Баъди хатми донишкадаи педагогӣ роҳи муассисаи таълими умумиро пеш гирифтем. Бо гузашти солҳо, чанд нафар омӯзгорони соҳибтаҷрибае, ки замоне аз фанҳои гуногун ба мо дарс медоданд, акнун ҳамкори мо шуданд.
Аммо дар назди онҳо мо ҳамоно худро шогирд меҳисобидем. Онҳо моро насиҳат мекарданд, ки бо меҳру муҳаббат ба касб содиқ бошем, дилбастагии худро ба мактаб ва шогирдон нигоҳ дорем.
— Агар хонанда бо ягон сабаб ба мактаб наояд, ба манзилаш рафта, аз ҳолаш хабар гиред. Бо оилаҳо робитаи мустаҳкам дошта бошед, то ба таҳсилу донишомӯзӣ дилгарм шудани фарзандонро таъмин карда тавонед, — мегуфтанд устодон.
Ба гуфтаи онҳо, махсусан кор бо хонандагони синни хурди мактабӣ нозукиҳои хоси худро дорад. Омӯзгор бояд бо кӯдакон тавре муносибат кунад, ки онҳо ӯро чун узви хонаводаи худ қабул намоянд. «Аз дасти кӯдак гирифта, ба мактаб овардани ӯ худ як шараф аст», — таъкид мекарданд онҳо.
Мо, омӯзгорони ҷавон, ҳамон солҳо дарк кардем, ки маънои аслии калимаи «педагог» низ ба ҳамин мафҳум иртибот дорад. Дар Юнони қадим шахсеро, ки кӯдакро ба мактаб мебурду меовард, «педагог» меномиданд. Баъдтар маънои ин калима густариш ёфта, ба маънои омӯзгор истифода гардид.
Агар ба таърихи башар назар афканем, мебинем, ки омӯзгорӣ аз замонҳои қадим ҳамчун яке аз муҳимтарин касбҳо ташаккул ёфта, инсоният маҳз тавассути таълиму тарбия роҳи пешрафтро тай кардааст. Дар кишварҳои қадимтарини мутамаддин — Оссурия, Бобулистон, Миср, Ҳиндустон, Чин ва дигар марказҳои тамаддуни башарӣ — шахсони донишманду соҳибмаърифат ва таҷрибадор бо таълиму тарбияи насли нав машғул буданд.
Хусусан дар Шарқи асримиёнагӣ мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд буд. Ӯро бо эҳтироми хос «устод» меномиданд. Мақоми устод то ҳадде баланд арзёбӣ мешуд, ки бузургони илму адаб таъкид мекарданд: «Устод аз падар бузургтар аст».
Тақрибан ду даҳсола пас аз Инқилоби октябр, дар баробари дигар ҷумҳуриҳо, дар Ӯзбекистон низ соли 1936 касби омӯзгорӣ ба таври расмӣ рушд ёфт. Баъди ба даст овардани истиқлолият ба омодасозии кадрҳои педагогӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Навгониҳои ин самт дар «Қонун дар бораи таълим» (1997) ва «Барномаи миллии омодасозии кадрҳо» инъикос ёфта, тадриҷан ба амал татбиқ шуданд.
Хусусан дар даҳ соли охир низоми маорифи халқ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ мактабҳои замонавӣ бунёд ва навсозӣ мешаванд. Ғамхорӣ дар ҳаққи мактаб ва омӯзгор яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
Ҳар сол ҳазорҳо кадри ҷавон баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳои педагогӣ ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб мешаванд. Омӯзгор дар ҷараёни фаъолияти касбии худ таҷриба ва дониш андӯхта, маҳорати педагогии хешро такмил медиҳад. Дар кишвар низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои педагогӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳар омӯзгор имконият дорад малакаи касбии худро такмил дода, аз кумаку маслиҳатҳои методӣ баҳравар шавад.
Ҳамасола 1 октябр дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи муаллим ва мураббиён ва ҷашни умумихалқӣ таҷлил мегардад.
Омӯзгорони беҳтарини муассисаҳои таълими умумӣ бо ордену медалҳо ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мешаванд. Ҳамчунин унвонҳои фахрии «Муаллими халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Ходими хидматнишондодаи таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Мураббии шоистаи ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» таъсис ёфтаанд.
Омӯзгорони фидоӣ, ташаббускор ва соҳибтаҷрибаи даврони истиқлол М. Исматова, М. Мадалиева, М. Зокиров, В. Пак ва А. Маҳмудов ба унвони олии «Қаҳрамони Ӯзбекистон» сазовор шудаанд.
Бо ташаббуси Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев Қонун «Дар бораи мақоми педагог» қабул гардид, ки ба таҳкими мақоми омӯзгор ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои касбии ӯ равона шудааст.
Тавре роҳбари давлат таъкид мекунад, ба даст овардани ҳадафҳои бузург ва таъмини рушди минбаъдаи ҳар як соҳа пеш аз ҳама ба дониш, тафаккур, тарбия ва ҳисси ватандӯстии насли ҷавон вобастагии қавӣ дорад. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба таълиму тарбия ва омодасозии насли наврас яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба шумор меравад.
Сафи омӯзгороне, ки пайваста болои худ кор карда, соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ мешаванд ва маоши баланд мегиранд, сол то сол меафзояд. Мактабҳои президентӣ ва мактабҳои махсуси эҷодӣ низ ба муассисаҳои нави таълимӣ – такягоҳҳои муҳими рушди истеъдоди хонандагон табдил ёфтаанд.
Барои педагогҳои ҷавон «Рӯзи рушди касбӣ» ва «Соати рушди касбӣ» ташкил карда шудааст. Ғолибони озмуни «Муаллими сол» бо туҳфаҳои махсус, аз ҷумла манзили истиқоматӣ, қадрдонӣ мешаванд. Шумораи омӯзгороне, ки ба осоишгоҳҳо ва муассисаҳои истироҳатӣ фиристода мешаванд, низ афзоиш ёфтааст.
Кормандони соҳаи маориф аз имтиёз ва сабукиҳои гуногуни давлатӣ бархурдоранд. Аз ҷумла, омӯзгорон аз муоинаи тиббӣ ба таври ройгон мегузаранд ва дар ин давра ҷойи кору музди миёнаи меҳнаташон нигоҳ дошта мешавад.
Роҳбарони мактабҳои пешқадам, ки натиҷаҳои баланди меҳнатӣ нишон медиҳанд, метавонанд то 100 дарсад иловапулӣ гиранд. Барои педагогҳо, равоншиносон ва китобдорони пешқадам низ вобаста ба натиҷаҳои фаъолият иловапулиҳо пешбинӣ шудаанд.
Ба омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ғолиб меоянд, иловапулии махсус пардохт карда мешавад. Педагогҳое, ки дар арафаи нафақаи пиронсолӣ қарор доранд, аз аттестатсияи навбатӣ озоданд. Барои омӯзгорони синфҳои таълими фарогир низ иловапулии махсус пешбинӣ шудааст.
Муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, махсусан дар деҳот, метавонанд аз имтиёзҳои иловагӣ бархӯрдор шаванд. Мутахассисони дорои дараҷаи илмӣ, ки дар муассисаҳои таълими умумӣ фаъолият мекунанд, низ аз низоми иловапулиҳо баҳра мегиранд. Тренер-омӯзгороне, ки корҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои варзиширо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонанд, низ ҳавасманд карда мешаванд.
Омӯзгорони пешқадам аз дигар минтақаҳо, ки ба мактабҳои дорои нишондиҳандаҳои пасти таълимӣ ҷалб мешаванд, инчунин омӯзгорони фанҳои забонҳои хориҷӣ метавонанд аз иловапулиҳои махсус баҳравар гарданд.
Дар масъалаи гирифтани қарзҳои имтиёзнок низ барои омӯзгорон як қатор имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, барои омӯзгори дорои дараҷаи олии касбӣ ва собиқаи кории на кам аз 15 сол, ки қарзи ипотекӣ гирифтааст, қисми муайяни фоизи қарз аз ҷониби давлат пардохт карда мешавад.
Барои фарзандони омӯзгороне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҳсил мекунанд, дар маблағи шартномаи таҳсил тахфиф пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин омӯзгорон метавонанд барои харидории компутер қарзи имтиёзнок гиранд ва аз коҳиши маблағи баъзе хизматрасониҳои давлатӣ истифода баранд.
Ҳамсолони ман, ки як вақтҳо муаллими ҷавон буданд, ҳоло дар синни нафақаанд. Ба шароитҳое, ки имрӯз фароҳаманд, ҳар собиқадори меҳнат ҳавас мекунад. Имрӯз барои омӯзгор танҳо як чиз зарур аст: сидқан меҳнат кардан, дониш омӯхтан ва ба касби худ содиқ мондан.
Қобили зикр аст, ки дар тарбияи насли наврас ба ташаккули иммунитети ғоявӣ, таҳияи муҳтавои рақамӣ барои падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон, истифодаи оқилонаи имкониятҳои театр ва кино, дастгирии ҷавонони эҷодкор, оммавигардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин тарғиби китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.
Омӯзгори пешқадам бо донишу маҳорати баланди касбӣ ва фаъолияти ибратбахши худ метавонад ба равандҳои муҳими иҷтимоӣ таъсири назаррас расонад ва дар ташаккули симои имрӯзу фардои ҷомеа саҳми муҳим гузорад. Маҳз омӯзгорон дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи фарзандони мо ва ташаккули шахсияти насли ҷавон нақши бузург доранд.
Аз ин рӯ, омӯзгори даврони истиқлол на танҳо таълимдиҳанда, балки тарбиятгар, роҳнамо ва яке аз омилҳои муҳими рушди мамлакат мебошад.
М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».