Дар Бозиҳои Осиёии Aichi-Nagoya-2026 муштзан Абдумалик Халоков ва дзюдочӣ Музаффарбек Тӯрабоев соҳиби медалҳои тилло шуданд.
Узви дастаи мунтахаби Ӯзбекистон оид ба бокс Абдумалик Халоков дар вазни то 60 кг бори дуюм қаҳрамони Бозиҳои Осиё гардид. Ӯ дар рақобати ниҳоӣ бо муштзани Кореяи Ҷанубӣ Кан Донгхван рӯбарӯ шуда, бар рақибаш ғолиб омад ва медали тиллоро ба даст овард.
Ҳамчунин, намояндаи тими миллии Ӯзбекистон оид ба дзюдо Музаффарбек Тӯрабоев низ бори дуюм қаҳрамони Бозиҳои Осиё шуд. Ӯ дар финали вазни беш аз 100 кг варзишгари кишвари мизбонро мағлуб карда, ба зинаи баландтарини шоҳсуфа баромад.