Дар зиндагии пурташвиш чӣ гуна худро ҳифз кунем?

Аз нуқтаи назари тиб, асабоният вокуниши табиии организм ба тағйироти муҳити беруна ва хатарҳост. Агар он дар ҳадди меъёр бошад, барои мутамарказ кардани диққат ва зудтар ҳал кардани мушкилот кумак мекунад. Аммо имрӯз бисёриҳо дар ҳолати фишори равонии доимӣ зиндагӣ мекунанд.

Мағзи сар ҳар як занги беҷавоб ё кори иҷронашударо гӯё ҳамчун хатар қабул карда, дар организм вокуниши стрессро ба вуҷуд меорад. Агар ин ҳолат моҳҳо ва солҳо идома ёбад, захираҳои организм тадриҷан коҳиш меёбанд. Дар натиҷа, реҷаи хобу ғизо вайрон шуда, қобилияти корӣ паст ва тамаркузи диққат душвор мегардад. Ҳамчунин асабоният, изтироби бесабаб ва хастагии эҳсосӣ пайдо шуда, мушкилоти вобаста ба саломатӣ бештар мешаванд.
Пас, стрессро чӣ гуна метавон идора кард?
Бале, маҳз ҳамин тавр. Муҳим он аст, ки аз мушкилот гурехтан не, балки муносибати солимро нисбат ба онҳо ташаккул диҳем. Барои идора кардани стресс ва баланд бардоштани тобоварӣ ба он, бояд чанд одати одӣ, вале муфидро ба зиндагии ҳаррӯзаи худ ворид кунем.
Кӯшиш кунед, рӯзро бо тамошои шабакаҳои иҷтимоӣ ва варақ задани навори хабарҳо оғоз накунед ва бо ҳамин кор ҳам ба анҷом нарасонед. Ҳадди ақал як-ду соат дур будан аз дастгоҳҳои рақамӣ ба мағзи сар имкон медиҳад, ки истироҳат кунад ва иттилооти ҷамъшударо коркард намояд.
Ҳамеша ба ҳама «ҳа» гуфтан низ метавонад боиси хастагии равонӣ гардад. Аз ин рӯ, муайян кардани ҳудуди шахсӣ ва вақти худ, инчунин омӯхтани «не» гуфтан ба таври боадабона, вале қотеъона муҳим аст.
Фаъолияти ҷисмонӣ низ дар идора кардани стресс нақши муҳим дорад. Сайругашт дар ҳавои кушод, анҷом додани машқҳои сабук ё машғул шудан ба варзиши дӯстдошта метавонад ба беҳтар шудани рӯҳия мусоидат кунад. Ҳамзамон, дар давоми рӯз 10–15 дақиқа вақт ҷудо карда, бе телефон ва бе мусиқӣ, танҳо дар хомӯшӣ нишастан низ муфид аст.
Хоби кофӣ бошад, яке аз асосҳои муҳими солимии равонӣ ва ҷисмонӣ ба шумор меравад. Кӯшиш кунед, ҳар рӯз дар як вақт хоб рафта, дар як вақт бедор шавед. Бегоҳ китоб хонед, души гарм қабул кунед ё ба мусиқии орому таскинбахш гӯш диҳед.
Дар ҷаҳони муосир ҳамеша машғул будан ва шитоб кардан гӯё нишонаи муваффақият ба назар мерасад. Аммо зиндагии самаранок танҳо аз бисёр кор кардан иборат нест. Он аз нигоҳ доштани мувозинати ботинӣ оғоз меёбад. Оромии рӯҳӣ ба инсон имкон медиҳад, ки на танҳо мушкилотро паси сар кунад, балки аз зиндагӣ низ лаззат барад.
Тибқи қоидаҳои бехатарӣ дар ҳавопаймо, ҳангоми зарурат аввал бояд ниқоби оксигенро ба худ ва сипас ба шахси паҳлуятон гузоред. Ғамхорӣ ба саломатии равонӣ ва ҷисмонӣ низ ҳамин гуна аст. Мо бояд дарк кунем, ки танҳо вақте ба худ дуруст ғамхорӣ мекунем, метавонем ба атрофиён низ бештар кумак ва нафъ расонем.

Шоҳсанам НИЁЗМЕТОВА,
омӯзгори филиали Урганҷи Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони миёнаи тиббӣ

Ishonch.uz

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: