Табиат мекунад моро табобат

Ҳангоми кашиши рагҳои пой

Агар рагҳои пой кашиш хӯранд, бояд пиёзчой тайёр карда нӯшид. Барои ин шабона ба як пиёлаи калон 1 қошуқ пӯсти майдашудаи пиёзро андохта, дам мекунанд. Баъд аз 1–1,5 соат онро аз дока гузаронида, каме гарм мекунанд ва пеш аз хоб менӯшанд. Муолиҷа то бартараф шудани рагкашӣ идома дода мешавад. Баъзан, кашиши рагҳои пой рух надиҳад ҳам, барои пешгирӣ метавон ин чойро нӯшид.
 
Ҳангоми пайдо шудани пина (қадоқ, мозол) дар пой
 
Як дона пиёзро дар сиркои қавӣ 3–4 рӯз нигоҳ медоранд. Сипас як қабати пиёзро гирифта, шабона ба ҷойи пина бо матоъ мебанданд. Қадоқ пурра аз байн меравад.
 
Ҳангоми бӯи нохуши пой
 
Агар аз пой бӯйи нохуш ба димоғ занад, ним кило решаи росан (қора андиз)-ро дар 2 литр об 5–6 дақиқа ҷӯшонда, тӯли ду моҳ ҳар рӯз то хунук шуданаш пойи худро дар даруни он нигоҳ доштан лозим аст.
 
Усули осонтарини лоғаршавӣ
 
Шумо метавонед аз машқҳои ҷисмонӣ шиноварӣ, машқҳои саҳаргоҳӣ ё велосипедрониро интихоб кунед, аммо ҳеч кадоме аз онҳо дар кам кардани калорияи зиёдатӣ мисли давидан самаранок нестанд. Муқоиса кунед:
1 соат машқи мушакҳо – 700 калория;
1 соат велосипедронӣ – 450–550 калория;
1 соат бозии тенниси калон – 480–550 калория;
1 соат давидан – барои нобуд кардани 720–900 калорияи зиёдатӣ мусоидат мекунад ва ба лоғаршавӣ кумак мерасонад.
 
Ҳангоми сӯхтан аз оташ
 
Вақте либоси тан оташ мегирад, одам одатан худро ба ҳар тараф мезанад, ки дар натиҷа оташ бештар аланга мегирад. Дар чунин ҳолат яке аз вазифаҳои асосӣ – аз ҷойи оташ берун овардани шахси осебдида, алангаро хомӯш намудан ё либоси оташгирифтаро аз тан кашидан мебошад. Либосро зуд хомӯш кардан лозим аст. Барои ин шахси ҷароҳатдидаро зуд ба кӯрпа мепечонанд. Дар ин ҳангом аз матои ғафс истифода намудан ҳам мумкин аст. Либосро аз ҷойҳои сӯхтаи он бурида мегиранд. Дар 20 дақиқаи аввал ҷойҳои сӯхтаро бо оби хунук мешӯянд ё дар даруни он нигоҳ медоранд. Ин барои камтар шудани дард,  пешгирии ҷароҳати вазнин хидмат мекунад.
 
Барои мустаҳкам кардани организм
 
Чойи витаминдор организмро мустаҳкам мекунад. Барои омодасозии чунин чой хуч (шиповник), тамашк (малина) ва қарақот (черника)-ро ба миқдори баробар мегиранд. Ду қошуқ омехтаро ба зарфи сарпӯшдор андохта, аз болояш як истикон оби ҷӯш мерезанд, сарпӯшро пӯшида, як муддат дам медиҳанд. Сипас аз дока мегузаронанд. Баъдан мувофиқи табъ шакар ё асал андохта, дар як рӯз 2 маҳал нимистиконӣ менӯшанд.
 
Тоза кардани организм
 
Баргҳои ҷаъфарӣ (петрушка)-ро шуста, майда реза кунед, решаашро аз сӯрохчаҳои хурди турбтарош гузаронед ва бо баргҳои ҷаъфарӣ омехта намоед. Як истикон маҳлулро ба дегча андохта, аз болояш 2 истикон оби ҷӯш резед (агар баргҳо аз як истикон кам бошад, миқдори обро ҳам кам кардан лозим аст). Сипас сарпӯшро гузошта, як шабонарӯз нигоҳ доред. Ҳар субҳ ним истикон аз ҳамин ҷӯшоба бинӯшед. Муолиҷа 10 рӯз давом мекунад, баъд 2 рӯз танаффус карда, боз такрор намудан мумкин аст.
 
(Давом дорад).
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
А. РӮЗИМАТОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: