Дар шумораи 75-уми рӯзномаи «Овози тоҷик» (23 сентябри соли 2026) мақолаи омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таълими умумии рақами 49-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах Қурбон Маҳкамов таҳти унвони «Китобҳои дарсиро кай нав мекунанд?» чоп шуд.
Муаллиф дар мақола масъалаи куҳнаю фарсуда шудани китобҳои дарсӣ, бахусус, китобҳои дарсии синфҳои ибтидоиро матраҳ намуда, таъкид мекунад, ки имрӯз дар ҷараёни дарсҳо аз китобҳои кӯҳна истифода бурда мешавад ва ин ҳолат барои азхуд намудани маводи таълимӣ аз ҷониби хонандагон мушкилот ба миён меорад.
Сад афсӯс, ки ин масъала ба мактаби мо низ бегона нест. Дар муассисаи таълимии мо таълим ба забони тоҷикӣ аст. Ҳоло 156 нафар хонанда таҳсил мегиранд ва ба онҳо 18 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд.
Шароити моддию техникии мактаб низ ба талаботи замон мутобиқ мебошад. Бинои нави муассиса соли 2025 мавриди истифода қарор гирифта, хонандагон дар синфхонаҳои барҳаво ва шароити мусоид таҳсил мегиранд.
Албатта, ин ҳама дастовардҳо натиҷаи таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи давлату ҳукумат ба соҳаи таълим, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас мебошад.
Аммо таълим танҳо бо бинои наву шароити хуб маҳдуд намешавад. Дар маркази ин раванд китоб қарор мегирад. Воқеан, агар хонанда китоби дарсии муносиб, муосир ва босифат надошта бошад, ҳатто беҳтарин шароити моддию техникӣ низ наметавонад мушкилоти таълимро ҳал намояд.
Маҳз аз ҳамин ҷиҳат, вақте сухан дар бораи таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва ҳолати китобҳои мавҷуда меравад, наметавонем вазъро қаноатбахш арзёбӣ кунем. Дар аксари синфҳо норасоии китобҳои дарсӣ мушоҳида мешавад. Ҳатто баъзе донишомӯзон аз китобҳои якдигар истифода мебаранд. Ин ҳолат, бешубҳа, ба раванди таълим таъсир мерасонад.
Мушкили дигар ҳолати китобҳо мебошад. Қисми зиёди онҳо тӯли солҳо истифода гардида, фарсуда шудаанд: муқоваҳояшон дарида, саҳифаҳо канда ё осеб дидаанд ва ҳатто дар баъзе китобҳо саҳифаҳои алоҳида нестанд. Чунин китобҳо, ки бояд яке аз воситаҳои асосии таълиму донишомӯзии хонанда бошанд, имрӯз худ ба мушкили раванди таълим табдил ёфтаанд.
Дар мавриди ин мушкил чанд маротиба ба масъулон муроҷиат ва масъалагузорӣ кардем. Мутаассифона, то имрӯз натиҷае ба даст наомадааст.
Дар ин бобат боз як ҷиҳати муҳимро бояд илова кард: муҳлати истифодаи қисми зиёди китобҳои дарсӣ низ гузаштааст. Аксари китобҳое, ки имрӯз дар мактаб истифода мешаванд, солҳои 2018, 2019, 2020 ва 2022 ба нашр расидаанд.
Дар қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ ҷиҳати такмил додани низоми таъмини донишомӯзони мактабҳои таълими умумӣ бо китобҳои дарсӣ» аз 31 майи соли 2006, муҳлати навсозии китобҳои дарсӣ муайян гардидааст. Мувофиқи ин қарор, китобҳои дарсӣ барои донишомӯзони синфҳои ибтидоии мактабҳои таълими умумӣ бояд ҳар сол, китобҳои синфҳои 2-4 – дар ду сол як маротиба ва китобҳои синфҳои 5-9 – дар чор сол як маротиба нав карда шаванд.
Ин масъала ва чунин муҳлат дар Низом «Дар бораи тартиби бо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ таъмин намудани мактабҳои таълими умумӣ» низ ба миён гузошта шудааст.
Агар ба китобҳои дарсие, ки имрӯз дар мактабҳои раванди таълим ба забони тоҷикӣ (шояд дар мактабҳои таълим ба забонҳои қазоқӣ, қирғизӣ ва туркманӣ ҳам чунин бошад) истифода мешаванд, диққат кунем, аён мегардад, ки китобҳои нисбатан навтарини мавҷуда соли 2022 нашр шудаанд ва аз чопи онҳо низ аллакай чор сол гузаштааст. Китобҳои дигар қаблтар аз он рӯйи чоп омадаанд. Яъне, агар меъёри қонуниро ба назар гирем, масъалаи бо китобҳои нав таъмин намудани хонандагонро дигар наметавон ба таъхир гузошт.
Вазъ дар мавриди китобҳои синфҳои ибтидоӣ боз ҳам нигаронкунанда аст. Қисми асосии китобҳои истифодашаванда солҳои 2020–2022 ба нашр расидаанд: дар ҳоле ки бо фосилаи хеле кӯтоҳ – як-ду сол нав шаванд.
Бо вуҷуди ин мушкилот, омӯзгорони мо талош бар он доранд, то дарсҳоро босифат гузаранд, аз усулҳои гуногуни таълим истифода баранд, маводи заруриро аз дигар манбаъҳо ва бо дигар забонҳо пайдо карда, барои хонандагон шарҳу тавзеҳ диҳанд ва ба натиҷаҳои хуб ноил шаванд. Натиҷаи чунин меҳнату талоши омӯзгорону хонандагони мактабамон аст, ки дар соли таҳсили 2025–2026 аз 12 нафар хатмкунанда 6 нафар, яъне 50 дарсадаш ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шуданд. Мактаби мо аз лиҳози сатҳи дониши хонандагон ва натиҷаҳои қабул ба муассисаҳои таълими олӣ низ дар қатори муассисаҳои пешсафи ноҳияи Китоб қарор дорад.
Дар ҳақиқат, таълими босифат пеш аз ҳама, бо шароити муносиб, барномаи муосир, омӯзгори соҳибкасб ва албатта китоби дарсии босифату дастрас вобаста мебошад. Агар яке аз ин ҳалқаҳо заиф бошад, тамоми занҷираи таълим осеб хоҳад дид.
Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки масъулони таълиф ва нашри китобҳои дарсии тоҷикӣ ба масъалаи китоб низ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва нашри китобҳои наву муосирро ба таъхир нагузоранд.
Муродбек ТУХЛИБОЕВ,
директори мактаби таълими умумии рақами 98-уми ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё.