Самбочиёни мо дар чемпионати ҷаҳон 15 медал ба даст оварданд

Дар шаҳри Салоникии Юнон чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни кадетҳо (варзишгарони тақрибан 14–16-сола), наврасон ва ҷавонон баргузор шуд.

Дар он варзишгарони боистеъдод аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ мубориза бурданд.
Дар рӯзи охири мусобиқа дар қувваозмоиҳои миёни кадетҳо ҳамватанамон Акбаршоҳ Биболатов сазовори медали нуқра гардид. Гулноза Матназарова ва Бахтиёр Қалдибоев бошанд, медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҳамин тариқ, тими миллии самбои Ӯзбекистон чемпионати ҷаҳонро бо 15 медал — 3 тилло, 2 нуқра ва 10 биринҷӣ ҷамъбаст кард.

Ҷавоҳир Тошхӯҷаев,
ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: