Никоҳ на қарори шахсӣ, балки масъулият аст

Маълум аст, ки оила қалъаи муқаддас ва арзиши муҳимтарин дар ҳаёти ҳар як инсон ба шумор меравад.

Аммо барои мустаҳкам будани оила никоҳ низ бояд дар асоси қонун бунёд шавад. Мувофиқи қонунгузории оилабандӣ ақди никоҳ ихтиёрӣ буда, он дар асоси изҳори озодонаи ризоияти ҷавонони никоҳшаванда сурат мегирад. Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ӯзбекистон – ҳифзи ҳуқуқи занон, саломатии пиру барно ва фароҳам овардани шароит барои рушди ҷавонон мебошад. Бо ин мақсад, тағйироти ба Кодекси оила воридшаванда, яъне дар 18-солагӣ муайян кардани ақди никоҳ барои мардон ва занон, як қадами муҳим ба талаботи замон ва меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардид. Аммо ба никоҳи маҷбурӣ роҳ дода намешавад ва барои ин ҷазо  муайян шудааст. Никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) баста мешавад. Дар ин ҳолат шахсони никоҳшаванда бо ариза дар бораи бастани никоҳ ба ин идора муроҷиат мекунанд ва ин ҷараён пас аз 1 моҳ бо иштироки худи онҳо амалӣ мегардад. Пас аз супоридани ариза шахсони никоҳшаванда дар муассисаҳои тиббии давлатӣ ба таври ройгон (бепул) аз муоинаи тиббӣ мегузаранд. Бастани никоҳ байни шахсоне, ки бинобар бемории рӯҳӣ аз ҷониби суд ғайриқобили амал эътироф шудаанд, роҳ дода намешавад. Қонунгузории кишвар барои он ки ин интихоби масъулиятноки мо дар роҳи дурусту солим бошад, баъзе маҳдудиятҳоро муайян кардааст. Ин маҳдудиятҳо қоидаҳои муҳиме мебошанд, ки ояндаи одамон, тақдири фарзандон ва устувории оилавиро дар ҷомеа ҳифз мекунанд. Бинобар ин, дар муносибатҳои никоҳӣ шитоб накарда, бо шуури баланд ва масъулият қарор қабул кардан зарур аст. Мувофиқи қонунгузории мо, бастани никоҳ байни хешовандон, яъне тағо ва амак, амма ва хола бо ҷиянҳои худ роҳ дода намешавад. Барои воқеан ба муносибатҳои никоҳӣ дохил шудан бо шахси ба синни никоҳ нарасида ҷазои маъмурӣ муайян карда шудааст. Набояд фаромӯш кард, ки бунёди оила масъулияти бузург дар назди ҳамсар ва фарзандон мебошад. Сад афсӯс, ки ҳангоми талоқ тарафҳо ва махсусан, фарзандон ба вазъияти вазнини моддӣ гирифтор мешаванд. Роҳбари давлат дар ҷамъомадҳои марбут ба ин соҳа борҳо таъкид менамояд, ки ҳолатҳои аз супоридани алимент саркашӣ кардани баъзе падару модарон, бо қарзҳои кредитӣ партофта рафтани оилаву фарзандони худ, инчунин оқибатҳои манфии никоҳҳои бармаҳал ва байни хешовандони наздик бояд ҳамаро – ҳокимон, «ҳафтгонаи маҳалла», нурониён ва тамоми ҷомеаро сахт нигарон кунад. Дар суди шаҳрвандии байниноҳиявии мо қариб ҳар рӯз масъалаҳои марбут ба бекор кардани никоҳ, ситондани алимент ва низоъҳои оилавӣ аз ҷониби судяҳо дида баромада шуда, хулосаҳои дахлдор эълон карда мешаванд. Аммо ҳар гуна ҳаракате, ки барои вайрон кардани оила нигаронида шудааст, аз назари иҷтимоӣ ва назариявӣ номақбул буда, барои миллат ва халқи мо иллат аст. Фаромӯш накунем, ки барқарори оилавӣ ва муҳаббат – бузургтарин ва мустаҳкамтарин муҳаббатест, ки байни мардум намоён мегардад. Оила ба ҳаёти инсон бахт оварда, ба он файзу баракат мебахшад. Доир ба ҳамин мавзӯъ мақолаи сархатиби ноҳияи Сариосиё Ф. Кароматуллоҳ таҳти мавзӯи «Тӯй як рӯз аст, аммо оила як умр»  (12. 09. 2026,№72) дар саҳифаи «Овози тоҷик» рӯйи чопро дид.

Муаллиф менависад: «Тӯй як рӯз аст, аммо оила як умр. Ин ҷумла бояд барои ҳар як падару модар ва ҳар як ҷавон дарси зиндагӣ бошад. Анъанаҳои хубро нигоҳ дорем. Бояд таъкид кунем, ки мубориза бо исрофкорӣ маънои аз байн бурдани фарҳанг ва анъанаҳои миллиро надорад. Биёед аз худ бипурсем: оё барои мардум зиндагӣ мекунем ё барои фарзанд, ...»

Танҳо касе бахтиёр аст, ки аввало дар хонаи худ хушбахт бошад. Никоҳ – ифодаи муносибатҳои байни мард ва занест, ки аз ҷиҳати мустақилият комилан баробарҳуқуқанд. Ман ҳамеша дар ҷараёни муҳокимаи суд, махсусан ба тарафҳо такрор ба такрор мегӯям: занҳо – мураббии бузург барои мардон ҳастанд. Яке аз бузургон чунин навиштааст: «Ҳамсари оқилаи ман! Агар хоҳӣ, ки шавҳарат дар паҳлӯят бошад, чунон кӯшиш кун, ки ӯ дар ҳеҷ ҷо мисли ҳузури ту ба роҳату фароғат ва нармдилӣ дучор наояд». Меҳри оилавӣ омили асосии фузунгардии насли инсон аст, аммо хислати бадахлоқона шоҳасари табиат – оиларо барбод месозад.

Юлдуз Муҳаммадиева,

судяи суди байниноҳиявӣ доир ба корҳои шаҳрвандии

ноҳияи Тайлоқи вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: