Барои баргузории «IAC-2028» дар Самарқанд созишномаи пешакӣ ба имзо расид

Дар доираи Конгресси 77-уми байналмилалии астронавтика, ки дар шаҳри Анталия идома дорад, созишномаи пешакӣ оид ба баргузории Конгресси байналмилалии астронавтикаи соли 2028 дар шаҳри Самарқанд ба имзо расид.

Созишнома бо Федератсияи байналмилалии астронавтика ба имзо расид. Дар маросим президенти Федератсияи байналмилалии астронавтика Габриэлла Арриго, вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, директори Агентии «Ӯзбеккосмос» Шуҳрат Қодиров ва директори Ташкилоти ғайридавлатии «Эътилофи зеҳни сунъӣ» Азиз Муҳиддинов иштирок карданд.
Ин ҳуҷҷат қадами муҳими амалӣ дар омодагӣ ба баргузории «IAC-2028» дар Самарқанд ба ҳисоб меравад. Минбаъд корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд ташкил кардани конгресс, фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ барои меҳмонони хориҷӣ ва таҳияи барномаи чорабинӣ идома хоҳанд ёфт.
Ҳамин тариқ, марҳилаи нави омодагӣ ба як чорабинии бузурги байналмилалӣ оғоз гардид, ки соли 2028 олимон, муҳандисон ва мутахассисони соҳаи кайҳонро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар Самарқанд ба ҳам меорад.

Нигора Раҳмонова,
ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: