Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 октябр вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Дания Ларс Лёкке Расмуссенро, ки бо сафари расмӣ ба кишварамон омадааст, қабул кард.
Ҷанбаҳои амалии тавсеаи муносибатҳои Ӯзбекистону Дания дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
Ба таври назаррас фаъол шудани ҳамкориҳои дуҷониба бо қаноатмандӣ зикр гардид. Соли гузашта аввалин сафири Ӯзбекистон дар Дания, ки қароргоҳаш дар шаҳри Стокҳолм аст, таъин шуд. Соли ҷорӣ Дания намояндаи махсуси худро оид ба Осиёи Марказӣ таъин кард.
Солҳои охир ҳаҷми гардиши савдои мутақобила қариб панҷ баробар афзоиш ёфтааст. Дар Ӯзбекистон бо иштироки ширкатҳои пешсафи Дания дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, саноати кимиё ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, таъминоти об ва дигар самтҳо лоиҳаҳои муштарак амалӣ мешаванд.
Боз ҳам афзун намудани ҳаҷми савдои мутақобила, ҷалби сармоя, технологияи пешрафта ва ноу-хауи Дания ба соҳаҳои энергетика, дорусозӣ, нақлиёту логистика, маҷмааи агросаноатӣ ва дигар самтҳои ояндадор муҳим арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки барои рушди робитаҳо дар бахшҳои таълим, фарҳанг ва сайёҳӣ низ имкониятҳои назаррас мавҷуданд.
Инчунин роҷеъ ба масъалаҳои мубрами дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар анҷоми мулоқот аз рӯйи таҳкими минбаъдаи асосҳои институтсионалӣ ва шартномавию ҳуқуқӣ барои тавсеаи бонизоми ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд.