Мӯйсафедро дар деҳаи Ғелони ноҳияи Шаҳрисабз бо эҳтиром Абдукарими муаллим мегӯянд.
Ин ифодаи лаболаб аз самимият зуд-зуд аз забони пиру барнои деҳа берун омада, ба гӯшҳои омӯзгори солхӯрда аҷаб форам менишинанд. Ё ягон-ягон шогирдони баоқибат чун Рӯзибойи Қурбониён, Карим Халил... муаллимро «Устод Ҷумъаев» ном мебаранд, ки ӯро боз ҳам ба домани сурур мекашанд. Вақте ба номаш вожаҳои «муаллим» ё «устод»-ро изофа кардаву садо мезананд, дили мӯйсафед аз фараҳ лабрез мегардад. «Пас, хидматҳои ӯ дар назди халқу ватан барабас нарафта, ҳанӯз меҳраш дар дили шогирдон пойбарҷост» – хаёле қомати хамидааш як ваҷаб сабзида, аз дил мегузаронад Абдукарим Ҷумъаев.
Вақте вориди ҳотаи саросар сабзи ин омӯзгори куҳансол гаштем, Абдукарим Ҷумъаев чун одат дар рӯи як хараки пуштакдор нишаста, нигоҳи баҳасрати худро гоҳ ба самти деҳа ва гоҳе ба қади дарахтони ғарқи мева бурда, шояд аз гузашти шитобони умр меандешид. Чун саломгӯён аз бараш ҷой гирифта, ҳол пурсидем, ногоҳ чашмони аз нишот нур ёфтаи ӯ нам оварданд.
– Ҳар рӯз корам ҳамин: боғро як давр задаву хаёлан бо ин дарахтони пурбор суҳбат ороста, ниҳоят дар ҳамин курсӣ менишинам. Бештар китоб мехонам, фурсаташ, ки расид, сари саҷҷода нишаставу бо Худои худ роз мегӯям. Зиёдтар мунтазир мемонам, ки аҳаде ба ҳавлӣ сар халонда, бо чаҳор ҳарфи мулоимаш танҳоии мани пирро бизудояд. Хайрият шумо омадед. Сарам ба осмонҳо расид, – мегӯяд аз фараҳ гул карда ӯ. – Як сол аст, ки ҳаёти ман такурӯ шуд. Ба доми ғуссаҳо афтода, басо ранҷ мекашам.
Устод Рӯзибойи Қурбониён чун шахси огоҳ аз ташвишҳои муаллим бо чанд сухани гарм дили ӯро таскин дод ва оҳиста аз ҷой хест, то бо писари ӯ Комилҷон дидор бинад, ки дуртар аз мо тани ранҷури худро дар ҳимояти ускунаи оҳании чаҳорпой супурда, ҳоло шояд аз алами фурӯзон лаб зери дандон мегирифт.
– Як сол шуд, ки ҳоли бачаҷонам ин хел ваҳиму сангин аст. Аз дарахт афтодаву миёнаш лат хӯрд. Сутунмӯҳрааш осеб дидааст.
Дили омӯзгори пир ганда шуд. Аз ҷайб рӯймолча гирифта, ба дидагони тари худ бурд ва чашм гурезонда, ба саҳни боғ нигарист.
Ин замини санглохро, ки замоне дар канораи деҳа воқеъ ва ҳоло дар иҳотаи ҳавлиҳои зиёде монда буд, Абдукарими муаллим ба зарби белу каланд сабзу борвар сохтааст. Дар як гӯша манзиле бунёд карда, ки аз ҳамин хонаҳо ҳафт нафар фарзандони ӯ парончак шудаву ба оғӯши ҳаёти мустақил рафтаанд. Кунун онҳо ҳар кадом оилае бунёд карда, ба ташвиши рӯзгори худ банд ҳастанд. Дар домани ҳамин замини лабташна радда-радда дарахтони себу нок, туту гелос... ҳам шинондааст. Дар парвариши чорво низ дасту панҷа нарм кардааст. Вай ҳар ниҳоли ҳотаи худро ба сони шогирдони дабистонӣ хеле дӯст доштаву парвариш кардааст ва инак ҳама борвар гаштаанд. Акнун тани Абдукарими муаллим он тавонеро надошт, ки зуд баланд шудаву себу ноки пухтаро аз шохсорон бичинад. Ҳавои тирамоҳи кӯҳистон номафҳум аст: дар як дам тағйир ёфта, ғуборолуд хоҳад гашт. Аммо писар дар ин ҳол...
Абдукарим Ҷумъаев аз нигоҳи посухҷӯи мо маънӣ бардошта:
– Агар як ишора кунам, набераҳо дар як дам ҳосили боғро ҷамъ меоранд. Шукри буданашон. Аммо... агар Комилҷон мисли қадим сиҳат мебуд, на танҳо ба кори боғ кӯмак мекард, балки парастори мани мӯйсафед ҳам мешуд. Чӣ илоҷ, ҳоло ман парастори ӯ! – мегӯяд ва бухсе гулӯгираш мекунад.
То фурсате аз андешаҳои вазнин раҳо ёбад, суханро ба рӯзгори гузаштаи муаллим мебарам. Аз нақлҳои ин марди фозил дармеёбам, ки ин омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик 20-уми январи соли 1948 (дар шароити хеле мураккаби баъдиҷангӣ) дар оилаи марди деҳқон – Ҷумъа Каримов ба дунё омадааст. Соли 1964 мактаби миёнаи рақами 55-уми ноҳияи Шаҳрисабзро хатм карда, чанд муддат дар бари қиблагоҳаш ба корҳои кишоварзӣ машғул гаштааст. Аммо меҳру муҳаббат ба китобу дафтар ӯро ором намегузоштанд. Пайваста дар фикри он мегашт, ки аз машаққатҳои кори кишоварзӣ, ки он солҳо боз ҳам дандоншикан буданд, канор равад ва дар ягон мактаби сатҳаш баланд таҳсил карда, ба орзуҳои дил бирасад. Он солҳо дар шаҳри Китоби вилояти Қашқадарё курси яксолаи омодасозии муаллимон ифтитоҳ ёфта буд. Абдукарими ҷавон асноди даркориро омода сохт.
– Падари кишоварзам якмоҳа маоши худро, ки 12 сӯм буд, ба дастам дода, дар лаб як шадда дуо маро ба шаҳри Китоб фиристод, – бо ҳаяҷон ба ёд меорад пирамард, ки нахустин қадами ӯ дар роҳи андӯхтани пешаи омӯзгорӣ ба ин сон оғоз шуда буд.
Он сол Абдукарими ташнаи илм ба курси яксолаи омодасозии муаллимон дохил мешавад. Ин маскани илмро хондаву бо ҳуҷҷати омӯзгорӣ ба деҳаи Ғелон бармегардад ва соли 1966 чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба кор шурӯъ мекунад. Қобилияти баланди омӯзгорӣ ва саводи кофиаш аз кулли фанҳо боис шуданд, ки ин мутахассиси ҷавон зуд дар байни ҷамоаи омӯзгорон эътибор пайдо кунад. Баъдан талаби замон ва ҳукумати давр нисбат ба омӯзгорон тағйир ёфтанд. Касоне, ки маълумоти олӣ надоштанд, новобаста ба саводи фарох ҷойро ба кадрҳои нав холӣ мекарданд. Ин талаб Абдукаримро ба шаҳри Самарқанд овард ва ӯ соли 1968 донишҷӯйи курси ғоибонаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории ин шаҳр гашт ва соли 1974 соҳиби дипломи олӣ шуд. Чанд муддат аз ин фан дарс дода, меҳри забони модариро ҳамвора дар дили шогирдон ҷой мекард ва дар китобхон гаштани онҳо мусоидат менамуд. Маълумоти олӣ дари имконоти навро ба рӯйи ӯ боз намуд. Абдукаримро аввал мудири қисми илмии мактаб, баъдан ҷонишини директор ва аз соли 1988 директори мактаби рақами 58-уми ноҳияи Шаҳрисабз таъин намуданд. Вай дар ин вазифа то соли 1995 кор карда, барои ободии мактаб ва беҳбуд бахшидани таълиму тарбият саъю талош намуд. Аммо баъдтар мардуми деҳа ва фаъолони қаламрав ӯро аз соҳаи таълим ба корҳои ҷамоатӣ кашиданд. Вай сарвари бахши рустоҳои тоҷикнишини Ғелону Кӯлро бар зима гирифт ва як сол бо ин кор машғул гашта, дар давраҳои ниҳоят мураккаб ва ҳассос (солҳои аввали истиқлолии Ӯзбекистон) дар канори мардум истод ва то буди имкон дар ҳалли мушкилоти рӯзгори онҳо мусоидат намуд. Баъдан ба нафақа баромадаву дар пайи обод сохтани заминҳои худ камар баст. Боғ бунёд сохт, ба чорвопарварӣ машғул шуд ва аз пайи меҳнати ҳалол рӯзгори худро сомон бахшид.
– Аммо ҳанӯз дар ёди солҳои омӯзгориам дилам гум мезанад. Азбаски муаллимон дар мактаби деҳа намерасиданд, маҷбур мешудам, ки дарсҳои кимиё, биология, таърих, ҷуғрофиё, риёзиёт ва дигарҳоро низ гузарам, – мегӯяд муаллим.
Вай ҳамаи ин фанҳоро бо маҳорати баланд ба хонандагон тадрис медод. Ин аст, ки ӯ дар байни ҷамоаи омӯзгорон чун муаллими ҳамадон ном бароварда буд. Даҳҳо шогирдони муаллим дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва берун аз он хонда, соҳиби касбҳои гуногун шудаанд. Хусусан, бо ду шогирди худ: Рӯзибойи Қурбониён (устоди забон ва адабиёти тоҷик) ва Баҳриддин Шерназаров (ҳуқуқшиноси касбӣ) ифтихор дорад. Ҳамчунин аксари омӯзгорони мактаби деҳа шогирдонаш ҳастанд, ки ҳамеша ӯро эҳтиром мекунанд.
Абдукарим Ҷумъаев замоне зиндагиномаи худро, ки чун ҳаёти ҳама гоҳ ҳамвору гоҳе фарозиҳо доранд, дар ҳарорат нақл карда, боз ба писари кенҷаи худ – Комилҷони маълӯл назар партофта, ба ғам мепечад. Аз завҷаи меҳрубонаш, ки як сол пеш вафот карда буд, ёд оварда, ба риққат меояд.
– Агар Анварой зинда мебуд, шояд имрӯз дукаса фишори бесобиқаи ҳаётро таҳаммул ва паси сар мекардем. Барои марди синну солаш ба ҷое расида бидуни маҳрами тан зиндагӣ зиндонро мемондааст! – дар тафаккури гарон ҷабин мемолад бобои Абдукарим. – Аммо боз ҳам шукр, ки дар барам набераҳои меҳрубонам ҳастанд. Ҳарчанд писарони калониам Шуҳрату Абдуҳалим, Абдураҳиму Абдусалим аз пайи чидани ризқи парешон дар хориҷ қарор доранд, гаҳу ногаҳ занг зада, ҳол мепурсанд ва дили шикастаи маро ба зиндагӣ як навъ гарм месозанд. Духтаронам Ҳилолаву Сайёра мудом аз ҳолам воқифанд. Аммо ин ҳама ҷойи меҳрубониҳои ҳамсафари умрро намегирифтааст.
Вай даст ба дуо мекушояд ва аз он меболад, ки аз раҳи дуре маҳз ба аёдати ӯ расидаем. Мебинам, ки бори дилаш заррае сабук гаштааст. Охир, беҳуда нагуфтаанд: заҳри одамро одам хоҳад гирифт! Мо як пора аз ғуссаҳои ин омӯзгори пирро бар дӯши дил ниҳода, мутаассир аз ин макон – иҳотаи саросар сабзу хуррам ва дарахтзори муаллим Абдукарим Ҷумъаев берун рафтем. Аммо боз хаёлам ба зиндагии омӯзгори пир – бобои Абдукарим банд мемонад: оё аҳли маорифи минтақа ҳадди ақал дар рӯзҳои Иди омӯзгорон аз собиқадорони ин соҳа ёде мекунанд?! Ростӣ, бисёр мехоҳам бовар кунам, аммо...
Шариф Халил,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Қашқадарё.