Ҷавоҳир Синдоров дар мусобиқаи Clutch Chess иштирок мекунад

Шоҳмотбози маъруфи Ӯзбекистон Ҷавоҳир Синдоров рӯзҳои 27–29 октябр дар мусобиқаи Clutch Chess: Champions Showdown 2026, ки дар шаҳри Сент-Луиси ИМА баргузор мешавад, ширкат варзида, ба рӯи тахтаи шоҳмот менишинад.

Дар ин мусобиқа ҳамчунин шоҳмотбозони маъруф Ҳикару Накамура, Фабиано Каруана ва Р. Прагнанандҳаа иштирок мекунанд.
Мусобиқа дар риштаи шоҳмоти босуръат баргузор шуда, дар маҷмӯъ 18 партия гузаронида мешавад. Ба ҳар шоҳмотбоз барои ҳар партия 10 дақиқа вақт дода шуда, пас аз ҳар як ҳаракат 5 сонияи дигар ба вақти бозӣ илова мегардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: