Осори хаттии гузаштагон чӣ дар сурати дастнавишта, сангнавишта, деворнавишта ва чӣ катибаҳои ҳаккокии рӯйи филизоту сафолҳо, ки ба масобаи армуғонҳои таърихӣ ҷиҳати беҳтар шинохтани ҳувияти башарият то ба мо расидаанд, аз беҳтарин ташхисгарони сарнавишти дирӯз буда, низ чароғҳое барои рушноии роҳи фардои Банӣ Одаманд.
(Нигоҳе тоза ба нашри ҷадиди «Девони ашъори Аҳмади Дониш)
Осори хаттии гузаштагон чӣ дар сурати дастнавишта, сангнавишта, деворнавишта ва чӣ катибаҳои ҳаккокии рӯйи филизоту сафолҳо, ки ба масобаи армуғонҳои таърихӣ ҷиҳати беҳтар шинохтани ҳувияти башарият то ба мо расидаанд, аз беҳтарин ташхисгарони сарнавишти дирӯз буда, низ чароғҳое барои рушноии роҳи фардои Банӣ Одаманд. Лаҳзае тааммул ва тасаввур кунед, ки агар ин гуна арзишҳои мондагори маънавӣ ба сурати китобӣ ё шифоҳӣ то ба мо намерасиданд ва ё аз ҷаҳолат ин ғаниматҳои арзишманди маънавӣ ба зовияи фаромӯшӣ афканда мешуданду мо онҳоро намеомӯхтем, магар метавонистем низоми ҷомеаи мутамаддини имрӯзаамонро бисозем ва ба фардо бингарем? Ҳаргиз!
«Ҳадафи мо аз он иборат аст, ки ҳатто як варақ дастнависеро, ки ба таърих, фарҳанг ва динамон иртибот дорад, ҷамъоварӣ намуда, ба мардум ва ҷавонони худ муаррифӣ кунем, ба онҳо бифаҳмонем, ки мо чӣ гуна мероси бузург ва беназир дорем ва фарзандонамонро дар рӯҳияи сазовори ин мероси бузург тарбия намоем», – гуфта буд Президент Шавкат Мирзиёев.
Бино ба ин дастури Раҳбари давлат як гуруҳ олимони Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии академик Дилором Юсупова ва шарқшиносони варзида Ҳ.Лутфуллоев, С. Эшонова ба ҷамъоварии нусхаҳои хаттие, ки то ҳол феҳристнигорӣ нашудаанд, пардохтанд. Дар натиҷа соли 2017 ҷилди аввали «Феҳристи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз чоп баромад, ки саропо ба рисолаҳои адабӣ ва девонҳои шоирон бахшида шудааст.
Маҳз бинобар ин ковишу пажӯҳишҳо муяссар шуд, ки чандин рисолаи олимон ва девонҳои шоирони гумном кашф шаванд. Ба вижа, дарёфти «Девони ашъори Аҳмади Дониш» барои банда, ки дар лоиҳа авроқи аввалу охири ҳар як дастнависро бозхонӣ ва тавсиф мекардам, хеле фараҳбахш буд. Зеро то дарёфти ин Девон бар он фикр будам, ки Аҳмад Дониш девон надорад ва аксари осораш насрӣ мебошад. Нафақат банда, балки ағлаби соҳибназарони адабиёт бар ин ақида буданд, ки Аҳмад Махдум олими намоён, нависандаи борикбин, шоир, маърифатпарвар, файласуф, мунаҷҷим, муҳандис, хаттоти хушқалам, рассоми чирадаст ва дипломати дурандеше будааст. Вале аз ин, ки ӯ девон низ дорад, хабаре надоштанд.
Зеро дар мактабҳои Шуравӣ мо ва бузургсолтар аз моро бо осори насрии Аҳмад Махдум, асосан «Наводир ул-вақоеъ», шиносонида буданду халос. Ҳатто аз дигар таснифоти насрии ӯ мисли «Рисола дар тӯлу арзи билод», «Зиҷи Аҳмади Дониш» ва дигар осораш хабаре надоштем. Сабаби дигари аз чашмҳо дур мондани «Девони ашъори Аҳмади Дониш» муносибати сатҳии бархе аз муҳаққиқони гузашта ба пажӯҳиши нусхаҳои хаттист. Ва ниҳоятан, иллати дигар ва ба андешаи ман асосӣ он аст, худи Аҳмади Дониш, бино ба қавли эшон дар «Наводир...», ба тадвини ашъораш напардохтааст.
Ин амр, яъне тартиб надодани девони ашъор аз ҷониби худи муаллиф, барои шуарои он замон ва пештар аз Дониш ҳам як кори маъмулӣ буд. Масалан, Девони Хоҷа Ҳофиз низ пас аз 9 сол ва 11 соли фавти ӯ аз ҷониби шогирди вафодораш Муҳаммади Гуландом ба сурати дастнавис мудавван шудааст. Чунин мисолҳо зиёданд. Аксари китобҳои Мавлоно низ аз сӯйи шогирдони ӯ – ҳам навишта ва ҳам тадвин шудаанд...
Акнун, каме муфассалтар оид ба тавсифи нусхаи зебо ва бо камоли маҳорати хаттотӣ қаламишудаи «Девони ашъори Аҳмади Дониш», ки дар маҷмӯъ аз 120 саҳифа иборат аст, мепардозем. Нусха, асосан, бо ғазалу қасидаҳо, мухаммасоту ташбибҳои пурмаъно ва дигар анвои шеърҳои муаллиф ва ширу шакараш (муламмаъоти тоҷикию арабӣ) ороста гардида, ҳар сафҳа тақрибан аз даҳ сатр иборат аст – ашъор дар ду сутун оварда шудаанд. Аз иттилои сабтгардида бармеояд, ки ин дастнавис моҳи шавволи (октябр) соли 1880 дар Бухорои шариф аз ҷониби котибе бо номи Абдулҳафиз китобат шудааст.
Дар як муҷаллад ҷойгузин кардани маҷмӯаи ашъори якчанд шоир баёнгари он аст, ки Аҳмад Махдум бегумон ашъори зиёде навиштааст, шояд девону манзумаҳои дигаре низ доштааст, ки дар байни баёзу гулчину маҷмӯаҳо, сафинаву чунгу амсоли ин гуна дастнависҳои ганҷурхонаҳои Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя маҳфузанд.
Нависандаи ин сатрҳо кӯшидааст то ашъорро бад-он тартибе, ки дар дастхат нақл мегардад, биорояд, то бакорату таровати дастнавис, сухани ноби Аҳмад Махдум маҳфуз бимонад. Дар дастнавис ашъор тибқи ҳуруфи таҳаҷҷӣ, яъне чун маъмул, батартиб, бо қофияву радифи аз алиф, бо, то, то охири алифбо оварда нашудаанд. Ин бар он гувоҳӣ медиҳад, ки котиб аз ҳаводорони холису мухлиси Аҳмад Махдум буда, ашъори ӯро тибқи писандиди завқи худ ва шояд аз китоби бузургтари дигари назмии Дониш, ки кофтану ёфтани он ҳам вазифаи виҷдонии мост, интихоб намудааст. Чаро ки ғазалу қасоид, мухаммасоту қитъаву дигар анвои шеърӣ на ба як тартиби муайяни маъмул, балки бештар бо такя бар муҳтавиёти маънавии осор оварда мешаванд ва чунин нусхаҳоро мо мунтахаб, гулчин, чунг ва гоҳе низ маҷмӯа меномем. Фикри дар як маҷмуа ҷойгузин шудани якчанд девон, минҷумла «Девони Аҳмади Дониш»-ро ҳамин нусхаи дастнависи рақами 3679-и ганҷинахонаи Абурайҳон Берунӣ собит мекунад: дар ин дастхат ба ҷуз Девони Аҳмади Дониш, «Девони Зуҳурӣ» ва «Баёз»-и кӯчаке низ дар аввалу охири китоб ҷой доранд.
Ғазал, қасида ва дигар анвои шеъри Аҳмад Махдум аз шоирони дигар фарқ мекунад, ӯ, ҳатто вақте ба каломи Ҳофиз, Бедил, Ҷомӣ ва... тахмис мебандад, пойбанди тақлид нест, озод аст:
Ҳофиз наям ман, Ҷомӣ каям ман?...
Дар роҳи маънӣ уфтода хоко!
(дар болои сатр: «як мушт хоко»).
Гоҳе низ ба ҷойи сухани онҳо, гузинаи вожаи худро меорад; худаш бар ғазали худаш қасида, қитъа, фард ва ғайра меофарад; дар муламмаъоташ, ки ба арабию тоҷикӣ сириштааст, камоли донишу тасаллуташ ба ин забонҳо дурахшонанд.
Дар корбурди орояҳои маънавию лафзӣ, тарзи баёни онҳо дар зарфи камзарфи сухан, Дониш бо суханварони бузурги адаби ҳазорсолаи форсӣ-тоҷикӣ ҳамсанг, дар ибрози маънӣ аз сойири ҳамтоёни муосири худ пештозу пешгомтар аст. Масалан, ӯ мусалламан «сабр»-ро «калиди хушнудӣ» медонад, вале сабри ҷаҳолатофарини тавъам бо тарсу танбалиро зиндони тамаддуну маърифат мешуморад; ғанимат шумурдани вақт барои танзими умури ҷомеа, таҳзиби ахлоқ барояш басе муҳим аст, аз ин рӯ, на сабр, осудагӣ, фориғболӣ, балки бесабрӣ ба маънои суръату шитоби огоҳона ва олимона пайи худшиносӣ, худсозиро дар фарорӯи мардум матраҳ мекунад. Бедил, ки аз устодони мусаллами Дониш дар маъниофарист, дар ин боб гӯяд:
Ман намегӯям зиён кун, ё ба фикри суд бош,
Эй зи фурсат бехабар, дар ҳар чӣ бошӣ, зуд бош!
Дониш «зуд будан»-и Бедилро ба «бесабрӣ» иваз мекунад.
Бесабрие, ки доштам охир натиҷа дод,
Инак маро расонд ба манзил шитобҳо.
Осудагӣ ба хотири Дониш намондааст,
Валлоҳу аълам аст қариб инқилобҳо.
Ва низ бад-ин мазмун мегӯяд:
Қисса кутаҳ кун, ки рӯз охир шуду
авқот рафт,
Мо мазо (он чи) бигзашт, ҳол аз ҳол шуд,
офот рафт!
Кишти мо нопухта шуд сармояи
мӯру малах...
Хирмани мо каҳ ҷудо нокарда бе ғаллот
рафт...
Чӣ дар назм ва чӣ дар наср, худро навтироз, навпардоз номида, хазинаи андӯхтаҳои маънавияшро ба ранге дигар ҷилвагар месозад:
Наям Бедил, наям Ҳофиз, наям Саъдӣ,
наям Ҷомӣ,
Ба ранги навтирозӣ медиҳам махзуни
конамро.
Ҳирсу тамаъро маразе меҳисобад, ки агар диле мубталои он гардид, аз шарраш дар амон нахоҳад монд:
Аз тамаъ ҳаргиз наёсояд касе дар зери чарх,
Дониш, аз дил дур кун ин риштаи авҳомро.
Ва мардумро ба шустушӯи чангу ғубори дил, мисли тамаъ, ҳасад, кибр ва ... бо собуни илму маърифат фаро мехонад:
Дониш, аз дил кай ғуборат мебарад
ин шеваҳо,
Шустушӯе гар ҳамехоҳӣ, ба ин собун намо.
Аҳмади Дониш, қабл аз ҳама, як ҷомеъбини ҷомеъашинос, ҷомеъ ул-улум (энциклопедист), сухангӯйи ботин ва ифшогари дарду иллатҳои ҷомеа аст, на мулло ва на шоир ва на маънипарвар:
Нестам муллову шоир,
ҳам на маънипарварам,
Андар ин иқлим охир чистам афҳомро...
«Маънипарвар» дар ин байт на ба маънои аҳли маънӣ, илму дониш, хирад аст, балки ба маънои маънинамоӣ ё худнамоӣ, парастиши бутсифатонаи ноаҳлу нохалаф ва аъмоли замимаи онҳост. Адлу зулмро чун гургу чӯпон оинавор рӯ ба рӯйи якдигар нишонда, бедодгариҳои дарбориёнро нисбат ба мардум ифшо месозад:
Ту хоҳ адл куну хоҳ зулм, эй Дониш,
Иборатест, ки кофист, гургу чӯпон аст.
Шояд байти зер зимни сафоратмадориҳои пурмасъулият ва пурбораш дар Петербург ва ё ҷашнороиҳои муҷаллали амир, ки ӯро дар ин мулоқот ҳама чун Садр, Садри дониш эътироф мекарданд, иншо шуда бошад:
Агарчи хона васеъ ҳасту мизбон хушдил,
Сабук нишастану бархост ҳусни
меҳмон аст!
Мисраи дувуми ин байт худ талмеҳе ба як зарбулмасали маъруфи тоҷикӣ ҳангоми меҳмонӣ аст: «Сабук нишастану хестан ҳунар аст». Дар ҳақиқат агар меҳмон вақтшинос набошад, дертар ё зудтар ба хонаи мизбон расад, дилаш ҳар чӣ хост, гӯяд, ҳар навъе ва ҳар ҷое, ки хост, шинад, бешак боиси нороҳатии мизбон мешавад.
Дар тору пуди вуҷуди Аҳмади Дониш ҳамеша хуни ҷавонмардӣ, футувват, ҷаҳду ҷадал барои тантанаи адолати иҷтимоӣ ҷӯш мезанад ва онро самараи илму дониш, ҳаё, тавозуъ ва аз нишонаҳои иймону эътиқод меҳисобад:
Мечакад хуни футувват аз ҷабинам
рӯзу шаб,
Хондаам ҳарфи ҳаё аз дафтари хӯи шумо.
Гоҳе низ дар мухаммасе ба Хоҷаи Шероз рӯ меоварад ва аз ӯ мадад меҷӯяд, то Ҳофиз бо назари кимиёасараш бар ӯ бубинад ва шояд суханаш аз ин тариқ ба гӯши мардум бирасад:
Касе надорад аз ин гуфтугӯ хабар, Ҳофиз,
Бикун ба Дониши бе болу пар назар,
Ҳофиз,
Кӣ аз забони ту хуш гӯяд ин шакар, Ҳофиз,
Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз,
Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст!
Қасидаи муламмаъ ба ду забон, арабию тоҷикии бо радифи «абас-абас...» офаридаи ӯ оинадори вазъи риққатбори илму фарҳанг, мушкилоти ҷомеа, такроркориҳои қабеҳ дар илму адаб ва эъмори ҷомеа, маддоҳиҳои бутпарстонаи амиру вазир буда, имрӯз низ моро вомедорад, ки аз ин гуна тақлидкориҳои офатбор, мадҳу саноҳои чоплусона, ки яқинан мусибати пешрафту тараққист, бипарҳезем:
Нон пухт дар танӯри риёзат нагашта
гарм,
Акнун, ки бар сарат табар омад, абас-абас...
Магар нон дар танӯр гарм нагашта мепазад? На! Ин аст содатарин парадоксгӯйии Аҳмад Махдум. Бар сари ноне, ки нопухта, хом ба дастархони мардум гузошта мешавад, дер ё зуд, ҳатман табар хоҳад расид, яъне аз суфра берунаш мекунанд.
Воқеан дар замони Аҳмад Махдум аксари уламову шуаро ҳирфаӣ будаанд ва ҳунарашон ҳам ба ҷуз маддоҳӣ ва сутудани амирону мадҳу санои ҳуккому аъёну ашрофи ҷоҳил, набудааст. Ӯ ҳаргиз иддаои олимиву шоирӣ намекунад, вале чун гоҳе ба сухани бархе аз ин қабил «олимону шоирон» менигарад, як мисраи сара, равону маънидор, як фикри дархури дилу ҷони ҷомеа намеёбад ва мефармояд:
Дониш, туро ба шеър чӣ нисбат,
вале магар,
Дорӣ зи мисраъи дигарон чанд
мунтахаб?...
Ҳавобаландӣ, фахру фухур аз обову аҷдоди гузашта, аз нозидан бо насаби хешро, ки аксари мо, мутаассифона имрӯз низ дар ин сароб ғӯтидаем, садди роҳи худшиносӣ, пешрафт ва бунёди ҷомеаи мутамаддину озод медонад:
То тоҷи ифтихору ҳаво н-афканад зи сар
Мард аз насаб куҷост шавад қобили
ҳасаб?...
Воқеан ҳамаи осори насрии Аҳмад Махдум оканда, оғӯштаву сиришта бо шоҳбайтҳои бузургоне чун Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил ва амсоли онҳост, ки каломашро намакин мегардонанд. Дар аксар маворид, ӯ бидуни ҳеч тайёрӣ, бадоҳатан байту фарду қитъаҳои худро меорад; ҳаргиз дар мавриди шеъре гуфтан тайёрӣ намебинад, ҳатто таълифоти риёзӣ, ҳандасӣ, нуҷумии ӯ низ мисли «Зийҷи Аҳмади Дониш», «Астрология» бо беҳтарин насри гӯшнавози мусаҷҷаъ, ки аз мартабати шеър бархурдор аст, ороставу пироста гардидаанд. Дар тасвири вақоеъ, падидаҳои зидду нақизи ботиниву зоҳирии инсон, Аҳмад тасвиргари жарфбину ҳамабин аст. Ин аст, ки мефармояд:
Сурати ислоҳ дур уфтода аз таҳрири мо
Хомаи Монӣ надорад тоқати тасвири мо.
Лабу гӯшу дасти мардумро пур аз ҳарфу аъмоли ношоиста мебинад ва барои суханаш дар гӯшҳо як ҷойи холӣ ҳам намеёбад:
З-истимоъи қавли беҷо гӯши мардум
мумталист,
Ҷои холӣ нест ҷо ёбад дар ӯ тазкири мо.
Аз ҷаҳонободи Маънӣ нусхае овардаем,
Бартараф шуд Қандаҳору Кобулу
Кашмири мо.
Дар самти рости девори куҳантарин масҷиди Арк, дар тоблӯе бо хатти зебои Аҳмади Дониш ин байтҳои Мавлоно Ҷомӣ дар манқабати Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ва хоки гуҳаррезу мардхези Бухоро навишта шудааст:
Сикка, ки дар Ясрибу Батҳо заданд,
Навбати охир ба Бухоро заданд.
В-он гуҳари пок на ҳар ҷо бувад,
Маъдани он хоки Бухоро бувад!
Зимни сафаре бо олими шинохта ва маъруфи тоҷик, доктор Аскаралӣ Раҷабов, ки аз 10 то 20 июли соли 2019 идома дошт, ба ганҷинахонаҳои Арки Бухоро, китобхонаи Абуалӣ ибни Сино, музейи Бухоро, китобхонаи Донишгоҳи Бухоро ва дигар китобхонаҳои хусусӣ даромадем, ки дар онҳо анбӯҳе аз осори бузургонамон, аз ҷумла Аҳмади Дониш, маҳфузанд. Инак, ба унвони мисол ғазал аз Ҳофиз, ки навиштаи панҷаи нигорини Аҳмади Дониш аст ва маҳфуз дар Арки Бухорост:
Ғанимате шумар эй шамъ, васли парвона,
Ки ин муомила то субҳдам нахоҳад монд.
Суруди маҷлиси Ҷамшед гуфтаанд, ин буд,
Ки ҷоми бода биёвар, ки Ҷам нахоҳад монд...
Намунаи дигари дастнавиштаи Дониш аз шеъри Бедил:
Суфоли хеш ғанимат шумар,
ки муддатҳост,
Шикаст чиниву мӯ рехт аз сари Фағфур...
Мурувват аст нигаҳбони оҷизон, в-арна,
Касе талаб нанамояд диёр гаштани мӯр...
Намунаи дастхати Аҳмад Дониш аз ашъори худ дар тоблӯи чаҳоркунҷа:
Ҳува [Аллоҳ]
Дурд аст, ҳар он, ки ҷом дорад...
Айшу тараби мудом дорад.
Мову майу зоҳидони тақво,
То ёр сари кадом дорад...
Аҳмад махдуми Дониш, санаи 1276 ҳиҷрӣ.
Устод Садриддин Айнӣ, Садри Зиё, Зуфархон Ҷавҳаризода, Аҷзӣ, Фитрат ва дигар маорифпарварони нимаи дувуми қарни XIX ва аввали қарни XX дар осорашон аз Аҳмад Махдум хеле бо муҳаббат, эҳтиром ва бо икрому эъзози том ёд мекунанд, ӯро нодири даврон, модарзод мехонанд, гоҳе афсӯс ҳам мехӯранд, ки аз маҳзари бо илму амал оростаи Дониш натавонистаанд бештар баҳраманд шаванд...
«Маълум аст, ки дар он овон дар Бухоро аз фикрҳои нав ва адабиёти ҷадида асаре набуд. Пас маълум мешавад, ки ин МОДАРЗОД ҳамаи афкорашро аз ғайри талқини касе ва китобе, маҳзи тадаббуру тафаккури худ маишат ва дунёро ҳосил кардааст».
Ин суханони Устод Айнӣ босанадтарин ҳақиқатест, ки Аҳмади Донишро, бо истинод ба осори таҷаддудхоҳона, ислоҳотҷӯёна ва низ навтирозиҳояш, аз ҷумла дар назм, ки имрӯз камтарак ба он ишора шуд, дар сароғозу саргаҳ ва сарқофилаву сарсилсилаи адабиёти ҷадида медурахшонад! Ҳамаи таҷаддудхоҳон, маорифпарварон, ислоҳотандешони баъдина, аҳли илму адаби тоҷик – чӣ дар назм ва чӣ дар наср – аз андешаҳои пурбори Махдум касби файзи маънавӣ кардаанд.
Арсаи даврон надорад ҳеч ҳайрат, ғайр аз ин,
Чанд мазмуне ба даст орад зи табъи тези мо.
Дониш, аз омодагӣ парво надорад субҳу шом,
Оламе асрор созад пунбаи гулрези мо.
Файзхоҷа МАҲмудов,
ходими калони
Институти таърихи Академияи
илмҳои Ӯзбекистон.