Корманди собиқи ширкати OpenAI Дэвид Робинсон аз равиши ширкат ба таъмини амнияти зеҳни сунъӣ интиқод карда, гуфт, ки бинобар шитоб барои роҳандозии як навсозӣ ва сипас гузаштан ба навсозии дигар, ширкат наметавонад ба сатҳи зарурии эҳтиёткорӣ бирасад.
Дэвид Робинсон, корманди собиқи бахши амнияти OpenAI, ки чанде пеш ширкатро тарк кардааст, равиши онро ба таъмини амнияти зеҳни сунъӣ танқид намуд. Ба гуфтаи ӯ, суръати баланди рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ эҳтимоли роҳ додан ба иштибоҳҳои марбут ба амниятро бештар мекунад. Робинсон ин андешаҳоро дар мақолае, ки дар нашрияи The Atlantic ба табъ расидааст, баён кардааст.
Робинсон таъкид мекунад, ки ширкатҳои зеҳни сунъӣ, аз ҷумла OpenAI, бояд пеш аз таҳияи низомҳои нав ба таҳқиқоти амниятӣ ва мутахассисони ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд. Ба назари ӯ, ҳангоми эҷоди низомҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ бояд ба чораҳои амниятие наздик буд, ки дар соҳаҳои энергетикаи ҳастаӣ ва авиатсия истифода мешаванд. Ӯ таъкид кардааст, ки «давраи озмоишу иштибоҳ ба поён расидааст».
Ба гуфтаи Робинсон, OpenAI бештар ба усули «ҷорӣ намудани марҳила ба марҳила» такя мекунад, ки бар асоси он мушкилоти пайдошуда бартараф ва баъдан чораҳои амниятӣ тақвият дода мешаванд.
Робинсон 3,5 сол дар OpenAI фаъолият карда, дар таҳияи лоиҳаи омодагӣ ба хатарҳои эҳтимолии низомҳои зеҳни сунъии ширкат иштирок доштааст. Ӯ ҳамчунин ҳангоми ба кор даровардани 12 модели пешрафтаи ширкат ба омода намудани гузоришҳои марбут ба амният роҳбарӣ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ширкат ҳанӯз ба сатҳи зарурии эҳтиёткорӣ нарасидааст, зеро пас аз роҳандозии як навсозӣ фавран ба таҳияи навсозии дигар мешитобад.
Намояндаи OpenAI дар посух гуфт, ки ширкат барои он талош мекунад, ки моделҳои он аз сатҳе болотар нараванд, ки инсонҳо тавонанд онҳоро бехатар идора ва муҳофизат кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳолатҳои зарурӣ ширкат омӯзиши моделҳоро боздошта ё татбиқи онҳоро ба таъхир меандозад.
Робинсон ҳамчунин ҳушдор додааст, ки имкониятҳои зеҳни сунъӣ нисбат ба фаҳмиши муҳаққиқон дар бораи роҳҳои мутобиқ кардани он ба ҳадафҳо ва арзишҳои инсонӣ босуръаттар рушд мекунанд.