Сариосиё дар оинаи забони мардум

Забон ҳамчун яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллӣ на танҳо воситаи муошират, балки бозгӯкунандаи таърих, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, урфу одат ва тафаккури мардум ба шумор меравад.

Дар ин замина, омӯхтан ва ҳифз кардани лаҳҷаҳо, гӯйишҳои маҳаллӣ, воҳидҳои фразеологӣ, вожаҳои шевагӣ ва унсурҳои фарҳанги маънавии мардум аҳаммияти хоси илмӣ ва фарҳангӣ дорад. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, «Фарҳанги ибораҳои рехта, вожа ва боварҳои мардуми Сариосиё» ба сифати пажӯҳиши муҳим дар самти ҷамъ овардан ва ҳифз намудани мероси забонӣ ва фарҳангии тоҷикони Сариосиё арзёбӣ мегардад.

Муаллифони китоб  доктори фалсафа оид ба илмҳои филологӣ Ҷумъабой Ҷамолов ва донишҷӯйи бахши забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Фарғона Шаҳноза Бобораҷабова мебошанд. Китоб таҳти таҳрири мутахассисони соҳа омода ва аз ҷониби олимону устодони соҳа тақриз шудааст. Ин ҳолат аз таваҷҷуҳи муаллифон ба арзёбии касбӣ ва ҷанбаҳои илмии маводи ҷамъоваришуда шаҳодат медиҳад.

Китоб аз се бахши асосӣ:

1.«Ибораву ифодаҳои рехта»;

2.«Фарҳанги вожаҳои шевагӣ»;

3.«Боварҳо (шугунҳо)-и маъмули мардуми Сариосиё» иборат аст.

Дар бахши аввал ибораҳои рехта ва ифодаҳои фразеологии хоси гуфтори мардуми Сариосиё ҷамъ оварда ва маънои онҳо бо забони адабӣ шарҳ дода шудаанд. Барои аксар воҳидҳо ҷумлаҳои намунавӣ аз нутқи маҳаллӣ мебошанд, ки арзиши амалии фарҳангро афзун менамояд. Зеро хонанда на танҳо маънои ибора, балки тарзи истифодаи онро низ дар нутқи зинда  дарк мекунад.

Чунончӣ, ибораҳои «Аз сӯзан то риштайа», «Аз қарқи дилам», «Муллои бетаҳорат», «Биринҷаш обнобардор», «Даҳан зада дидан» ва даҳҳо воҳиди дигар ҷиҳатҳои хоси тафаккури мардумӣ ва тарзи баёни образноки фикрро инъикос мекунанд.

Бахши дуюм ба вожаҳои шевагӣ бахшида шудааст. Онҳо қисми муҳими мероси забонии мардуми Сариосиёро ташкил медиҳанд. Муаллифон ба хусусиятҳои овозӣ ва шаклии ин вожаҳо низ таваҷҷуҳ намуда, кӯшидаанд талаффузи маҳаллиро то ҳадди имкон инъикос намоянд.

Намунаҳое чун хусур, ҳевар, баттол, иҷоб ва ғайра оварда шудаанд, ки қисме  дорои муродифи умумиистеъмолӣ мебошанд, қисми дигар бошад, хусусияти маҳаллӣ дошта, барои муайян кардани вижагиҳои лексикии гӯйиши Сариосиё аҳаммият доранд.

Бахши сеюм «Боварҳо (шугунҳо)-и маъмули мардуми Сариосиё» – ҷанбаи фолклорӣ ва мардумшиносии асарро тақвият медиҳад. Дар он бовару эътиқод, ириму сирим ва шугунҳои маъмули мардумӣ ҷамъоварӣ ва шарҳ дода шудаанд.

Боварҳои мардумӣ аз унсурҳои муҳими фарҳанги маънавии ҷомеа мебошанд. Онҳо муносибати инсонро ба табиат, воқеаҳои зиндагӣ, тақдир, неку бад ва падидаҳои номаълум инъикос менамоянд. Аз ин ҷиҳат, ҷамъоварии чунин мавод на танҳо барои фолклоршиносон, балки барои забоншиносон, мардумшиносон ва фарҳангшиносон низ муҳим аст.

Агар яке аз муҳимтарин бартариҳои китоб ҷамъоварии маводи зиндаи гуфторӣ бошад, истифодаи ҷумлаҳои намунавии гуфтори маҳаллӣ ҳусни дигари асар аст. Он барои таҳқиқи хусусиятҳои синтаксисӣ, морфологӣ, фонетикӣ ва услубии гӯйиши Сариосиё имкон фароҳам меоварад.

Дар фарҳанг зиёда аз 900 ибора ва ифодаи рехта, тақрибан 600 вожаи шевагӣ ва анқариб 200 бовари мардумӣ гирдоварӣ ва шарҳ дода шудаанд.

Китоб ҳам барои мутахассисони соҳаи забоншиносӣ, ҳам доираи васеи дӯстдорони забон, адабиёт, фолклор ва фарҳанги мардумӣ пешбинӣ шудааст. Албатта, он фарогири пурраи ҳамаи ибора, вожаҳои шевагӣ ва боварҳои ноҳияи Сариосиё нест ва аз ин рӯ шояд дар нашрҳои минбаъда такмил дода шавад.

Дар маҷмӯъ, «Фарҳанги ибораҳои рехта, вожа ва боварҳои мардуми Сариосиё» пажӯҳиши судманди илмию амалӣ буда, барои омӯзиши хусусиятҳои забонӣ ва фарҳангии тоҷикони Сариосиё аҳаммият дорад.

Онро метавон ҳамчун маводи ёрирасон барои таълими диалектология, лексикология, лексикография, фразеология ва фолклори тоҷик, инчунин барои корҳои курсӣ, рисолаҳои магистрӣ ва таҳқиқоти минбаъдаи илмӣ истифода кард.

Фозилҷон ШУКУРӢ,  
дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Рашидов, доктори фалсафа оид ба улуми филологӣ (PhD).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: