Вақте ростқавлӣ аз ташхиси нодуруст муҳимтар аст

Замоне ки мо донишҷӯ будем, дар шуъбаи бемориҳои дил устоде доштем, ки яке аз беҳтарин омӯзгорони мо ба ҳисоб мерафт. Ӯ аз ҳар фурсат истифода мебурд, то ба мо нуктаи наве омӯзонад ва донишашро ба таври беҳтарин ба мо интиқол диҳад.

Дар рӯзҳои аввали таҷрибаомӯзӣ ӯ моро назди як ҷавони навбистаришуда бурд.
Пас аз салом ва эҳтиром ба бемор гуфт:
— Агар иҷозат диҳед, ин ҳамкорони ман низ қалби шуморо муоина кунанд.
Ҷавон розӣ шуд.
Устод ба мо, ки аз донишҷӯёни таҷрибаомӯз ва коромӯзон иборат будем, рӯ оварда гуфт:
— Ҳар яки шумо бо диққат ба садои қалби бемор гӯш диҳед. Ҳар чизеро, ки мешунавед, дар коғаз навишта, ба ман диҳед.
Ҳадафи устод ин буд, ки ҳар кас дар сурати ташхиси нодуруст додан, дар назди дигарон шарманда нашавад.
Мо бо навбат қалби беморро муоина карда, хулосаи худро навишта, ба устод супоридем. Ҳама бесаброна интизор будем, ки кадоме аз ташхисҳо дуруст аст.
Устод навиштаҳои моро як ба як хонда, ба ҷавобҳои гуногун дучор шуд: яке баланд шудани суръати тапиши дилро қайд карда буд, дигаре аз номунтазамии ритм навишта буд. Яке гуфта буд, ки тапиши дил муқаррарӣ аст, дигаре садои сусти «галоп»-ро шунида буд. Бархе аз фарбеҳии бемор ва норавшан шунида шудани садоҳо гуфта, дигаре мавҷудияти садои иловагиро дар яке аз нуқтаҳои шунидани дил зикр карда буд.
Устод чанд лаҳза хомӯш монд. Мо мунтазир будем, ки ӯ яке аз ҷавобҳоро дуруст эълон мекунад.
Аммо ӯ бо тааҷҷуби мо гуфт:
— Мутаассифона, ҳамаи ин ҷавобҳо нодурустанд.
Сипас коғази охиринро, ки дар даст дошт, боло бардошт ва гуфт:
— Танҳо ҳамин ҷавоб метавонад ба ҳақиқат наздик бошад. Зеро муаллифи он, бешубҳа, инсони ростқавл аст ва метавонад дар оянда табиби моҳир шавад.
Дар коғаз чунин навишта шуда буд:
«Мутаассифона, аз сабаби камтаҷрибагӣ ман қодир нестам ягон садои ғайримуқаррариро бишнавам».
Мо бо ҳайрат ба устод менигаристем.
Ӯ идома дод:
— Ман намефаҳмам, вақте ки ин бемор декстрокардия дорад ва қалбаш дар тарафи рости қафаси сина ҷойгир аст, шумо чӣ гуна тавонистед ҳамаи ин садоҳои гуногунро дар тарафи чапи қафаси сина бишнавед?
Сипас устод ба мо гуфт:
— Бачаҳои хуби ман, аз ҳамин ҳоло, вақте ки донишҷӯ ҳастед, як чизро дар хотир доред: ташхис дода натавонистан айб нест. Аммо дар асоси муоинаи нодуруст ташхиси нодуруст гузоштан хатои бузург аст ва метавонад барои бемор оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад.
Дар тиб дақиқӣ, ростқавлӣ ва таҷриба аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Табиб бояд пеш аз хулоса баровардан ҳар як ҷузъиёти муоина ва маълумоти беморро ба назар гирад.

Баъзан иқрор шудан ба он ки «намедонам» ё «нашунидам», аз додани ташхиси нодуруст хеле масъулиятноктар аст. Зеро як иштибоҳи хурд дар ташхис метавонад ба қарори нодуруст ва дар ниҳоят ба саломатии инсон таъсир расонад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: