Барандагони ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб эълон шуданд

Имсол ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб барои кашфиётҳое, ки ба эҷоди усули оптогенетика замина гузоштанд, тақдим мешавад.

Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб барои соли 2026 ба Карл Дейссерот, Петер Хегеманн ва Георг Нагел барои кашфиётҳое, ки ба эҷоди оптогенетика оварда расонданд, дода мешавад. Дар ин бора сомонаи расмии ҷоизаи Нобел хабар дод.
Ин усул ба олимон имкон медиҳад, ки бо истифода аз нур фаъолияти баъзе ҳуҷайраҳои асабро дар мағзи зинда фаъол ё хомӯш кунанд.
Петер Хегеманн ва Георг Нагел каналродопсин — сафедаеро кашф карданд, ки метавонад ҳуҷайраҳоро ба рӯшноӣ ҳассос гардонад. Олимон муайян карданд, ки ин хусусияти сафеда новобаста аз он ки ба кадом навъи ҳуҷайра ворид карда мешавад, нигоҳ дошта мешавад.
Карл Дейссерот ин кашфиётро дар таҳқиқи системаи асаб истифода бурд. Ӯ гени каналродопсинро ба нейронҳои калламушҳо ворид карда, муайян намуд, ки бо истифода аз нури кабуд метавон дар нейронҳо импулси асабиро ба вуҷуд овард. Баъдан олим бо ҳамин усул тавонист фаъолияти нейронҳоро бевосита дар мағзи сари мушҳои зинда идора кунад.
Усуле, ки бар асоси ин кашфиётҳо таҳия шуд, «оптогенетика» ном гирифт. Он имкон медиҳад, ки фаъолияти ҳуҷайраҳои мушаххаси асаб бо дақиқии баланд идора карда шуда, таъсири фаъол ё суст кардани фаъолияти онҳо ба кори мағзи сар омӯхта шавад, хабар медиҳад Lenta.ru.
Имрӯз оптогенетика дар таҳқиқоти нейробиологӣ ба таври васеъ истифода мешавад.
Соли 2025 ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб ба Мэри Э. Бранко, Фред Рамсделл ва Симон Сакагути барои кашфи механизми бунёдие, ки системаи масуниятро аз ҳамла ба худи организм муҳофизат мекунад, тақдим шуда буд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: