Президенти кишвар дар мулоқот бо омӯзгорону мураббиён, ки ба муносибати Рӯзи муаллим ва мураббиён дар Донишгоҳи «Ӯзбекистони Нав» баргузор гардид, нақши беҳамтои устодону мураббиёнро дар ҳаёти ҷомеа эътироф намуда, таъкид кард, ки тамоми ҷомеа аз тухми маърифат ва некие, ки онҳо имрӯз дар қалби ҷавонон мекоранд, баҳра хоҳад бурд. Корҳое, ки дар роҳи рушди соҳаи таълим амалӣ мешаванд, таҳлил ва афзалиятҳои оянда муайян гардиданд.
Дар ҳақиқат, рушди ҷомеаро бидуни таълим ва рушди маорифро бе устод тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро, мактаб на танҳо макони таълим, балки чароғи маърифатест, ки дар он ҷаҳонбинии инсон, орзуву ҳадафҳои ӯ ташаккул меёбанд ва ҳисси масъулият дар назди тақдири Ватан меафзояд. Дар маркази ин раванд бошад, устод қарор дорад.
Агар ба роҳи 35-солаи рушди кишвари соҳибистиқлоламон назар афканем, мебинем, ки солҳои охир муносибат ба соҳаи таълим куллан тағйир ёфтааст. Ин бахш ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Мактабҳои нав ва муассисаҳои таълими томактабӣ бунёд гардида, муассисаҳои мавҷуда навсозӣ шуданд, барои ҳавасмандгардонии меҳнати омӯзгорон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо имкониятҳои нав фароҳам гардиданд. Муҳимтар аз ҳама, муносибат ба таълим тағйир ёфт.
Дар мисоли вилояти Фарғона метавон миқёсу мазмуни ин дигаргуниҳоро боз ҳам равшантар мушоҳида кард. Тақрибан даҳ сол пеш дар низоми таълими вилоят мушкилоти фарсуда шудани инфрасохтор, эҳтиёҷи зиёд ба ҷойҳои нави таҳсил, сатҳи пасти фарогирӣ бо таълими томактабӣ, тафовут миёни иқтидори касбии омӯзгорон ва сифати таълим аз масъалаҳои мубрам ба шумор мерафтанд. Имрӯз бошад, вазъият комилан дигар шудааст.
Алҳол дар вилоят 1 154 муассисаи таълими умумӣ ва 4 157 ташкилоти таълими томактабӣ фаъолият доранд. Солҳои охир пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ мустаҳкам гардида, барои омӯзгорон ва кӯдакон шароити муносиби фаъолият ва донишандӯзӣ фароҳам гардид.
Албатта, ин рақамҳо танҳо мазмуни пурраи натиҷаҳоеро, ки ба даст омадаанд, ифода намекунанд. Зеро, бинои нав – намуди зоҳирии имконият бошад, маҳз устод онро бо мазмун ғанӣ мегардонад. Гузашта аз ин, такягоҳи асосии ислоҳоти имрӯз дар соҳаи таълим – эътибор ба шахсияти омӯзгор мебошад. Аз ин рӯ, дар кишварамон ба баланд бардоштани маҳорати касбии муаллимон, арзёбии сатҳи тахассус ва ҳавасмандгардонии онҳо, инчунин ба қадрдонии шоистаи меҳнати омӯзгорон диққати махсус дода мешавад.
Таъмини имкониятҳои баробар дар соҳаи таълим, пеш аз ҳама, маънои онро дорад, ки ҳар як кӯдак, новобаста ба маҳалли зист ва вазъи иҷтимоии хонавода, бояд имкони таҳсилоти босифатро дошта бошад. Имрӯз ин тамоюл тавассути таҳсилоти фарогир боз ҳам густариш меёбад. Дар 377 синфи фарогири 160 мактаби вилоят 492 нафар кӯдак таҳсил мекунад. Дар муассисаҳои давлатии таълими томактабии 19 шаҳру ноҳия низ гурӯҳҳои фарогир ташкил шудаанд. Агар бигӯем, ки ин ҳам нишонаи муҳими тағйир ёфтани муносибати ҷомеа ба қадри инсон ва ҳуқуқҳои ӯст, ҳақиқати бебаҳс хоҳад буд.
Имрӯз вазифаи мактаб танҳо бо бозомӯзии фанҳо ба хонанда маҳдуд намешавад. Омода кардани ҷавонон ба зиндагӣ, роҳнамоӣ намудани онҳо дар интихоби дурусти касб ва ташаккул додани таҷрибаи қабули қарори мустақилона низ ба вазифаҳои муҳими соҳаи таълим табдил ёфтааст.
Бо ин мақсад дар 952 мактаби вилоят вазифаи «мушовири мактаб» роҳандозӣ шуд. Соли ҷорӣ аз зиёда аз 63 ҳазор хатмкунандаи синфи 9-ум 25 ҳазор нафар ба техникумҳо равона гардиданд. Аз 41 ҳазору 375 нафар хатмкунандагон, 35 ҳазору 825 нафар, яъне 85,8 фоиз, ният доранд таҳсилро дар муассисаҳои таълими олӣ ё касбӣ идома диҳанд. Пеш аз муҳлат донишҷӯ шудани 1 197 нафар хатмкунанда низ аз натиҷаҳои соҳаи таълим гувоҳӣ медиҳад. Дар пасманзари ин дигаргуниҳо боз як омили муҳим – маслиҳату насиҳати устод қарор дорад.
Имрӯз соҳаи таълими вилояти Фарғона танҳо бо натиҷаҳои маҳаллӣ маҳдуд намешавад. Хонандагони боистеъдод дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуда, хатмкунандагон ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ бар асоси грант қабул мешаванд. 71 нафар хатмкунандаи мактабҳои махсус соҳиби грантҳои байналмилалӣ гардиданд. 10 нафар хонанда тавассути барномаи «Эл-юрт умиди» дар донишгоҳҳои «ТОП-100»-и ҷаҳон таҳсил мекунанд. Албатта, дар замини ин ҳама натиҷаҳои шоиста меҳнати пурмашаққати падару модар, ҷамоаи мактаб ва устод қарор дорад. Метавон гуфт, ки муваффақияти шогирд бузургтарин қадрдонии меҳнати устод аст.
Таъмини иҷрои босамари вазифаҳои афзалиятноке, ки Сарвари давлат дар мулоқот бо муаллимону мураббиён муайян намуд, дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии омӯзгорону мураббиён, мусоидат ба фароҳам овардани шароити муносиб барои меҳнати онҳо аз самтҳои муҳими фаъолияти мо ба шумор меравад. Аз ҷумла, корҳо дар самти боз ҳам беҳтар кардани сифат ва мундариҷаи таълим, роҳнамоии ҷавонон ба дониш ва касбҳои муосир ва таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ мунтазам идома хоҳанд ёфт. Зеро эътибор ба таълим эътибор ба оянда аст.
Гулчеҳра ҶӮРАЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис