Бузургдошти Шакурӣ дар Лондон

  • Бузургдошти Шакурӣ дар Лондон
  • Бузургдошти Шакурӣ дар Лондон
  • Бузургдошти Шакурӣ дар Лондон
  • Бузургдошти Шакурӣ дар Лондон

Чанде пеш дар Маркази Оғохони Лондон бо ташаббуси Бунёди мероси Эрон, Маркази мутолиоти Исмоилӣ ва Иттиҳодияи байналмилалии мутолиоти Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии академик, адиб, мунаққиди барҷаста, яке аз поягузорони фарҳанги муосири тоҷик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Сараввал филми мустанади "Шаҳсавори Хуросон", ки аз ҷониби рӯзноманигори тоҷик Сӯҳроби Зиё таҳия гардида, дар бораи ҳаёту фаъолияти Муҳаммадҷон Шакурӣ қисса мекард, намоиш дода шуд.
Аз хидматҳои шоистаи олими фарҳехтаро дар ҷодаи илму фарҳанг ёдовар шуданд.
Гуфта шуд, ки устод Муҳаммадҷон Шакурӣ дар тӯли умри пурбаракот аз худ беш аз 45 асари илмӣ, пажӯҳишӣ, омӯзгорӣ, адабиётшиносӣ, мардумшиносӣ, дарсӣ, услубшиносӣ, матншиносӣ ва фарҳангшиносӣ ба мерос гузоштанд, ки миёни ин ҳама «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд дар ҳамкорӣ бо забоншиносони тоҷик, «Таърихи адабиёти советии тоҷик», «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист», «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ» ва «Нигоҳе ба адабиёти садаи ХХ» ҳамчун нигине дар маъхази пурғановати адабиётшиносии тоҷик муаррифӣ шудаанд.
Дар чорабинӣ фарзандони устод – Шариф, Рустам ва Анвар Шукуровҳо бо фарзандону пайвандон ширкат варзида, дар бораи фазилатҳои неки падари худ нақл карданд.
Ёдовар мекунем, ки тибқи маълумоти расмӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ 30 октябри соли 1926 дар шаҳри Бухоро таваллуд шудааст, вале бино ба гуфтаи худи устод, зодрӯзаш моҳи феврали соли 1925 аст.
Устод Шакурӣ зиёда аз 60 соли умри худро барои пажӯҳиши забону адабиёт ва таърихи халқи тоҷик сарф намудааст. Узви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон мебошад.

Фаррух ЙӮЛДОШЕВ,
шаҳри Лондон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: