Баланд бардоштани қувва (тонус)-и организм
Карам холестерин ва моеъҳои зиёдатии организми инсонро хориҷ мекунад ва аз дарди артерияҳо (атеросклероз) пешгирӣ менамояд. Масуният (иммунитет)-и организмро қавӣ гардонда, ба муборизаи самарабахш бар зидди сироятҳо кумак мекунад. Ҳамчунин, барои зуд шифо ёфтани захмҳои бадан мусоидат менамояд, устухонҳоро мустаҳкам карда, сири дандонро барқарор мекунад, мубодилаи моддаҳоро беҳтар мегардонад, фаъолияти бофтаҳои пайвасткунандаро хубтар карда, баданро солим ва шахсро ҷавон нигоҳ медорад.
Барои хориҷ кардани намакҳои зиёдатӣ
Аз решаи ширинбия (қизилмия, солодка), мушхор (лопух, қариқиз), қоқу (момоқаймоқ) ва гули газна (крапива) – ҳар кадом 2 қошуқӣ гирифта, майда кунед. Аз ин омехта 4 қошуқро ба қумқума (термос) андохта, аз болояш 1 литр оби ҷӯш резед. Шабона дам карда монед. Рӯзе 3-4 маҳал нимистиконӣ бинӯшед. Решаи қоқу дар хориҷ кардани сафро воситаи хуб ба ҳисоб меравад. Як маром хориҷ шудани сафро дар навбати худ ба ҳал шудани намак мусоидат мекунад.
Барои нест кардани гӯшти зиёдатӣ
Агар сурма моланд, гӯшти зиёдатии дар захм пайдошударо нест мекунад.
Ҳангоми остеохондроз
Шумо метавонед аз воситаи омодаи дорухона – пластири қаламфурин (перцовий пластир) низ истифода баред. Он ҳангоми остеохондроз ва дарди буғумҳо муфид аст. Пластирро бояд ба ҷойи дарднок гузошт. Агар нисбат ба дарди маъмулӣ бештар сӯзиш диҳад, пластирро гирифта, ба пӯст вазелин молидан лозим аст.
Ҳангоми варами гӯш (отит)
Ҳангоми варами гӯш 1 литр шарбати лимӯ ва 1 дона лимӯро мегиред. Нахуст лимӯро аз гӯштқимакунак гузаронда, ба он шарбати лимӯи тайёр (саноатӣ)-ро омехта кунед. Ин шарбатро рӯзе 1–2 истикон ҳангоми табобати отит бинӯшед.
Ҳангоми офтоб задан
Ҳангоми офтоб задан на танҳо бадан гарм мешавад, балки пӯст ҳам сӯхтанаш мумкин. Агар сабук сӯзад (пӯст сурх шуда, варам кунад ва ҳангоми ламс дард эҳсос шавад), ба он вазелин ё равғани растанӣ молидан кифоя аст. Агар 3–4 рӯз аз нурҳои офтоб худро эҳтиёт кунед, осеб худ аз худ бартараф мешавад.
Барои ба тартиб овардани фаъолияти рӯдаю меъда
Ба 10 г (3 қошуқ) судаи гулбаргҳои гули бемарг (бӯзноч) 200 мл (1 истикон) обро, ки ҳарорати хонаро дорад, андозед. Зарфро пӯшида, 30 дақиқа дар оби ҳаммом гарм кунед ва зуд-зуд омехта намоед. Баъд хунук карда, соф кунед ва то 200 мл шудани он об илова намоед. Дар як рӯз 3–4 маҳал, 10–15 дақиқа пеш аз хӯрок, 1 қошуқӣ истеъмол кунед. Омехтае, ки аз гулбаргҳои гули бемарг омода шудааст, хусусиятҳои пешобронӣ, тағйир додани таркиби кимиёвии сафро ва ба танзим даровардани фаъолияти меъдаву рӯдаро дорад.
Ҳангоми бемориҳои меъда
0,5 кг гулкарам, 1 дона тухми ҷӯшонидашуда, 2 қошуқ пиёзи сабзи резашуда, 1 қошуқ равғани зайтун, 1 қошуқча сиркои себ ё ангур, 1 қошуқча шакар, мувофиқи табъ намак, мурч, зиравор ва кабудиҳо гирифта мешавад. Пеш аз пухтани гулкарам, онро аввал ним соат дар оби хунуки каме шӯр нигоҳ доштан лозим аст. Сипас, дар оташи паст оҳиста ҷӯшонида мепазанд. Гулкарами пухтаро ба қисмҳо ҷудо карда, бо сирко, шакар, намак, мурчи сиёҳ ва равғани зайтун омехта мекунанд. Хӯроки омодашударо ба табақ кашида, аз болояш тухм ва пиёзи порашударо пошида, рӯйи дасторхон мегузоранд.
Ҳангоми бемориҳои қисмати меъдаву рӯда, инчунин дар баъзе ҳолатҳои сустии ҷинсӣ, истеъмоли ин хӯриш мувофиқи мақсад мебошад. Бахусус, барои шахсоне, ки аз тапиши дил (хафақон), фарбеҳӣ ва диабети қанд азият мекашанд, фоидабахш мебошад. Пеш аз наҳорӣ ва бидуни омехта бо дигар хӯрокҳо истеъмол намудан тавсия мешавад. Ҳамчунин якҷо бо шарбати сабзӣ истеъмол намудан низ муфид аст.
(Давом дорад).
Таҳияи З. ҲАМДАМОВА,
А. РӮЗИМАТОВ.