Вай ва се нафари дигар дар яке аз хонаҳои кироя, воқеъ дар шаҳри Тошканд, зиндагӣ мекунанд.
Нафаре аз онҳо мисли ӯ дар бозор ба аробакашӣ машғул аст. Дуи дигар аз ҳисоби пули аз мардикории рӯзона бадастовардаашон ҳам ҳақи кирои хонаро мепардозанд ва ҳам қисме аз онро барои аҳли аёлу фарзандонашон мефиристанд.
Қаҳрамони мо нахост номаш ошкор шавад, барои ҳамин мо ӯро шартан Шерзод меномем. Вай аз ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғона ба пойтахт омадааст ва аз субҳ то шом дар талоши он аст, ки маишати зану фарзандонашро таъмин кунад.
Шерзод ду сол инҷониб дар бозори деҳқонии Юнусобод ба аробакашӣ машғул аст ва рӯзмарра маводи харидаи мизоҷонро то ҷойи фармудаи онҳо бурда мерасонаду ҳаққашро мегирад.
– Аввал ҳамроҳи чанд нафар шиносҳоям ба мардикорӣ машғул будам. Баъд як шиноси деринам машварат дод, ки беҳтараш дар бозор аробакашӣ кунам, зеро даромади он нисбат ба мардикории рӯзмарра устувортар аст. Ба болои ин, ҳам хароҷоти мавриди ниёзи рӯзмарраамро ба даст меорам ва ҳам барои аҳли оилаам кам-кам мефиристам. Ин маслиҳат писандам омад, аммо як ҳафта сипарӣ шуд, то ки ман соҳиби ароба шавам, – мегӯяд ин аробакаш.
Тавре ки Шерзод боз меафзояд, нисбат ба ду соли пеш ҳоло теъдоди аробакашҳо дар бозор ба карат афзудааст, барои ҳамин лозим меояд, ки ба ин рақобат ӯ низ бо сабру бардошт бархӯрд кунад.
– Бо ин шуғл то кай машғул хоҳед шуд?
– Инро танҳо Худованд медонад. Мани ба истилоҳ бесаводу бедиплом боз сари кадом корро гирифтанам мумкин? Дар мактаби деҳ аз миёнахонҳо будам ва то хатмкунӣ орзуи ба ягон донишгоҳ дохил шуданро дар сар мепарваридам. Аммо баъдтар як фикр дар майнаам чарх мезад: иттифоқ афтаду бо контракт дохил шавам, онро чӣ хел мепардозам. Охир маоши падарам фақат барои зиндагии рӯзмарра мерасад. Баъди хатми мактаб аввал дар яке аз хоҷагиҳои фермерӣ миробӣ кардам. Дидам, ки нашуд, бо ҳамтоёни худ ба Русия рафтам ва се соли дароз кор карда баргаштаму хонадор шудам.
– Оё шумо барои падару модар низ пул мефиристед ё...?
– Аз рӯйи имконият мефиристам, албатта. Ин вазифаи фарзандии ман аст. Аммо шукр, ки волидайнам соҳиби нафақа шуданд. Бародаронам низ ба онҳо дасти кумак дароз мекунанд.
Аз суҳбат бо ин ҷавонмарди аробакаш маълум шуд, ки ду бародар дорад ва бародари бузургаш дар Русия ба хариду фурӯши меваи хушк машғул мебошад. Ба мавсим нигоҳ карда гоҳ ба фурӯши маҳсулоти тар, мисли сабзиву пиёз, караму картошка ва навъҳои дигари маҳсулоти полизӣ низ машғул мешавад. Бародари хурдӣ бошад, бо зану ду фарзандаш дар хонаи падарист. Вай баъди хидмати аскарӣ ба гвардияи миллӣ истихдом шудааст ва дар яке аз фурӯшгоҳҳои маркази вилоят посбонӣ мекунад.
Тавре ки Шерзод боз мегӯяд, се сол мешавад, ки роҳ ба Русия барояш бастааст. Ба гуфтаи ӯ зимни кор дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Братск пулис ӯ ва чанд нафари дигари ӯзбекистониро боздошт намуд ва барои тамдид накардани иҷозаномаи кор ҳамаашонро ба муддати панҷ солӣ аз Русия ихроҷ кард. Ана, ҳоло ба василаи хидмат ба мардум қути лоямут пайдо менамояд.
– Дар чанд рӯз пеши зану фарзандон рафта меоед?
– Дар якуним-ду моҳ. Аммо дар фасли зимистон моҳе як бор рафта меоям.
Дар байни аробакашҳо одамони синну соли гуногунро дидан мумкин аст. Вай мегӯяд, аксарият мардуми деҳотанд. Ҳатто як идда донишҷӯён низ вақти фориғ аз дарсу машғулиятҳо дунафарӣ бо навбат ароба мекашанд ва пули контракти таҳсилашонро пардохт мекунанд.
– Агар гузоратон ба бозори мардикорҳои канори шаҳр афтад, он ҷо ҷавонмардони зиёдро мебинед, ки аз вилоятҳои гуногун барои дарёфти кор омадаанд. Баъзеашон тӯли чанд рӯз аз субҳ то шом роҳи онҳоеро мепоянд, ки барояшон кор пешниҳод кунад. Ман низ нони мардикориро хӯрдаам. Он ҷо низ рақобат пурзӯр аст. Ҳар мошинеро, ки ба суроғи мардикорон меояд, якбора то даҳ ва баъзан аз он ҳам бештар иҳота мекунанд. Баъди он ки ду-се нафар савори мошин аз он ҷо мераванд, дубора рафта зери дарахтон мунтазири мошини дигар мешаванд, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ҳатто иддае аз онҳо дар ҷои ростомада шабро саҳар мекунанд, зеро ҳақи кирои хонаро супурда наметавонанд. Чанд бор шудааст, ки бархе аз шиносҳои ӯ шабро маҳз дар хонаи ба иҷора гирифтаи онҳо рӯз кардаанд ва аз ҳисоби ӯву ҳамроҳонаш нону об хӯрдаанд.
– Дар се-чаҳор соли охир кирои хона дар Тошканд хеле боло рафт. Ҳоло барои иҷораи хонаи якутоқа мо, се нафар 300 доллар мепардозем. Акнун худ қазоват кунед, ки то пайдо кардани сад доллар барои кирои хона ман бояд чанд рӯз кор кунам, – норозиёна иброз медорад Шерзоди аробакаш.
Шерзод соҳиби ду писару як духтар мебошад. Писари калонӣ дар синфи нӯҳ мехонад. Бо касби аробакашӣ барояш шароит фароҳам овардааст, ки назди репетитор раваду донишашро такмил диҳад. Худаш, ки натавонист хонад, акнун мехоҳад, ки писараш хонаду соҳиби касбу кори хуб шавад.
Аз Шерзод суол намудам, оё ҳастанд одамоне, ки нисбати онҳо нописандона рафтор мекунанд?
Вай дар посухи ин суол аввал андак ба хаёл дода шуд, сонӣ гуфт:
– Медонед, панҷ панҷа баробар нест. Одамон дорои характери гуногунанд: кадоме бо шумо самимӣ муносибат мекунад, кадоме бо тараҳҳум, кадоме бо дилшикастагӣ ва дар пиндори ӯ аз меҳру мурувват нишоне нест. Аммо ин ҷо бозор аст, на ҷои ҷангу хархашаву ҳақталошӣ.
Ин ҳарфҳои ӯ як байти Мавлоно Ҷомиро ба ёдам овард, ки гуфтааст:
Он талхисуханҳо, ки чунон
дилшикан аст,
Инсоф бидеҳ, ки лоиқи он
даҳан аст?!
Шерзод ба гуфтаҳои худ идома медиҳад:
– Ман аз ночорӣ рӯ ба ин бозор овардаам, бо вуҷуди ин шукр мекунем, ки Худованд ризқу насибаи маро дар ҳамин ҷо фармудааст. Аммо аз субҳ то шом аробакашӣ кардан кори осон нест. Баъзан хеле хаста ба хона бармегардам. Дилам мехоҳад, ки касе ҳаловатамро вайрон накунад. Ҳатто аз хӯрдани хӯроки шом бештар хоб ширинӣ мекунад. Субҳи рӯзи дигар боз бояд сӯйи бозор шитобам!
– Оё аробакашҳо низ мизоҷони худро доранд? – мепурсам аз ӯ.
– Бале, се-чор мизоҷ ҳамеша аз хидмати ман истифода мекунанд. Онҳо сокинони хонаҳои баландқабати атрофи бозор мебошанд. Аз сабаби он ки ба кор банд ҳастанд, мисли аксарият ҳар рӯз ба бозор омада наметавонанд ва ҳафтае як бор харид мекунанд. Онҳо бароям пули хуб мепардозанд, – мегӯяд Шерзод ва меафзояд: – Баъзан ҳақи хидматамро пешакӣ мепардозанд ва худ аз пайи кор мераванд. Ҳарчи мехаранд, онро то хонаашон бурда мерасонам. Онҳо ба ман бовар мекунанд.
Ин ҳарфҳои Шерзоди аробакаш маро ба ваҷд овард: «Онҳо ба ман бовар мекунанд!»
Ногуфта намонад, ки ҳоло аз эътимоду боварӣ хеле кам ҳарф мезананд. Бино ба гуфтаи яке аз корафтодагон, ки ба идораи «Овози тоҷик» муроҷиат карда буд, ҳамсояи девордармиёнаш аввал мошинашро ба иҷора гирифту машғули кирокашӣ шуд. Баъди як сол бо фиребу найранг мошинро аз вай пинҳонӣ ба номаш расмӣ кунонид. Дар натиҷа вай, ки соҳиби ҳақиқии мошин аст, сарсону саргардон аз пушти пайдо кардани ҳақиқат гаштааст.
Ман ба хона баргашта паси компутер нишастам, то ки муҳтавои ин суҳбатро пешкаши муштарии рӯзнома гардонам.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».