Шаби 5-уми октябр дар Офтоб шуълаи синфи М ба қайд гирифта шуд.
Тибқи маълумоти Институти амалии геофизика, бори охир чунин шуълаи пуршиддат 5 сентябр мушоҳида шуда буд. Дар ин бора Kazinform хабар медиҳад.
«5 октябр соати 21:48 ба вақти Маскав дар гурӯҳи доғҳои 4545 (N19E10) дар диапазони рентгенӣ шуълаи М1.1 ба қайд гирифта шуд, ки 30 дақиқа давом кард», — гуфта мешавад дар хабар.
Шуълаҳои офтобӣ вобаста ба шиддати шуоъҳои рентгенӣ ба панҷ синф — A, B, C, M ва X — ҷудо мешаванд. Синфи A0.0 сатҳи пасттарини шиддат ба ҳисоб меравад. Қувваи шуоъ дар ҳар як сатҳи баъдӣ 10 баробар меафзояд.
Ҳангоми шуълаҳои офтобӣ эҳтимол дорад плазма ба фазо хориҷ шавад. Агар абри плазма ба Замин расад, он метавонад боиси ба вуҷуд омадани тӯфонҳои магнитӣ гардад.