Дар корхонаи давлатии «Navoiyuran» ҷиҳати такмили низоми идоракунии мубориза бо коррупсия дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла, ба корхона сертификати ҷорӣ намудани стандарти байналмилалии ISO 37001:2025 «Низоми менеҷменти зиддикоррупсионӣ» дода шуд.
Дар доираи ҷорӣ намудани ин низом ба муайян, арзёбӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ дар фаъолияти корхона таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Бо ин мақсад дар давраи сипаришудаи соли ҷорӣ фаъолияти корхона аз рӯйи 240 вазифа (функсия) таҳлил гардида, сатҳи хавфҳои коррупсионии вобаста ба онҳо арзёбӣ карда шуд.
Барои коҳиш додан ва пешгирӣ намудани хавфҳои коррупсионии ошкоршуда тадбирҳо ва барномаҳои дахлдор таҳия гардида, назорати доимӣ аз болои сари вақт ва самаранок иҷро шудани онҳо ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, корҳои марбут ба таҳкими механизмҳои назорати дохилии зиддикоррупсионӣ, ташаккули муносибати оштинопазир ба коррупсия дар байни кормандон, сари вақт муайян ва пешгирӣ намудани бархӯрди манфиатҳо ва дигар хавфҳои коррупсионӣ ба таври низомнок идома доранд.
Илова бар ин, дар корхонаи давлатии «Navoiyuran» стандарти байналмилалии ISO 37301:2021 «Низоми менеҷменти комплаенс» низ ҷорӣ карда шудааст.
Ҷорӣ намудани ин стандартҳо нишондиҳандаи муҳими ташаккули низоми самараноки идоракунӣ дар самти мубориза бо коррупсия дар корхонаи давлатии «Navoiyuran» дар асоси талаботи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Маводи ҳамкорӣ