СҶТ: Давомнокии миёнаи умр дар ҷаҳон ба 73,3 сол расид

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гузориши нави худ оид ба нишондиҳандаҳои ҷаҳонии саломатиро нашр кард.

Дар гузориш тағйироти вобаста ба давомнокии умри аҳолии ҷаҳон, сабабҳои фавт ва бемориҳо дар давраи солҳои 2000–2023 таҳлил шудаанд.
Қайд мешавад, ки пас аз оқибатҳои пандемияи COVID-19 давомнокии миёнаи умр дар ҷаҳон дубора ба нишондиҳандаҳои давраи пеш аз пандемия наздик шудааст. Ҳоло ин нишондиҳанда ба 73,3 сол расидааст.
Ҳамзамон, ҳиссаи бемориҳои ғайрисироятӣ дар сохтори сабабҳои фавт пайваста меафзояд. Агар соли 2000 ба бемориҳои ғайрисироятӣ 58 фоизи ҳамаи ҳолатҳои фавт рост омада бошад, соли 2023 ин нишондиҳанда ба 74 фоиз расидааст.
Дар ҳамин ҳол, давомнокии умри солим 62,8 сол буда, нисбат ба соли 2019 каме коҳиш ёфтааст.
Гузашта аз ин, ҳолатҳои фавти вобаста ба бемории Алтсгеймер ва дигар навъҳои деменсия дар солҳои 2000–2023 се баробар афзоиш ёфтаанд. Аз ҷумла, деменсия соли 2023 дар байни сабабҳои асосии фавт дар ҷаҳон ба ҷойи панҷум баромадааст.
Тибқи маълумоти СҶТ, дар солҳои 2019–2023 бемориҳои вобаста ба ихтилоли депрессивӣ 20 фоиз афзоиш ёфтаанд.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки чунин тамоюлҳо аз кишварҳо тақвияти тадбирҳо оид ба пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, ташхиси бармаҳал, ҳифзи солимии равонӣ ва зиёд кардани давомнокии умри солими аҳолиро тақозо мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки тибқи натиҷаҳои соли 2025, давомнокии миёнаи умр дар Ӯзбекистон 75,4 солро ташкил медиҳад. Дар Стратегияи «Ӯзбекистон — 2030» ҳадаф гузошта шудааст, ки ин нишондиҳанда то 78 сол расонида шавад.

Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: