Ӯзбекистон бо ҳисоби 4:1 Сурияро шикаст дод

Номҳои нав, голҳои аввал ва рекорди таърихӣ.

Дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон дар бозии дӯстона, ки дар Тошканд баргузор шуд, мунтахаби Сурияро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. Дар ҳайати ҷавоншудаи тими Ӯзбекистон Шерзод Эсанов ва Акмал Мозговой аввалин голҳои худро дар ҳайати мунтахаби миллӣ ба ҳадаф расонданд. Ҳусайн Норчаев бошад, бо задани ду гол фарқ кард. Муҳаммад Ҳакимов низ ба унвони ҷавонтарин футболбози таърихи мунтахаби миллии Ӯзбекистон, ки дар ҳайати он ба майдон баромадааст, сабт шуд.
Бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд баргузор шуда, синни миёнаи ҳайати асосии Ӯзбекистон 24,2 солро ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар ҳайати Сурия 26 сол буд. Бо вуҷуди он ки дар ҳайати Ӯзбекистон як қатор футболбозони нисбатан нав ҳузур доштанд, даста дар қисми зиёди бозӣ ташаббусро дар ихтиёр дошт.
Бо вуҷуди ин, аввалин ҳолати хатарноки бозиро меҳмонон ба вуҷуд оварданд. Дар дақиқаи 3-юм Сурия соҳиби имконияти хеле хуб шуд, аммо Абдувоҳид Неъматов дар вазъияти душвор тими худро аз голи ногузир наҷот дод. Пас аз ин лаҳза Ӯзбекистон тадриҷан ташаббусро ба даст гирифт.
Ҳисоб дар дақиқаи 27-ум кушода шуд. Пас аз паси Ҳусайн Норчаев Шерзод Эсанов аз имконият истифода бурда, аввалин голи худро дар ҳайати мунтахаби миллӣ ба самар расонд. Дар остонаи анҷоми қисми аввал бошад, бартарии Ӯзбекистон бештар шуд. Дар дақиқаи 45-ум Акмал Мозговой дарвозаи Сурияро боз кард ва ӯ низ аввалин голашро дар ҳайати мунтахаби миллии Ӯзбекистон ҷашн гирифт.
Қисми дуюм низ бо голи Ӯзбекистон оғоз ёфт. Дар дақиқаи 48-ум Ҳусайн Норчаев паси Аббос Файзуллоевро ба гол табдил дода, ҳисобро 3:0 кард.
Пас аз ин ҳар ду даста ба ҳайати худ як қатор тағйирот ворид карданд. Дар ҳайати Ӯзбекистон Ҳоҷиакбар Алиҷонов, Умаралӣ Раҳмоналиев, Ҷасурбек Ҷалолиддинов, Диёри Холматов ва Азиз Холмуродов ба майдон омаданд. Дар дақиқаи 86-ум Нурмуҳаммад Абдуғаниев ва Муҳаммад Ҳакимови 16-сола низ ба бозӣ ҳамроҳ шуданд.
Дар дақиқаҳои охир Норчаев боз худро нишон дод. Ҳуҷумкунанда пас аз паси Диёри Холматов бори дуюм тӯбро ба дарвозаи рақиб равон карда, бартарии Ӯзбекистонро ба чор гол расонд. Ҳамин тариқ, Норчаев бозиро бо ду гол ва як паси голӣ ба анҷом расонд.
Дар дақиқаҳои охири бозӣ Сурия низ як гол ба самар расонд ва ҳисоб ниҳоят 4:1 шуд.
Ҳакимов рекорди Гейнрихро нав кард
Яке аз рӯйдодҳои муҳими бозӣ дебюти Муҳаммад Ҳакимов дар ҳайати мунтахаби миллӣ буд. Ҳимоятгари «Бунёдкор» дар бозӣ муқобили Сурия дар синни 16 солу 362 рӯз ба майдон баромада, ҷавонтарин футболбози таърихи мунтахаби миллии Ӯзбекистон гардид.
Қаблан ин рекорд ба Александр Гейнрих тааллуқ дошт. Ӯ дар синни 17 солу 7 моҳу 8 рӯз аввалин бозии худро дар ҳайати мунтахаби миллӣ анҷом дода буд.
Омори бозӣ низ бартарии Ӯзбекистонро нишон дод. Аз рӯи соҳибӣ ба тӯб дастаҳо мутаносибан 51 ва 49 дарсад нишон доданд. Аз рӯи шумораи зарбаҳо бошад, Ӯзбекистон бо натиҷаи 15 бар 2 бартарии назаррас дошт. Футболбозони Ӯзбекистон 6 зарбаи дақиқ ба самти дарвозаи рақиб анҷом доданд.
Ҳамин тариқ, бозӣ муқобили Сурия барои Ӯзбекистон на танҳо бо пирӯзии 4:1, балки бо як қатор рӯйдодҳои муҳим низ хотирмон шуд. Шерзод Эсанов ва Акмал Мозговой ҳисоби голҳои худро дар мунтахаби миллӣ кушоданд, Ҳусайн Норчаев дубль кард ва Муҳаммад Ҳакимови 16-сола рекорди нави мунтахаби миллиро гузошт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: