Мегӯянд, дар зиндагии ҳар инсон нафароне ҳастанд, танҳо аз роҳе, ки ӯ меравад, намегузаранд, балки дар сохтану ҳамвор гаштани ҳамон роҳ саҳм мегузоранд. Шояд мо бо гузашти солҳо бисёр чизҳоро фаромӯш кунем: номи баъзе кӯчаҳо, санаҳои баъзе рӯйдодҳо, ҳатто чеҳраи баъзе одамонро.
Аммо меҳрубонии аввалин омӯзгор, лаҳзаҳои нахустини дарс, тарси кӯдакона аз ҷавоби нодуруст ва он табассуми самимие, ки моро ба дониш омӯхтан ташвиқ мекард, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирамон дур намеравад.
Ман низ ҳар гоҳ ба рӯзҳои кӯдакиям баргардам, пеш аз ҳама чеҳраи муаллими нахустинам – Нилуфар Тешабоева пеши назар ҳувайдо мегардад. Бо гузашти айём аз он рӯзҳо солҳои зиёд сипарӣ шудаанд. Аммо баъзе хотираҳо вақт ва масофа намешиносанд. Солҳо мегузаранд, инсон бузург мешавад, касб интихоб мекунад, ба зиндагии дигар қадам мегузорад, аммо як лаҳза метавонад тамоми он солҳоро дубора пеши чашмони худ зинда кунад.
Он рӯзҳо ба муносибати Иди алифбо омодагӣ мегирифтем. Синфамон ҳанӯз ба таври бояду шояд омода набуд. Ҳар кас ба кори худ машғул ва мо – кӯдакон бошем, бо шавқу ҳаяҷон барои ҷашни бароямон хеле ҷолиб омода мешудем. Муаллимамон барои ман як пора матни табрикнома тайёр карда буданд ва он як матни одӣ набуд. Ҳатто модарам ба ин кор пайваст ва кӯшиш мекард, ки онро бехато азёд кунам, барои ҳамин то поси шаб ба ман матнро азёд мекунонд. Баъд ҳар ҷумлаашро борҳо такрор кардам. Бо вуҷуди ин баъзан калимаеро фаромӯш мекардам, сонӣ матнро боз аз аввал такрор ба такрор мехондам. Шояд он шаб барои модарам нахустин шаби масъулиятноке буд, то ки духтарчааш бо сари баланд пеши ҳамсинфону муаллимон матнро бурро гуфта диҳад. Аммо имрӯз фикр мекунам, ки ҳамон шаб модарам барои ояндаи ман аввалин заминаҳоро мегузошт.
Рӯзи ҷашн фаро расид. Бо ҳаяҷони кӯдакона назди муаллим рафтам ва суханҳоеро, ки шаб то саҳар бо модарам машқ карда будам, ба забон овардам. Ҳанӯз он лаҳза пеши назарам: муаллим матнро шуниду дар чашмонаш ашк пайдо шуд – ашки нишоту шодӣ ва ашки ифтихори баланд!
Вақте матнро ба охир расонидам, маро ба оғӯш гирифт. Он оғӯш барои ман дар ҳамон синни кӯдакӣ танҳо як меҳрубонии омӯзгор набуд, балки баҳо, арзёбии меҳнати шогирдаки кучаки ӯ буд, ки ҳатто пас аз гузашти солҳо низ бароям мазмуну маънои наву тозаеро касб менамояд. Ба иборае, ин оғӯши як омӯзгор ба шогирдаш буд, ки маънои «Ман ба ту бовар дорам!»-ро дошт.
Шояд муаллим ҳамон лаҳзаро кайҳо фаромӯш карда бошад. Аммо ман фаромӯш нахоҳам кард.
Солҳо гузаштанд. Он кӯдаке, ки рӯзе дар назди муаллимаш бо ҳаяҷон табрик мехонд, ба воя расид ва шомили донишгоҳ шуд. Баъди чаҳор соли таҳсил қадам ба соҳаи журналистика гузошт. Микрофонро ба даст гирифт, сухан гуфт, навишт, ҷустуҷӯ кард, омӯхт ва барои расидан ба орзуҳои худ талош намуд.
Ҳар боре, ки аз муваффақиятҳои худ мегӯям, ҳамон синфи хурд ва ҳамон чеҳраи меҳрубони муаллими нахустинамро мебинам. Баъд аз чандин сол, вақте аллакай партаи донишҷӯиро во гузоштаму рӯ ба рӯзноманигорӣ овардам, бо муаллими нахустинам дидору мулоқот кардам. Ӯ аз муваффақиятҳоям шод мешуду ифтихор менамуд. Ва ҳар боре, ки аз роҳи тайкардаам мегуфт, дар суханонаш он фахри хосеро эҳсос мекардам, ки танҳо аз дили як омӯзгори ҳақиқӣ бармеояд.
Он вақт бештар дарк кардам: муваффақияти шогирд барои омӯзгор низ як мукофот аст. Омӯзгор шояд аз паси шогирдаш ба саҳна набарояд, дар назди камера нанишинад, номи ӯ дар унвонҳои мақолаҳо навишта нашавад. Аммо дар ҳар муваффақияти шогирд як порае аз меҳнати ӯ ҳаст. Имрӯз, вақте ба роҳи тайкардаам менигарам, дарк мекунам, ки зиндагӣ аз қадамҳои хурд оғоз мешавад. Аввалин ҳарфҳо... Аввалин китоб... Аввалин шеър... Аввалин суханронӣ... Аввалин орзу...
Дарвоқеъ, Нилуфар Тешабоева мактаби миёнаро соли 1993 хатм кардааст. Вай омӯзгори бознишаста Муҳаммадҷон Мелибоевро устоди аввалини худ медонад. Борҳо барои мо дар васфи ӯ суханони пур аз меҳрро ба забон овардааст. Баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзода (ҳоло коллеҷи омӯзгорӣ), воқеъ дар шаҳри Конибодом, Тешабоева аввал дар мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 14-уми ноҳияи Сӯх ба кори омӯзгорӣ оғоз намудааст ва баъдан фаъолияташро дар мактаби миёнаи рақами 28-уми ҳамин ноҳия идома додааст.
Ба гуфтаи ӯ ҳамеша мехост, ки соҳиби маълумоти олӣ шавад, барои ҳамин ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Фарғона даромада, онро соли 2017 ба итмом расонидааст. Ҳоло муаллима дар синфи 2-юм дарс медиҳад. Модари панҷ фарзанд мебошад.
– Шукр мегӯям, ки дар Ватани соҳибистиқлоли Ӯзбекистон зодаву парварда шудаам. Ифтихори дигари ман аз он аст, ки духтари писарбузурги «Баҳодури тоҷик» Тешабой Одилов мебошам. Бобои қаҳрамонам ва падару модарам як умр дар мактаб омӯзгорӣ кардаанд ва дар маърифатнок шудану тарбияи фарзандони мардум саҳми босазо гузоштаанд, – мегӯяд муаллими нахустини ман.
Вай роҳбари иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоии мактабро низ бар ӯҳда дорад. Аъзои он Сӯҳроб Салимов, Тӯхтахон Мирзокомилова, Зарнигор Зоҳидҷонова ва Шаҳноз Олимова аз зумраи омӯзгороне муаррифӣ шудаанд, ки ба эҳтироми маъмурият, ҷамъи ҳамкорон ва падару модарон сазовор мебошанд. Онҳо бо машварати ҳамдигар кори таълиму тарбияи кӯдакони синфҳои ибтидоиро пеш мебаранд.
– Ман бо касби худ фахр мекунам, чунки ин касби ҳам пуршараф ва ҳам пурмашаққат мебошад. Вақте мешунавӣ кадоме аз шогирдонат соҳиби муваффақият шудааст, аз фараҳ меболӣ, шоду хурсанд мешавӣ, – иброз медорад устод.
Бо истифода аз фурсат муаллими нахустини худро бо иди касбиашон самимона табрик мегӯям. Барояшон саломатӣ ва дар кори пурмасъулияти таълиму тарбия дастовардҳои бештарро таманно мекунам. Шоире дар васфи муаллим чунин фармудааст:
Сано бар қалби ҷӯшони муаллим,
Ба паймону ба эҳсони муаллим.
Чу субҳи босафо бинам ҳамеша,
Рухи тобону хандони муаллим.
Муроди ӯ ҳақиқат, росткорӣ,
Чӣ ҷои шак ба имони муаллим.
Надорад давлати дунё, валекин,
Пур аз ганҷ аст, бин, хони муаллим.
Чу шири модарон аз баҳри тифлон,
Бувад ҳаққу ҳалол нони муаллим.
Фархунда Равшанзода,
рӯзноманигор.
Вилояти Фарғона.