Ҳоло давлатҳои ҷаҳон барои рушди пайвастаи иқтисодиёт беш аз пеш талош варзида, бо ин роҳ мехоҳанд мавқеи худро мустаҳкам ва нуфузашонро бештар намоянд. Зеро иқтисоди пешрафта маҳаки асосии амният ва зиндагии шоистаи аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳама гуна тараққиёту пешрафтҳо ба ҷуз суду манфиат, ободиву шукуфоӣ, ҳаёти фаровону роҳатбахш, баъзе паёмадҳои нохуш низ доранд. Агар аз оқибати корҳо наандешем, пасманзари пешрафтҳои иқтисодӣ ҳам метавонад нигаронкунанда шавад. Вақте тараққиёти иқтисодӣ мегӯем, заводу фабрика ва коргоҳҳои муқтадир пеши назар меоянд, ки якмаром кор карда, ба ҷуз истеҳсоли молу коло муҳити зисти моро олуда месозанд ва ба табиат зарари ҳангуфте мерасонанд. Баъзан мо аз барои суд ва таъмини нафси саркаш аз зиёни чунин корҳо чашм мепӯшем. Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки олудагии муҳити зист чандин мушкилоти дигарро ба бор оварда, хоса ба тандурустии аҳолӣ таҳдид хоҳад кард, ки ҷуброни он боз ҳам душвор аст. Тараққиёти бемайлони иқтисодиёт масъулияти дигареро бар дӯши мо бор мекунад. Яъне ҷомеаро водор месозад, то бо роҳи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи манобеи табиӣ барои насли оянда ҳаёти хубу дилпазире ба мерос гузорад. Ин як масъалаи зарбдоре буда, бояд ҳамеша дар мадди назари ҳамзамонони мо қарор гирад. Аз ин ҷост, ки ғояи иқтисодиёти «сабз», ки ба фардои ҷомеаи мо рабт дорад, бояд ба яке аз равандҳои муҳим мубаддал гардад.
Иқтисодиёти «сабз» чист? Ин ҳамон роҳи тараққӣ ва пешрафтест, ки якҷо бо баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот, таъсири ҳама гуна омилҳоро ба табиат кам менамояд, истифодаи босамари энержӣ ва манобеи табииро таъмин мекунад, ҳамчунин сохтори иқтисодиест, ки барқарории муҳити зистро таъмин месозад. Иқтисоди «сабз» танҳо масъулияти коргоҳҳои азим ва ходимони идораҳои ҳифзи муҳити зист нест. Балки қарзи шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеа ба шумор меравад.
Дар ҳамин поя, термини соҳибкории «сабз» падид меояд, ки мафҳуми васеъ дошта, истеҳсоли молу колои аз нигоҳи экологӣ тоза, истифодаи хирадмандонаи манобеи табиӣ, сарфа намудани неруҳои энергетикӣ, корбурди неруҳои барқароршавандаро фаро мегирад. Масалан, насби панелҳои офтобӣ ва хидматрасонӣ ба онҳо, тиҷорати таҷҳизоти сарфакунандаи барқ, ҷудосозии партов-ҳо ва коркарди дубораи онҳо, технологияҳои сарфаи об, роҳҳои истифода аз маводи органикӣ дар хоҷагии деҳот (корбурди поруҳои маҳаллӣ) ва ба роҳ мондани истеҳсоли аз нигоҳи экологӣ тозаи зарфу маводи нигаҳдории маҳсулот аз ҷумлаи талаботи аввалиндараҷае ба шумор мераванд, ки соҳибкории «сабз» бояд дар мадди назар бигирад. Хусусан, истифода аз хидмати панелҳои офтобӣ, ки талаби замон буда, кунун ҳарчӣ бештар ба ҳукми анъана медарояд, ба рӯи соҳибкорони маҳаллӣ тиҷорату бозори нави ояндадореро боз мекунад. Соҳибкорон дар ин бозор на танҳо бо насби панелҳои офтобӣ маҳдуд мешаванд, балки хидматҳоеро пешниҳод мекунанд, ки ба таъмири техникӣ ва саривақтии онҳо, ироаи маслиҳатҳои муфид барои сарфа ва рушди кори босамари ин навъ таҷҳизот пайванд аст. Азбаски солҳои охир талабот ба неруи барқ афзудааст, барои коргоҳҳое, ки бо истеҳсоли таҷҳизоти тавлидкунандаи ин неру ва хоса, технологияи сарфакор машғуланд, ин таҷҳизот манбаи хуби даромад ба шумор мераванд. Масалан, агар корхона бо таҷҳизоти сарфакори неруи барқ муҷаҳҳаз бошад, нархи маҳсулоти истеҳсолӣ низ поин меояд ва талабот дар бозорҳо ба чунин молу коло хоҳанд афзуд. Албатта, ин як манбаи даромад аст. Ё он фермере, ки заминҳои худро бо усули замонавии сарфаи об обёрӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол мекунад, низ фоидаи иқтисодӣ мебинад. Он коргоҳҳое, ки партовҳоро дубора коркард мекунанд, аз як тараф муаммои муҳити зистро ҳал кунанд, аз ҷониби дигар даромади иловагии иқтисодӣ ба даст хоҳанд овард.
Бояд таъкид кард, ки барои рушди соҳибкории «сабз» деҳаҳо минтақаи мувофиқанд. Ба чунин соҳибкорон, ки дар деҳот фаъолият доранд, пеш аз ҳама дастрасӣ ба нури офтоб бештар буда, имконияти истифода аз таҷҳизоти обёрии қатравӣ, истеҳсоли маводи органикӣ (пору), дар гармхонаҳо ба кор бурдани технологияҳои пешқадами сарфакор, коркарди дубораи партовҳо, ривоҷ додани тиҷорати сайёҳии аз нигоҳи экологӣ тоза осонтар даст медиҳанд ва ин намуди корҳо ба аҳолии деҳаҳо метавонанд манбаи хуби даромад, оғози фаъолияти соҳибкорӣ гарданд. Агар дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ неруи сабз ва технологияҳои сарфакор мавриди истифода қарор гиранд, онҳо рақобати шадиди бозорро ба осонӣ хоҳанд пазируфт.
Соҳибкории «сабз» хоса барои ҷавонон дари имконоти навро мекушояд. Истифода аз технологияҳои рақамӣ, таҷҳизоти сарфакори неру ва дигар дастовардҳои илму техникаи замон имкон медиҳанд, ки маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза истеҳсол шаванд ва дар бозорҳои ватаниву хориҷӣ мавқеъ пайдо кунанд. Ояндаи иқтисодиёти ҷаҳон маҳз ба соҳибкории «сабз» вобаста буда, ҷавонони моро низ мебояд, ки ба ин тарафи масъала ҷиддӣ назар кунанд ва таҷрибаҳои пешқадами мамолики пешрафтаро дар ин самт омӯзанд.
Ф. Тӯраев,
роҳбари бахши Мактаби тиҷорат ва соҳибкорӣ дар Сурхондарё.
Ш. Хидиров,
сармутахассиси мактаб.