Назорати экологӣ барои чӣ зарур аст?

Имрӯз ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти экологӣ ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини стратегӣ табдил ёфтааст.

Камбуди об, ифлосшавии ҳаво, афзоиши ҳаҷми партовҳо ва дигар мушкилоти глобалӣ зарурати мунтазам ва холисона арзёбӣ кардани таъсири фаъолияти иқтисодӣ ба табиатро ба миён меоранд. Дар чунин шароит аудити экологӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Дар ин замина, низоми аудити экологӣ, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи аудити экологӣ» муайян шудааст, барои мустақилона арзёбӣ кардани мутобиқати фаъолияти истеҳсолӣ ва дигар равандҳои субъектҳои ба муҳити зист таъсиррасон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои соҳаи экология, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои «сабз» ва такмили низоми менеҷменти экологӣ заминаи муҳими ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Қонуни мазкур, ки соли 2021 қабул шудааст, муносибатҳои вобаста ба гузаронидани аудити экологӣ, инчунин фаъолияти аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудити экологиро танзим мекунад.
Аудити экологӣ чист? Агар содда гӯем, аудити экологӣ санҷиш ва арзёбии мустақилонаи он аст, ки корхона то чӣ андоза талаботи экологиро дар фаъолияти худ риоя мекунад.
Масалан, мутобиқати фаъолияти корхона ё коргоҳи истеҳсолӣ ба талаботи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба таври низомнок омӯхта ва арзёбӣ мешавад. Дар ин раванд ба партовҳои ба атмосфера хориҷшаванда, обҳои партов ва низоми тозакунии онҳо, нигоҳдорӣ ва безараргардонии партовҳои истеҳсолӣ, истифодаи захираҳои замин ва об, иҷозатномаҳои экологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, инчунин риояи талаботи қонунгузории экологӣ аз ҷониби корхона таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.
Чунин омӯзиш барои ба таври низомнок муайян кардани он ки корхона мутобиқи қонунгузории экологӣ фаъолият мекунад ё не ва дар кадом самтҳо хавф ё камбудии экологӣ вуҷуд дорад, аҳамияти муҳим дорад. Яъне, ҳадафи асосии аудити экологӣ муайян кардани вазъи экологии корхона, пешакӣ ошкор намудани мушкилоти мавҷуда ва андешидани чораҳо барои бартараф кардани онҳо мебошад.
Масалан, дар натиҷаи аудит муайян карда шавад, ки дар ягон корхона ҳисоби партовҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст, дар низоми тозакунии обҳои партов камбудӣ вуҷуд дорад ё талаботи марбут ба партовҳои ба атмосфера хориҷшаванда риоя намешавад. Дар ин ҳолат барои бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда чораҳои зарурӣ таҳия карда мешаванд. Ин бошад, барои сари вақт ошкор ва бартараф кардани мушкилоте, ки ба муҳити зист ва экология зарар мерасонанд, омили муҳим ба ҳисоб меравад.
Аудити экологиро на корманди одии корхона, балки ташкилоти аудити экологӣ анҷом медиҳад. Аудит дар асоси шартномаи байни фармоишгар ва ташкилоти аудити экологӣ гузаронида мешавад.
Тибқи тартиби амалкунанда, барои субъектҳои аудити экологие, ки ба муҳити зист таъсири зиёд ё миёна мерасонанд, гузаронидани аудити экологӣ ҳамасола ҳатмӣ мебошад. Дар субъектҳое, ки таъсири онҳо ба муҳити зист кам ё нисбатан ночиз буда, хусусияти маҳаллӣ дорад, аудит ихтиёрӣ гузаронида мешавад.
Аудити экологӣ ҳамчун яке аз шаклҳои назорати экологӣ дар ҳифзи муҳити зист ва пешгирии мушкилоти экологӣ аҳамияти муҳим дорад.

Муҳтарама Комилова,
ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: