Барномаи мобилии «Fatvo.uz» ба кор даромад

Маркази фатвои назди Идораи мусулмонони Ӯзбекистон барномаи мобилии «Fatvo.uz»-ро ба истифода дод.

Тибқи иттилои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, корбарон тавассути ин барнома метавонанд ба саволҳои динӣ посухҳои боэътимод гиранд, вақти намозҳои ҳаррӯзаро бубинанд, фатвоҳо ва саволу ҷавобҳоро мутолиа кунанд, бо мақолаҳои динӣ, китобҳо ва дигар манбаъҳои муфид шинос шаванд. Ҳамчунин, бо истифода аз имконияти ҷустуҷӯ маълумоти заруриро зуд пайдо кардан мумкин аст.
Барои ирсоли саволи динӣ дар барнома аз бахши «Савол додан» сабтином шуда, саволи худро фиристодан ва ба он посух гирифтан мумкин аст.
Барномаи «Fatvo.uz»-ро аз Google Play ва App Store зеркашӣ кардан лозим аст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: