Ҳушдор аз хатари буҳрони ҷаҳонии озуқаворӣ

Дабири кулли Палатаи байналмилалии савдо Ҷон Дентон ҳушдор додааст, ки идомаи буҳрони нақлиётӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз хатари болоравии шадиди нархи маҳсулоти озуқаворӣ ва буҳрони ҷаҳонии озуқавориро ба миён меорад.

Ба гуфтаи ӯ, дар сурати бадтар шудани вазъ, нархи маҳсулоти ғалладона то 80 фоиз эҳтимоли боло рафтан дорад.
Ҳоло таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ бештар ба болоравии нархи нафту газ ва таъминоти энергетикӣ равона шудааст. Аммо Дентон таъкид мекунад, ки халалдор шудани ҳаракати нақлиёт дар гулӯгоҳи Ҳурмуз ба таъминоти нуриҳои минералӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ низ фишори бештар меорад.
Тақрибан сеяки нуриҳои минералии ҷаҳон тавассути ин гулӯгоҳ интиқол дода мешавад. Ба гуфтаи Дентон, пас аз халалдор шудани ҳамлу нақл иқтидори истеҳсоли нуриҳои минералии дастрас дар бозор тақрибан 40 фоиз коҳиш ёфта, ҳудуди 2,7 миллион тонна маҳсулот аз бозор хориҷ шудааст.
Камбуди нуриҳо ба захираҳои зарурии кишоварзӣ таъсир расонда, хатари коҳиши ҳосили ояндаро бештар мекунад. Дар натиҷа, мушкили имрӯзаи логистикӣ ба мушкили таъминоти озуқавории фардо табдил меёбад.
Ба вазъ омилҳои дигар низ таъсир мерасонанд. Амалиёти низомӣ миёни Русия ва Украина ҳаракати киштиҳоро дар Баҳри Сиёҳ маҳдуд карда, барои содироти ғалладона ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ хатарҳои иловагӣ эҷод мекунад. Ҳамзамон, шароити номусоиди обу ҳавои вобаста ба падидаи «Эл-Ниньо» дар баъзе минтақаҳо ба ҳосил таъсири манфӣ расонда, фишори таваррумиро бештар мекунад.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки амнияти масирҳои стратегии баҳрӣ на танҳо ба суботи энергетикӣ, балки ба амнияти озуқавории миллиардҳо нафар низ вобаста аст. Аз ин рӯ, ба эътидол овардани вазъ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз барои суботи иқтисодии ҷаҳон аҳамияти муҳим дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: