Навоӣ: маориф бо дастовардҳои нав иди касбиро пешвоз гирифт

Имрӯз дар вилояти Навоӣ 1421 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 367 мактаб, аз ҷумла 7 мактаби ғайридавлатӣ, 7 мактаби махсусгардонидашуда, 1 мактаби Президентӣ ва мактаби ба номи Ал-Хоразмӣ фаъолият мекунанд.

Кормандони соҳаи маориф иди касбии худро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтанд. Аз ҷумла, дар соли 2026 нишондиҳандаи соҳиб шудани хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят ба сертификатҳои миллӣ ва байналмилалӣ қариб се баробар афзуда, онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 3 медали тилло, 9 нуқра ва 11 биринҷӣ шуданд.
Ҳамчунин, дар ҷамъбасти соли таҳсили 2025/2026 нишондиҳандаи қабули хатмкунандагони мактабҳои вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти олии давлатии кишвар 52,5 фоизро ташкил дода, вилоят аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб кард. Ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии давлатӣ нишондиҳандаи миёнаи соли гузашта, ки 93,23 холро ташкил медод, имсол қариб 20 хол афзуда, ба 112,78 расид.
Аз ҳама хушоянд он аст, ки ҳангоми қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ хатмкунандагони 17 мактаби таҳсилоти умумӣ натиҷаи 100-фоизаро нишон доданд. Соли гузашта ин нишондиҳанда 9 мактабро ташкил медод.
Албатта, ин дастовардҳо натиҷаи боло рафтани пайвастаи сатҳи касбии омӯзгорон — такягоҳи асосии сифати таълим низ мебошанд. Дар давоми як сол шумораи омӯзгорони дорои дараҷаҳои тахассусӣ аз 15 ҳазору 665 нафар ба 16 ҳазору 1 нафар ва шумораи омӯзгорони дорои дараҷаи олии тахассусӣ аз 4 ҳазору 877 нафар ба 5 ҳазору 411 нафар расидааст.
Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф омили муҳими рушди кишвар ба шумор меравад. Ба як гурӯҳ омӯзгорону мураббиёне, ки дар таъмини устувории ин дастовардҳо садоқат ва фидокории намунавӣ нишон додаанд, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон унвонҳои олии давлатӣ, ордену медалҳо супорида шуданд.
Ҳамчунин, ба омӯзгорону мураббиёни фидокор, соҳибтаҷриба, ташаббускор ва фаъол, ки дар соҳаи худ донишу маҳорати баланд нишон додаанд, «Ифтихорномаи» ҳокими вилоят, «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии қиматбаҳо тақдим гардид.

Темур ЭШБОЕВ, «Халқ сӯзи».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: