣ» 46-умин Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот ба поён расид.
Дар давоми даҳ рӯз таваҷҷуҳи миллионҳо нафар мухлисони ин бозии куҳан, вале шавқовару хотирмон ба шаҳри бостонии Самарқанд нигаронида шуда буд. Дар ин мусобиқа шатранҷбозони пурмаҳорату соҳибунвон аз 200 кишвари ҷаҳон барои пирӯзӣ бар сари тахтаи 64-катакдор бо ҳаяҷон ва масъулияти баланд мӯҳра ронда, кӯшиш ба харҷ доданд, ки ба шоҳсуфаҳои баланд бароянд.
Боиси хушнудист, ки дастаи мунтахаби мардонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромади муваффақона нишон дода, ба қуллаи пирӯзӣ расид. «Муҳорибаҳои шадид» дар рӯи тахтаи шоҳмот бо дастаҳои Ҳиндустон, Чин, Арманистон, Венгрия, Амрико бо ғалабаи шатранҷбозони Ӯзбекистон анҷом ёфтанд. Танҳо як маротиба дастаи Ӯзбекистон аз дастаи яккачини Олмон шикаст хӯрд.
Дар ин дастоварди таърихӣ гроссмейстерҳои байналхалқӣ Ҷавоҳир Синдоров, Нодирбек Абдусатторов, Шамсиддин Воҳидов, Нодирбек Яъқуббоев ва Муҳиддин Мадаминов саҳми арзанда гузоштанд. Капитан ва мураббии дастаи мунтахаби Ӯзбекистон, собиқ чемпиони ҷаҳон Рустам Қосимҷонов низ таҷрибаи ғании худро ба дастпарварони ҷавону умедбахш омӯхт.
– Комёбиҳои беназир бо дастгирии сарвари давлатамон амалӣ гашт, – гуфт дар вохӯрӣ бо вакилони расонаҳои ахбор даъвогар ба чемпионии ҷаҳон Ҷавоҳир Синдоров, – ҳоло дар пеш вохӯрӣ бо чемпиони ҷаҳон Гугеш ва сафар ба Швейтсария дар назар аст.
Ӯ таъкид кард, ки дастаи Ӯзбекистон қаблан дар Ченнай (Ҳиндустон) ғолиби Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот шуда буд ва соли 2024 дар Маҷористон медалҳои биринҷиро ба даст оварда будем.
Ниҳоят, имрӯз боз медалҳои тиллоиро гирифтан насиб гардид ва мадҳияи кишварамон танинандозу парчами давлатамон парафшон гардид.
Президенти мамлакат ба мо табрикнома ирсол намуданд, ки хурсандии мо интиҳо надорад. Ҳоло ният дорам, ки ба унвони чемпиони ҷаҳон соҳиб шавам ва бо ин комёбӣ Президенти кишвари азизамон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва тамоми дӯстдорони шатранҷро шод гардонам.
Пирӯзии шатранҷбозони Ӯзбекистон дар Самарқанд на танҳо як дастоварди бузургӣ варзишӣ, балки саҳифаи нав дар таърихи шатранҷи кишвар гардид.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.