Коллеҷи амрикоии «Green River College» нақша дорад дар Ӯзбекистон кампус(маҷмааи таълимӣ)и худро боз кунад.
Дар ин бора зимни мулоқоти дипломатҳои Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар шаҳри Сиэтл бо роҳбарияти коллеҷ маълумот дода шуд.
Дар музокироте, ки дар шаҳри Оберни иёлати Вашингтон баргузор гардид, иҷрокунандаи вазифаи президенти коллеҷ Ҷорҷ Фрейзер ва ноиби президент оид ба барномаҳои байналмилалӣ ва таҳсилоти иловагӣ Венди Стюарт иштирок карданд.
Зимни вохӯрӣ ба намояндагони коллеҷ дар бораи ислоҳоти соҳаи маориф дар Ӯзбекистон, корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати касбомузии ҷавонон, таҳкими омодагии амалӣ ва густариши ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ маълумот дода шуд.
Роҳбарияти коллеҷ ин ислоҳотро баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ бо шарикони ӯзбекистонӣ баён кард.
Дар музокирот ба модели таҳсилоти «1+1+2» таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд. Тибқи ин модел, донишҷӯ соли аввалро дар кампуси «Green River College», ки таъсиси он дар Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст, таҳсил карда, соли дуюмро дар кампуси асосии коллеҷ дар ИМА мегузаронад. Пас аз он метавонад ду соли дигар таҳсилро дар курсҳои 3–4-уми барномаи бакалавриат дар яке аз донишгоҳҳои ИМА идома диҳад.
Ба гуфтаи намояндагони коллеҷ, дар сурати ҷавобгӯ будан ба талаботи қабул, синну сол, забонӣ ва академӣ, ин равиш метавонад ба хатмкардагони синфи 9 имкон диҳад, ки дар давоми чор сол таҳсилоти пурраи миёна ва дараҷаи бакалавриро соҳиб шаванд.
Ҳамчунин масъалаи роҳандозии барномаҳои муштарак дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, таҳияи нармафзор, киберамният, муҳосибот ва авиатсия, инчунин табодули донишҷӯён ва омӯзгорон баррасӣ шуд.
Роҳбарияти коллеҷ омодагии худро барои оғози муколамаи мустақим бо муассисаҳои таълимии манфиатдори Ӯзбекистон изҳор кард.
«Green River College» соли 1945 таъсис ёфтааст. Муассисаи таълимӣ барномаҳои гузариш ба донишгоҳҳои дигар, таҳсилоти касбӣ ва техникӣ, барномаҳои бакалавриати амалӣ ва курсҳои омодагӣ пешниҳод мекунад. Ҳоло дар коллеҷ тақрибан 15 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд.