Шаҳзодаи Самарқандӣ (Назарова), нависанда ва шоири тоҷики муқими Ҳолланд, номзад барои ба даст овардани ҷоизаи солгарди нашрияи бритониёии “Hertfordshire Press” бо унвони “Беҳтаринҳои як насл” дар бахши “Беҳтарин нивисандаи зани як насл” шудааст.
Дар ин бора худи ин адиби тоҷик дар саҳифаи “Фейсбук”-аш хабар дод.
Ба иттилои нашрияи “Hertfordshire Press”, ҷоизаи 25-умин солгарди он ба нависандагон, китобҳо ва ғояҳое тақдим мешавад, ки дар шаклгирии мероси фикрӣ ва адабии ин интишорот дар тӯли як насл нақш доштаанд.
Маросими ҷоизасупории “Hertfordshire Press” аз 3 то 5-уми декабр дар шаҳрҳои Лондон ва Гриноки Бритониё баргузор мешавад. Дар ин чорабинӣ нависандаҳои барҷаста, чеҳраҳои фарҳангиву илмӣ, рассомон ва намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ иштирок мекунанд ва номи барандаҳои ҷоизаҳои нашриёти мазкур дар рӯзи охир эълом мешавад.
Нашрияи “Hertfordshire Press” гуфтааст, ки аз ҳузури Шаҳзодаи Самарқандӣ дар миёни ширкаткунандагони ин рӯйдод истиқбол мекунад.
Ин нашрия аз соли 2019 инҷониб ҷоизаҳои “Беҳтаринҳои як насл”-ро ба муаллифони худ медиҳад ва ҳангоми арзёбии асарҳо илова ба маҳорати адабӣ, иртиботи асар ба масоили рӯз ва таъсири фарҳангии онро низ ба назар мегирад .
Шаҳзода Самарқандии 51-сола беш аз ду даҳсола аст, ки дар Ҳолланд зиндагӣ мекунад ва узви созмони байналмилалии нивисандагон аст. Ӯ зодаи Самарқанд ва муаллифи чанд румон, аз ҷумла “Регистон”, “Синдроми Стокҳолм” ва “Замини модаро” аст.