Донистанро кор бастан бояд

Ӯ одатан субҳи барвақт аз хоб мехезад. Хусусан тирамоҳи зарринро дӯст медорад.

(Очерк)

Бе азми дурусту саъйи комил,

Касро нашавад мурод ҳосил.

Ӯ одатан субҳи барвақт аз хоб мехезад. Хусусан тирамоҳи зарринро дӯст медорад. Дар ин фасл на танҳо меваҳо, хосатан ангуру анор, мепазанд, боз соли хониши нав оғоз ёфта, лашкари доимӣ ва серғавғои кӯча – бачаҳо – ба мактаб бармегарданд. Гарчанде дар таълимгоҳи ӯ беш аз се ҳазор нафар толибилм таҳсил мекунанд, ӯ қариб ҳамаи онҳоро мешиносад ва медонад, ки чӣ гуна ба дарс меоянд, мехонанд, кадом омӯзгоронро эҳтиром мекунанд, ба кадом фан бештар шавқу рағбат доранд.

Албатта, рӯҳшиносу одамшинос шудани вай сабаб дорад. Мактаби миёнаи рақами 8–уми шаҳри Самарқанд яке аз нахустин муассисаҳои таълимӣ дар вилоят буда, аксари муаллимон парвардаи таълимгоҳи мазкур ҳастанд. Аксари хатмкардагони ин мактаб баъдан академик, сафир, арбобони давлатӣ, муҳандис, халабон, адиб ва журналистони номдор шудаанд. Зеро байни онҳо фарқи устоду шогирд вуҷуд надошта, балки барои онҳо талабаҳо ба сифати дӯстони азизу меҳрубон, ҳамфикру ҳамдил буданд.

Шогирдон бошанд, ба қавли шоир чунин андеша доштанд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,

Устод аз наҷот баҳра диҳад.

                          ***

Ҳурмати устод ҳар кӣ надошт,

Алами илм бар ҷаҳон н-афрошт.

 

Дилсора Юсуфова устодонро аз дилу ҷон дӯст медошт ва самимияту эҳтиромашро тавассути аълохонӣ, одоби нек, гаправӣ, талоши илму дониш исбот мекард.

Дар мактаби таҳсилоташ соф тоҷикӣ ба забон ва адабиёти русӣ дил бастани Дилсора ва ҳамсинфонаш сабаб дошт. Зеро ҳар касе, ки дар дарсҳои омӯзгори соҳибтаҷрибаву соҳибзавқ Елена Скачкова ширкат меварзид, бешубҳа, дар замири ӯ чунин тасаввуроте пайдо мешуд, ки шоҳи ҳама фанҳо математика, вале адабиёт калиди муҳаббат ба Ватани азиз, инсон ва одамгарӣ, дӯст доштани табиат, ифодаи эҳсосоти қалбӣ, эҳтироми волидайн, дарки сирру асрори ботинии инсон ва шинохти рӯҳияти ӯст.
Ин муаллими фозилу пурдон дар бораи эҷодиёти адибони бузурги рус бо шавқу завқ ҳарф мезад, ки ба шогирдон ҳаваси мутолиа бедор мекард.

Муаллим китобхонаи ғанӣ дошт, даста–даста повесту роман, достону маҷмӯаҳои шеърӣ оварда, ба синф мегузошт. Ана барои чӣ заҳмату дилсӯзии ӯ барабас нарафта, аксарият, аз ҷумла Дилсора баъди гирифтани номаи камол ҳуҷҷатҳои хешро ба факултаи филологияи рус, ки дар шафати бинои мактаб ҷойгир буд, супурдаанд.
Солҳои таҳсил саргармона бисёр адабиётро хонд, аз дурру гавҳари адабиёти рус ва ҷаҳон огоҳӣ ёфт. Дар анҷуману озмунҳои гуногун иштирок карда, ҷойҳои фахрӣ насибаш гашт. Соҳиби дипломи имтиёзнок шуд ва ӯро ба вазифаи устоди кафедраи забонҳои хориҷии Донишкадаи савдо ва иқтисоди Самарқанд таклиф карданд.

Арафаи соли хониши 2018–2019 буд. Рӯзе дугона ва ҳамсабақаш Зумрад  Салоҳова занг зада гуфт, ки таъҷилан ба мактаби рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд ояд.

– Дугонҷон, чӣ гап? – бо тааҷҷуб пурсид Дилсора, – магар бо телефон гуфтугӯ кунем намешавад?

– Сири ҳарбӣ, – бо завқ хандид Зумрад. – Мақсадам ин аст, ки нохалафон пай набаранд.

Дилсора бо сад фикру хаёл ба мактаб омад.

Дар қабулгоҳ котиба Хуршедабону меҳмонро хуш пазируфта, омадани ӯро ба  директор хабар дод. Зумрад Насриддиновна ба пешвози дӯсташ баромад, самимона ба оғӯш гирифт ва ба утоқи корӣ ҳидоят намуд.

Пас аз он, ки меҳмон ба курсии бароҳат нишаст, соҳибхона ба мақсад гузашт:
– Дугонҷон, шаф-шаф не, шафтолуи гап ҳамин, ки шумо ба ман ҷонишин оид ба корҳои илмӣ мешавед.

– Дар Донишкадаи савдо ва иқтисодиёт мавқеи ман хуб аст, – баҳона пеш овард Дилсора, – ҷои гарми худро чаро хунук кунам?

– Ошкоро гӯям, – ҷиддӣ ба ҳамсуҳбаташ нигарист Зумрад, – ба ман шарики соҳибтаҷриба, рамзфаҳм, навовар ва мисли ту зебо лозим.

Мактаби мо на танҳо дар ноҳия, балки дар вилоят пешқадам, – ба фаҳмондан пардохт мудири таълимгоҳ, – мақсадамон дар ҷумҳурӣ намунавӣ шудан аст. Барои ба муроди дил расидан ба ман ҳамфикр, ҳамдил, ҳамсангар лозим.

Зумрад суханашро тамом накарда, ба назди дугонааш қалам ва коғаз гузошт. Дилсора барои ба кор қабул кардан ариза навишт.

Дилсора баъди ба вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ таъин шудан, мактаб хонаи дуюми ӯ гардид. Зумрад Салоҳова баъди як сол ба Тошканд, Вазорати таълими халқ ба кор рафт. Дилсора Юсуфова дар мактаб директор таъин шуд.
Ҳоло дар таълимгоҳи мазкур 3 ҳазору 147 нафар хонанда ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ таълиму тарбия мегиранд. Беш аз 150 нафар омӯзгори дорои маълумоти олӣ дар синфхонаҳои васеъ, равшан ва бо асбобҳои аёнӣ пурра таъминшуда дарс гузашта, аз тахтаҳои электронӣ пурсамарона истифода мебаранд.

Соли таҳсили гузашта барои хатмкунандагон соли дастовардҳои назаррас буд. Онҳо дар баробари таҳсили хубу аъло дар олимпиадаи фаннии толибилмон бомуваффақият иштирок карда, ҳатто ба тарзи имтиёзнок ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва хориҷ дохил шудаанд. Соли равон 212 нафар номаи камол гирифта, қариб сад нафар дар мактабҳои олӣ таҳсилро идома хоҳанд дод.

Устодони соҳиби тоифаи олӣ ва мукофотҳои давлатӣ Фарида Аҳмадова, Мунира Абдуллоева, Майсара Раҳматова, Ҳамида Маликова, Ҷамшед Холов, Зебо Содиқова, Гулдаста Аюбова, Сайёра Мирсаидова, Мавлуда Умарова, Шаҳло Саидова, Мадина Зокирова, Манзура Зарифова, Фарангиз Насриддинова ва дигарон фахру ифтихори мактаб ҳастанд.

Баланд бардоштани самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва ҳавасмандсозии онҳо яке аз ҳадафҳои маъмурияти мактаб ба шумор меравад. Масалан, муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Лола Шамсиддинова соҳиби сертификати миллӣ буда, маоши ӯ беш аз 20 миллион сӯм аст. Инчунин соҳибони сертификати байналмилалӣ Фарангиз Халилова, Ситорабону Алиева ва дигарон 60–70 фоиз иловапулӣ мегиранд.

– Сарвари давлатамон дар ҷамъомадҳо масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф дониста, таъкид намудаанд, ки Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб оғоз меёбад, – мегӯяд Дилсора Юсуфова. – Оре, дар ҳар кор сидқу вафо, завқу шавқи баланд лозим. Чӣ ҷойи руст кардан аст, дар мактаби олӣ таҳсил гирифта, соҳиби диплом шудан ҳанӯз маънии соҳибмаърифат шуданро надорад. Хушбахт шахсест, ки ба вазифаи худ муносибати сидқидилона кунад, аз кори ҳаррӯзааш дар зиндагӣ нақше мемонад. Муаллим дар ҳама ҳолат муаллими халқ ва Ватан аст. Аммо иқрор бояд шуд, ки ҳама дипломдорон ба номи пуршарафи муаллим муносиб нестанд. Модом ки таҳсилот ба хотири рушди устувор ва ташаккули салоҳияти Ӯзбекистони Нав аст, шиори мо бояду шояд «Таъмини таълими босифат» хоҳад монд.

Боиси хушнудист, ки даврони истиқлолияти давлатӣ барои мо имкони бузург фароҳам овард, то роҳи имрӯзу ояндаи халқу миллатро муайян созем ва барои пешрафти кишвари азизамон саҳми арзанда гузорем. Зеро Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои миллат, рамзи асолату ҳувият, ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шону шарафи ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани мамлакатамон мебошад.

– Ба фикри шумо, хушбахт кист?
– Одами хушбахт он аст, ки бо миннат аз дасти касе нон нахоҳад хӯрд ва дар ҳеҷ куҷо, дар ҳама ҳолат худро ба дасти таҳқир нахоҳад дод. Дар кадом соҳае, ки соҳибвазифа бошем, аввало инсон, инсони комил бояд шуд. Мавқеи шахсро кору вазифа не, рафтору гуфтораш, муносибат ба атрофиёнаш, андешамандӣ, фарҳанги баланд ва нексириштӣ зеб медиҳад. Фаромӯш набояд кард, ки донистанро кор бастан бояд!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: