Анҷумани байналхалқии зери унвони «Ӯзбекистон – ватани ягона», ки дар тӯли ду рӯз дар Қароқалпоқистон зери шафоати Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони хориҷӣ баргузор гардид, қариб аз тамоми гӯшаи мамлакат вакилони қавму миллатҳои гуногунро гирди ҳам овард.
Онҳо дар навбати худ, дар гирди марказҳову ҷамъиятҳои милливу мадании худ ҷамъ омадаанд ва ба ин васила арзишу ормонҳои фарҳангӣ, миллӣ ва ҳунарии худро ҳифзу нигоҳдорӣ мекунанд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 157 маркази миллӣ дар фаъолият асту ҳар яки он дар назди худ нектарин ва муфиду маданитарин вазифаҳоро гузоштааст. Дар ин хусус дар рӯзи аввали анҷуман намояндагони беш аз даҳ маркази милливу фарҳангии ҷумҳурӣ аз ҳудудҳои мухталиф бо ҳозирон гузориш доданд, ки баъзе аз онҳо омӯхтанӣ ва ибратпазир ҳам буданд.
– Аз вилояти Сурхондарё на танҳо ман, боз чаҳор вакил аз чор ноҳияи вилоят бо ман ба анҷуман омадаанд, – мегӯяд раиси Маркази мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё Рамазон Абдуллоев. – Дар ноҳияҳои Бойсуну Олтинсой, Узуну Сариосиё ва Деҳнав ҷамъиятҳои мадании мо хеле фаъоланд ва дар ин гӯшаҳои вилоят онҳо аз мероси фарҳангиву адабӣ ва арзишҳои муосири худ қадр ва ҳифз менамоянд.
Рӯзи дуюми анҷуман бевосита бо мӯҳтавои рӯзи аввал вобаста буд ва он агарчи дар толор ва ҷамъомади умумӣ барпо нагардид, мисоли равшан ва ибратпазири ҳамзистии қавму динҳои гуногун дар сарзамини Қароқалпоқ буд.
Аввал зиёрат ва сайр ба ноҳияи Хуҷайлӣ, ки роҳи нимсоата аз Нуқус буд, ташкил карда шуд, ки меҳмонони ватаниву хориҷӣ аз қабристони ҳазорсола дидан намуданд. Ин мазор, ки ҳоло ҳам дар он маитҳо дафн карда мешаванд, 76 гектарро фаро гирифта, дар замонҳои гуногун шайху амиру хонҳо низ дар он дафн карда шудаанд.
Роҳбалади мо аз ҳокимияти маҳаллӣ Рустам Туренов, ки худ донандаи хуби таърихи ин қабристон низ будааст, гуфт, ки соли гузашта қариб 300 ҳазор сайёҳ аз ин маҷмаа ва қабристони қадимӣ дидан намуданд ва интизор меравад, ки имсол то 500 ҳазорро қабул кунем.
Шоистаи зикр аст, ки аз рӯйи тахминҳо яке аз мақбараҳои асри XIX ба Мадаминхон писари Алиқулихон, ки хони ҳафтуми сулолаи хонҳои қӯнғироти Хева (1845-1855) аст, мутааллиқ мебошад. Ин қабристон бо номҳои гуногун, аз ҷумла «Маздакхон» низ ёд мегардад, ки дар ин ҷо санаҳои асрҳои III-IV низ сабт гаштаанд.
Бинобар суханони Рустам Туренов, замоне, ки истилои Чингизи муғул ба ин ҷо расид, аввалин қурбонии он ин шаҳри 30-ҳазорнафара гардид, ки пас аз он ин макон ба қабристон бадал гардид.
Дар ин ҷо инчунин аз мақбараи Ҷомарт (Ҷавонмард) Қассоб низ зикр гаштааст, ки бинобар маънои исмаш аз баҳодурон ва муборизони замони худ будааст.
Дар яке аз нуқтаҳои баланди қабристон қасри зеризаминие ба мо нишон дода шуд, ки онро метавон нигини ин маҷмааъ номид. Онро ба мо чун Саройи зеризаминӣ муаррифӣ карданд, ки то бехи гунбазаш дар рӯйи замину қисми асосии он пурра дар зери хок ҷойгир шудааст ва чанд гӯр низ он ҷо мавҷуд, ки дар ин хусус ривоятҳои зиёд мавҷуд будааст. Саройро охирҳои солҳои 60-уми асри гузашта археологҳо ҳангоми ҳафриёт аз зери замин пайдо кардаанд. Ҷолиби диққат аст, ки як қисми қабристон ба мазори авестоиён мансуб аст, ки ин далел аз он аст, ки мазор таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Ҳамин тариқ, қабристон макони охирони қавму ҳалқҳои мухталиф дар замонҳои гуногун гаштааст, ки боз як далели гуногунмиллатии ин сарзамин мебошад.
Осорхонае, ки дидани он ба мо муяссар гардид, маҳалли дигари боздидамон буд, ки метавон онро «гавҳари ин сарзамин» номид. Осорхонаи давлатии санъати Қароқалпоқистон ба номи Игор Савитский, ки дар Нуқус ҷойгир шудааст, (дар сурат) дар як вақт метавонад фақат як фоизи хазинаи худро ба намоиш гузорад, зеро барои бештар аз он инҷо имконият вуҷуд надорад.
Игор Савитский, ки худ зодаи Киев асту тақдирашро ба Қароқалпоқистон узван пайвастааст ва ҳатто дар Нуқус дафн намуданашро васият намудааст, тамоми умри 69-солаи худро барои омӯзиш ва ҷамъоварии осори гузаштаву имрӯзаи ин воҳа ва на танҳо ин воҳа бахшидааст.
Осорхона соли 1966 кори худро шурӯъ намудааст, ки ҳоло барҳақ якумин дар Осиёи Марказӣ ва дувумин дар ҷаҳон «Русский авангард» ба ҳисоб меравад ва ҳоло ҳар моҳ аз он беш аз чаҳор ҳазор сайёҳ дидан мекунад.
Ин музей ҳам тимсоли боз як рӯҳ ва арзиши байналмилалии сарзаминамон мебошад, ки бо ҳамдастӣ ва ҳамбастагии тамоми милали мамлакат бунёд гардида, чун мисоли сармояи асосии ҷамъият ва диёр ҷилва мекунад, ки мақсад ва ҳадафи аслии анҷумани мазкурро равшан ва дақиқ ифода менамояд.
Тоҷибой Икромов,
Тошканд – Нуқус – Тошканд.
Аксбардор:муаллиф.