Дар рӯзномаи «Овози тоҷик» (23.09.2026. №75) мақолаи омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 49-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах Қурбон Маҳкамовро хонда, ҳамчун омӯзгор ва падар бетафовут мондан душвор аст. Воқеан, дар дасти шогирдон ва кӯдакони худ дидани китобҳои дарсии фарсуда, дарида ва солҳо истифодашуда аламовар аст.
Қ. Маҳкамов менависад: «Дар вақти дарс аз ин китобҳои куҳна истифода мебарем. Барои аз худ намудани дарс ба хонандагон гоҳо мушкилиҳо пеш меояд».
Албатта, чунин ҳолро дида, савол ба миён меояд, ки чаро чунин мушкилот ба чашм мерасад? Барои чӣ донишомӯзони синфҳои ибтидоӣ, ки маҳз дар ҳамин давра бояд ба китоб меҳру муҳаббат пайдо кунанд, аз китобҳои фарсуда истифода мебаранд?
Сад афсӯс, ки алҳол танҳо як ё ду мактаб аз норасоии китобҳои дарсӣ азият намекашанд. Ин мушкилест, ки садҳо мактабро фаро гирифтааст. Ҳар сол дар оғози соли таҳсил як саҳна такрор мешавад: омӯзгорону масъулони китобхона барои ҷамъоварӣ ва дастрас намудани китобҳои зарурӣ талош мекунанд. Баъзан китобдорон аз як мактаб ба мактаби дигар рафта, китоб меҷӯянд. Ва дар аксар маврид, бо дасти холӣ, ноумед бармегарданд. Агар чанд дона китоб ёбанд ҳам, ҳама даридаву фарсудаву рангпарида аст.
Чун омӯзгори соҳиби собиқаи чандсолаи педагогӣ метавонам гуфт, ки агар хонанда дар даст китоби дарсӣ надошта бошад ё китоб бошаду барои истифода номувофиқ бошад, аз худ кардани мавзӯъ ва иҷрои вазифаҳои таълимӣ низ душвор мегардад. Бахусус, барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ китоб танҳо як воситаи таълим нест. Балки ҳамсафари аввалини кӯдак дар ҷаҳони дониш аст. Кӯдаке, ки китоби тоза, фаҳмо, зебо ва мувофиқи синну соли худро ба даст мегирад, ба мутолиа бештар шавқ пайдо мекунад.
Бинобар ин, дар баробари масъалаи таъминоти китоб, муҳтавои китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ низ бояд пайваста такмил ёбад.
Зимни изҳори мулоҳиза дар бораи низоми таълими томактабӣ ва мактабӣ, наметавон он ҳама ислоҳоти густурдаро, ки тӯли солҳои охир таҳти ташаббуси Сарвари давлат дар ин самт амалӣ шуданд, нодида гирем. Дар ҳақиқат, дар саросари мамлакат, аз ҷумла ҳар як минтақа роҳбарияти соҳа барои баланд бардоштани сифати таълим, фароҳам овардани шароити беҳтар барои тадрис ва дастгирии муассисаҳои таълимӣ чораҳо меандешанд. Натиҷадории ин корҳоро метавон дар таваҷҷуҳи бештар ба таълим ва дастовардҳои омӯзгорону хонандагон мушоҳида кард. Аммо барои идомаи ин раванд ҳалли масъалаҳои дар назари аввал одӣ, вале хеле муҳим, аз ҷумла таъмини саривақтии мактабҳо бо китобҳои дарсӣ хеле зарур аст.
Мо пешрафти соҳа, комёбиҳои омӯзгорону хонандагон ва таваҷҷуҳи махсусро ба бахши таълиму тарбия эътироф мекунем. Аммо баробари дастовардҳо, мушкилоти мавҷударо низ бояд ошкоро баён кард. Дуруст, ки аксари мо меваи талхи танқидро намеписандем. Дар ҳоле, ки танқиди созанда метавонад сабаби ислоҳи мушкилот гардад.
Бо як сухан, имрӯз мактабҳои таълимашон тоҷикӣ ба китобҳои нави дарсӣ, махсусан китобҳои синфҳои ибтидоӣ ниёз доранд. Ин хоҳиши зиёдатӣ ё талаботи ғайримуқаррарӣ нест. Ин ниёзи одиву талаботи раванди таълим аст – талаботе, ки бидуни он таълими босифатро тасаввур кардан душвор.
Умед дорем, ки ин масъала масъулонро водор месозад, то вазъро дар мактабҳо бозбинӣ намуда, барои таъмини саривақтии хонандагон бо китобҳои дарсии нав чораҳои амалӣ андешанд.
Бунёд ШОМАТОВ,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 8-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.