Дар Ӯзбекистон тартиби таъини нафақа тағйир меёбад. Ба шаҳрвандоне, ки бинобар коҳиши ҳаҷми кор ё барҳам хӯрдани корхона бекор эътироф шудаанд, нафақаи синнусолӣ ду сол пештар аз синни умумии муқарраршуда таъин карда мешавад.
Ин меъёр дар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 сентябри соли 2026 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосир дар соҳаи таъмини нафақаи давлатӣ» пешбинӣ шудааст.
Тибқи қарор, аз 1 ноябри соли 2026 нафақаи синнусолӣ ба ин гурӯҳи шаҳрвандон бе муроҷиати алоҳида ва ба таври проактивӣ таъин карда мешавад.
Ҳамчунин, хизматрасониҳои дигар дар соҳаи нафақа низ марҳила ба марҳила рақамӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, аз 1 январи соли 2027 нафақа бинобар аз даст додани саробон низ бе муроҷиати шаҳрванд ва ба таври проактивӣ таъин хоҳад шуд.
Шаҳрвандон метавонанд барои таъини нафақа бо шартҳои имтиёзнок, аз нав ҳисоб кардани нафақа ё тағйир додани навъи нафақа тавассути Марказҳои хизматрасонии давлатӣ ва портали my.gov.uz ба таври онлайн муроҷиат кунанд.