Ба «Муаллимони сол» 616 миллион сӯмӣ мукофотпулӣ дода мешавад

Айни ҳол ба ҳар кадоме аз омӯзгороне, ки аз 208 ноҳия ғолиби озмуни «Муаллими сол» шудаанд, 616 миллион сӯмӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Бо ҳисоби оддӣ, даромади 10-солаи мутахассисе, ки моҳона ба ҳисоби миёна 5 миллион сӯм маош мегирад, имрӯз ҳамчун як мукофот ба ғолибони озмун супорида мешавад.
Ин рақамҳо далели равшани таваҷҷуҳи хосаи давлат ба соҳаи маориф, омӯзгорон ва меҳнати ҳалол ва фидокоронаи онҳо мебошад. Акнун дар кишвари мо омӯзгорони донишманду соҳибмаҳорат метавонанд ба шарофати меҳнати худ соҳиби чунин мукофотҳои калон шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: